Главная Статьи АХЛОҚИ НЕК АРЗИШИ ВОЛО БАРОИ ИНСОН АСТ

АХЛОҚИ НЕК АРЗИШИ ВОЛО БАРОИ ИНСОН АСТ

АХЛОҚИ НЕК АРЗИШИ ВОЛО БАРОИ ИНСОН АСТ
2022-01-18
1707

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

       Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, дуруду салом бар Паёмбари охирзамон ва ҳамаи хонадону ёрони ў бод.

Хулқ (ҷамъаш-ахлоқ) аслан калимаи арабӣ буда, маънояш одат, табъ, сират ва рафтору кирдор аст. Ахлоқ маҷмӯаи рафтору кирдор ва гуфторҳои инсонӣ аст, ки вобаста ба он ба ин ё он нафаре ҳамчун шахси соҳибтарбияву хушахлоқ ва боадабу некрой ва ё баръакс чун шахси бетарбияву бадахлоқ ва дурушту зиштрафтор баҳо дода мешавад.

Дини мубини Ислом, ки дини ҳақ ва тарбиятдиҳандаи аҳли башар аст, ахлоқи некро қисми талаботи худ қарор дода, онро ҷузъе аз фурўъи дин медонад. Яъне агар маҷмўи эътиқодот усули дин ва пояи онро ташкил кунанд, ахлоқ дар баробари панҷ рукни амалии дин: калимаи шаҳодат, намоз, рўза, ҳаҷ, закот ба фурўъи дин дохил аст ва ба ҳар мӯмин воҷиб аст, ки талаботҳои ахлоқии дини мубини Исломро дар баробари рукнҳои дигар риоя кунад. Ба таври дигар гӯем, василаи динӣ ба ду шоха тақсим мешавад – фиқҳ ва ахлоқ. Агар илми фиқҳ зоҳири амали мӯъминро ба танзим дарорад, пас вазифаи илми ахлоқ танзими амалҳои ботинии шахси мӯъмин мебошад.

Мақсад аз ахлоқ он риштаи усул ва низоме аст, ки амал ба он суботи ҷомеаро ҳамеша барқарор нигоҳ медорад. Масъалаи усули амонатдорӣ асли ахлоқие аст, ки ҳамаи аҳли ҷаҳон ба он иттифоқи назар доранд. Пас, хулқ ва рафтори хуб дар ҳама замону макон хуб аст ва тамоми инсоният яксон ба онҳо доварӣ мекунад ва ҳеҷ навъи тамаддун онро тағйир дода наметавонад, яъне ахлоқ аст, ки инсонро аз мавҷудоти дигар фарқ мекунонад, ҳарчанд афзалиятҳои дигар ҳам барои инсон вуҷуд доранд, мисли тафаккур ва забон, вале дар ҳар сурат ахлоқ шоистатарини фарқи инсон, афзалияти ӯст.

Қуръони маҷид сарчашмаи асосии панду ҳикмат ва ахлоқи беҳтарини инсонист. Худованди азза ва ҷалл паёмбарони худро ҳамеша барои пайравӣ аз ахлоқи қуръонӣ ва покию сидқ ва адлу инсоф даъват мекунад. Аз ҷумла, дар ояти мазкур Худованд мефармояд: «Ба дурустӣ ки мо пайғомбарони худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба адлу инсоф амал кунанд» (сураи Ҳадид, ояти 25).

Ҳамин тавр инсоф аз муҳимтарин меъёри ахлоқӣ аст, ки он муносибати байни одамон, аҳли ҷомеаро дар корҳои диниву дунявӣ ба низоми муайян медарорад ва ҳаёти онҳоро бар пояи устувор қарор медиҳад, ҳақиқат ва дурустии муносибатро ҷорӣ мекунад, онро устувор равшан месозад. Қуръон хислатҳои нек ва рафторҳои шоистаи инсонро равшан баён намудааст.

Худованди таборак ва таъоло Қуръонро чун сарчашмаи бузурги одобу ахлоқ барои мардум фиристод, вале андаке аз мардум аз он панд мегиранд.

«Ва мо дар ин Қуръон ба ҳар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд, вале ононро ҷуз нафрат намеафзояд» (Сураи “Исро”, ояти 41).

Ахлоқу одоби ҳамида дар оёти зиёди Қуръони маҷид васф шудааст ва Худованд мӯъминонро даъват ба иҷрои воҷиботу мустаҳсаноти ахлоқӣ кардааст: «Сифати афв намудан ва сахтгирӣ нанамудан пеша кун ва дигаронро ҳам ба некӯкорӣ бифармой ва аз ҷоҳилон рӯй бигардон» (сураи Аъроф, ояти 199).

Чунонки мушоҳида мешавад, оёти каломи раббонӣ саршор аз панду ҳикмат ва тарғиби ахлоқи ҳамида аст. Хулласи калом, панду насиҳат ҷавҳар ва ҳикмати дини ислом аст. Ин дастури ахлоқии қуръонӣ дар ҳадисҳои Паёмбар (с) низ баёни равшани худро мекунад. Ҳадисҳо тамоми мавзӯъҳои ахлоқиро фаро гирифтаанд, ки аз ҳадиси машҳур «Дин насиҳат аст» сар мезанад. Паёмбар (с) дар тамоми гуфтаҳои худ ахлоқи ҳамида, адлу инсоф, шафқату меҳрубонӣ, баробарию бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳаққи ҳамсояву калонсолон, падару модарро тавсиф кардааст, ки бахши аз онҳоро метавон ба таври зерин ҳамчун даъватҳои Расули акрам (с) хулоса кард: «Эй мардум! Худованд дар партави ислом бартариҳои насабӣ, авлодию қавмӣ, нажодиро аз шумо бардошт. Ҳамагӣ аз Одам ба вуҷуд омадаед ва ӯ низ аз гил офарида шудааст. Беҳтарини мардум касест, ки ба Худованд нофармонӣ намекунад ва худро аз гуноҳҳо дур медорад. Ҳеҷ яке сурх бар сиёҳ бартарӣ надорад, магар ба тақво. Мусулмон бародари мусулмон аст. Хуни ҳар як бо дигарӣ баробар аст. Ман тамоми ифтихороти мавҳуми даврони гузаштаро беасос эълон менамоям».

Паёмбари мо (с) таҷҷассумгари олитарин сифатҳои инсонӣ буд. Дар китобҳои сират роҷеъ ба хулқу рафтори он Ҳазрат (с) чунин омадааст:

«Ҳазрати Паёмбар (с) ҷуз бо ёди Худо наменишаст ва ё барнамехост. Дар маҷолис ҷоеро барои нишастани худ ихтисос намедод ва чун ба гурӯҳе мерасид, дар ҷойе, ки холӣ буд, менишаст ва дигаронро низ ба ин кор амр мефармуд. Ба тамоми ҳамсӯҳбатони хеш ба саҳми баробар таваҷҷӯҳ мефармуд, то ҳамнишини вай напиндорад, ки дигаре аз ӯ барои он ҳазрат гиромитар аст.

Агар Паёмбари акрамро (с) касе барои арзи ҳоҷате менишонд ва ё аз он ҳазрат мехост, ки биистад, ҳазрат он қадар ба ҳамон ҳолат сабр мекард, то шахси ҳоҷатманд худ бозгардад...

Маҷлиси Паёмбар (с) маҷлиси бародарӣ ва ҳаё, шикебоӣ ва амонатдорӣ буд, ки садоҳое дар он баланд намешуд, муҳаррамоти Илоҳӣ зери по намешуд ва аз лағзишҳои маъмулӣ дар он маҷлис хабаре набуд (касеро таъна зада ва тамасхур ва айбҷӯӣ намекарданд), балки бо тақво ба якдигар меҳр меварзиданд. Ба бузургсол эҳтиром ва ба хурдсол муҳаббат менамуданд, ниёзмандро мадад расонида ва бо ғариб унс мегирифтанд».

Хулқи азим, азамату бурдборӣ ва беҳтарин сифатҳои инсонӣ ва суханҳои ҳаққу нишонрас ва пурҳикмати он Ҳазрат (с) буд, ки ӯро маҳбуби қалбу дидаи инсонҳо намуд.

Вазифаи имрўзаи аҳли ҷомеа мукаммал намудани заминаҳои ахлоқии он дар партави арзишҳои гаронбаҳои гузаштагони мо мебошад. Эҳтирому такрим, меҳрубонию шафқат, адои амонат, адлу инсоф, тақвову парҳезгорӣ, хоксорию фурўтанӣ, ҳилму бурдборӣ, шарму ҳаё, шуҷоату далерӣ, ростгўию росткорӣ, қаноату бениёзӣ, мудорову хушсуханӣ, ҳамаи инҳо аз ҷумлаи намунаҳои ахлоқи нек мебошанд, ки мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш онро ҷорӣ намуда, фарзандону наберагон ва тамоми ворисони худро биёмӯзонем ва тарбия намоем, то чун инсонҳои хушахлоқу покзамир ва мутамаддин ба воя расида, сабаби сарбаландии мо дар ҳар ду ҷаҳон бошанд.

Время намаза в Душанбе

31.12.2024

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:18
Магриб17:16
Иша18:46
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее