Главная Статьи ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
2021-10-01
1556

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст.

Бешубҳа, шахсе, ки дар ғарибӣ умр ба сар мебараду ҳамеша ватани азизашро ёд мекунад ва пайваста барои амонии ватани маҳбубаш ҷаҳду талош ва дуо менамояд, воқеан шахси боимон ва ватандўсту соҳибватан маҳсуб мешавад. Аммо нафаре, ки дар ватани худ иқомат ва кору зиндагӣ намуда, аз обу ҳавои он истифода мебарад, вале заррае муҳаббат ба ватанаш  надорад, ободию пешрафти ватанашро намехоҳад, дар андак мушкилот хиёнат ба ватани худ менамояд, ин нафар натанҳо беватан, балки нафари носипос, сустирода ва заиф шинохта мешавад, зеро ҳадиси «Ҳуббул-ватани минал-имон», яъне дӯст доштани ватан аз гўшаи имондорист, ки бархе аз аҳли илм онро ба Паёмбар (с) нисбат медиҳанд, тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост.

Агар ба саргузашти наҷибонаи Паёмбар (с) назар кунем, мебинем, ки Паёмбар (с) вақте аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд, дар масири роҳ бор-бор ба тарафи зодгоҳаш Макка рӯй гардонида, бо як дилсӯзию муҳаббат ба он нигоҳ мекарданд, ки ин нишонаи дӯстдории Паёмбар (с) нисбат ба ватани азизашон Макка буд. Мисоли дигар ин аст, ки  вақте  Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданд, аз ҷониби Худованд амр шуд, ки ҳамроҳи мусулмонон ба тарафи Байтулмуқаддас рӯй гардонида намоз гузоранд. Назари ҷумҳури муфассирон ин аст, ки Паёмбар (с) ҳамроҳи мусулмонон муддати 16-17 моҳ ба тарафи Байтулмуқаддас рӯй гардонида намоз мегузориданд. Дар ин муддат Паёмбар (с) ҳамеша орзу мекарданд ва ҳатто гоҳ-гоҳе рӯй бар ҷониби осмон оварда, таманно менамуданд, ки Худованд барои намоз гузоридан ба ҷониби Масҷид-ул-ҳаром (ки дар Макка воқеъ аст) рухсат бидиҳад. Ҳамаи ин интизориҳо ва орзую таманнои Паёмбар (с) сабаб гардид ва дар натиҷа Худованд ба Паёмбар (с) ояти 144-и сураи «Бақара»-ро нозил гардонид: «Мо ба таҳқиқ гардидани рўятро дар осмон мебинем, пас туро ба сӯи қиблае бармегардонем, ки (онро) дўст медорӣ…».

Ҷолиб ин ҷост, ки Паёмбар (с) муддати 13 сол дар Макка мардумро ба дини ягонаи Худованд (яъне дини мубини Ислом) даъват намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз ширку бутпарастӣ даст кашида, Худовандеро, ки ягона, бемислу бемонанд ва пок аз айбу нуқсон аст, бипарастанд. Дар ин муддат ба ҷуз иддаи ангуштшумор (ба ривояте 100-110 нафар) дигар сокинони Макка фармонбардорӣ накарданд ва даъвати Паёмбар (с)-ро напазируфтанд, баръакс ба Паёмбар (с) озору азиятҳои зиёди рӯҳию ҷисмонӣ расониданд. Бо вуҷуди ин ҳама озору азиятҳое, ки аз мардуми Макка дид, боз ҳам Паёмбар (с) нисбат ба ватанаш ва бошандагони он носазо нагуфт,  душманӣ накард, қасд нагирифт ва инчунин дуои бад низ накард.

Ватан аз лиҳози шаръӣ 3 қисм аст: Ватани аслӣ, ватани иқоматӣ, ватани сукунати гузаро.

Ватани аслӣ ҷоест, ки одамӣ дар он ҷо ба дунё омада, бо аҳлу аёлаш сукунати доимӣ дорад.

Ватани иқоматӣ иборат аз ҷоест, ки мусофир дар он ҷо нияти понздаҳрӯза иқомат ё бештар аз онро намояд.

Ватани сукунати гузаро ҷоест, ки мусофир қасди иқомати камтар аз понздаҳ рӯзро дар он ҷо дошта бошад.

Акнун ҳар як фард бояд бидонад, дар сарзамине, ки ба дунё омадааст ва дар он ҷо ба таври доимӣ бо аҳлу аёлаш умр ба сар бурда, кору фаъолият менамояд, он ҷо ватани ӯ маҳсуб мешавад ва новобаста аз он ки ў чикора аст, бояд ватанашро дӯст дорад, ҳамеша баҳри пойдории сулҳу субот ва шукуфоии ватанаш ҷаҳду талош намояд ва фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ростқавлию росткирдорӣ ва илмомӯзӣ  тарбият намояд.

Беҳуда нест, ки ниёгони мо хоки ватанро аз тахти Сулаймон ва хори ватанро аз лолаву райҳони дигар ҷо азиз шумурда, барои ин марзу буми аҷдодӣ ҷон фидо намуданд.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Воқеан, як косаи обу як лаби нон дар ватан барои шахси соҳибватан ва ватандӯст аз подшоҳ будан  дар дигар замине, ки дар он ғариб аст, хубтару беҳтар мебошад.

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее