Главная Статьи ХИСЛАТҲОИ ИМОНӢ

ХИСЛАТҲОИ ИМОНӢ

ХИСЛАТҲОИ ИМОНӢ
2022-02-15
1277

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Худованди соҳиби фазлу эҳсонро, ки ҳар киро хост, ба ҳидояташ сўи имон миннат ниҳод. Дуруду саломи бепоёни  Худованд бар Муҳаммаду ҳамаи хонадону саҳобагонаш.

      Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «ҳар ки ба Худо ва рўзи охират имон  дорад, пас бояд танҳо сухани нек бигўяд, ё хомўш истад. Ва ҳар кӣ ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд меҳмоннавоз бошад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). 

        Ин ду чизе, ки дар ин ҳадис омадааст, хислатҳои имонӣ буда, маънояш ин аст, ки ин хислатҳоро ҳар як бандаи муъмин бояд дошта бошанд. 

ХИСЛАТИ АВВАЛ

       Сухани накў гуфтан ва аз бадгўӣ худдорӣ намудан. Сухани накў, зикри Худованд, тиловати қуръон, такбир, тасбеҳ, амри маъруф, наҳйи мункар, насиҳати мусалмонон, таълим додан, байни ду шахс ислоҳ андохтан ва бо мардум нармгуфторӣ намудан аст. ҳамчунон ки Худованд мефармояд: 

       «Ва ҳангоме, ки мо аз Бани Исроил аҳд гирифтем, ки ҷуз Худованд касеро напарастед ва бо волидайн накўкор бошед, ҳамчунин бо хешон, ятимон, бечорагон ва бо мардум хуб сухан гўед ва намозро барпо намуда, закотро адо кунед. Пас шумо рўй гардонидед, магар каме аз шумоён дар ҳоле, ки эъроз менамудед» (Сураи «Бақара», ояти 83).

         Худованд мефармояд: «Ва бо мардум хуб сухан гўед». Яъне бо онҳо суханони хуб гўед ва забони худро дар бораи дигарон бибандед ва ба онҳо каломи бад нагўед ва аз ин сахттар калимоти ширку куфрро ба забон наронед, дашному ҳақорат надиҳед, дурўѓу туҳмат, шаҳодати бардурўѓ, ѓайбату суханчинӣ, ҳамчунин аз ҳама намуд суханони бемаънӣ ва бефоида худдорӣ кунед.

         Дар Саҳеҳайн аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Инсон гоҳҳо калимаҳоеро ба забон меронад, ки худ парвое надорад, вале ба сабаби он ба андозаи рафтан аз Машриқ то Маѓриб дар оташ мемонанд».

         Инчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Инсон гоҳҳо суханонеро ба забон меронад, ки ба гумонаш ночиз аст, вале ба сабаби он ҳафтод сол дар оташ месўзад». Бояд дониста бошем, ки тамоми суханони мо навишта мешаванд Худованд мефармояд: 

        «ҳеҷ суханеро талаффуз намекунад, магар ин ки малоикае барои сабт ҳозир аст» (Сураи «қоф», ояти 18).

        Яъне ду малоика ба ҳар инсон вобаста шудааст ва онҳо тамоми аъмоли ўро менависанд. Яке ба тарафи рости ў истода, амалҳои хуби ўро менависад, дигаре ба тарафи чапи ў амалҳои бадашро сабт мекунанд. Барои ҳамин, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «ҳар ки ба Худо ва рўзи охират бовар дорад, бояд хуб бигўяд ва ё хомўш истад» (Муттафақ). Дар ин ҳадис моро амр намудааст, ки ё сухани накў бигўем ва ё беҳтараш хомўш нишинем. Бисёр суханест, ки соҳибашро дохили дўзах мекунад ва бисёр суханест, ки боиси марги соҳибаш гаштааст, бисёр суханест, ки байни дўст ҷудоӣ андохтааст ва бисёр суханест, ки фитнаро барошуфтааст ва кинаю душманиро ба бор овардааст.

                                                 ХИСЛАТИ ДУЮМ

         Навозиши ҳамсоя, некӣ кардан ба ў ва зарар нарасонидан ба ўст, ки Худованди мутаол дар оятҳои зиёди каломаш ба ин кор амр намудааст. ҳамсоя касеро мегўянд, ки хонааш дар назди хонаи туст, баробар аст, ки бо хонаат пайваст бошад, ё каме дуртар. Аҳли салаф гуфтанд, ҳамсоя аз ҳар тарафи хонаат то чил хонаро мегўянд. Навозиши ҳамсоя бо роҳи некӣ кардан, ёрӣ додан, тўҳфа кардан, нарм сухан гуфтан, насиҳат намудан сурат мегирад.

         Дар осор омадааст, ки оё медонӣ ҳаққи ҳамсоя чист? ҳаққи ҳамсоя агар аз ту кумак пурсад, кўмакаш намоӣ, агар аз ту қарз пурсад, қарзаш диҳӣ, агар муҳтоҷ шуд, ўро дастгирӣ намоӣ, агар бемор шуд, ба аёдаташ равӣ, агар хушбахтие насибаш гашт, ўро табрик кунӣ, агар мусибате ба сараш омад, таъзия баён намоӣ, агар аз дунё гузашт, дар ҷанозааш ширкат кунӣ, то гўристон аз дунболи ҷанозааш равӣ ва хонаи худро баланд накун, то шамолро аз ў манъ накунӣ, магар бо иҷозати ў.

           Аммо зарар расондан ба ҳамсоягон ҳаром аст, зеро зарар расондан ба ҳар шахс ҳаром аст, вале аз сабаби он ки ҳаққи ҳамсоя хеле бузург аст, зарар расондан ба ў ҳурмати бештар дорад. Дар Саҳеҳайн аз Ибни Масъуд ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро пурсиданд, ки кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуданд: «Ба Худованде, ки туро офаридааст, шарик овардан». Гуфтанд: Баъди ин боз кадом гуноҳ вазнинтар аст? Фармуданд: «Аз хавфи он ки ризқи туро мехўрад, фарзанди худро куштан»Гуфтанд: Баъди ин боз кадом гуноҳ вазнинтар аст? Фармуданд: «Бо зани ҳалоли ҳамсоя зино кардан».

          Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Шурайҳ ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «қасам ба Худованд, имон надорад, қасам ба Худованд, имон надорад». Гуфтанд Эй Расули Худо он кист? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Он касе, ки ҳамсояаш аз зарари ў эмин нест».

          Дар Саҳеҳи Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Дохили ҷаннат намешавад он касе, ки ҳамсояаш аз зарари ў дар амон нест». Зарар расонидан бо роҳҳои гуногун мешавад, ба монанди аз болои девор ва бом ба хонаи ҳамсоя назар кардан, аз сўрохии дар ё девор назар кардан, бо истифода аз дурбинҳо ба занону духтарони ҳамсоя нигаристан ва ба суханон ва розҳои онҳо гўш додан. Аз ҷумлаи зарар расонидан ба ҳамсоягон ноором кардани онҳост, тавассути баланд кардани садоҳое, ки хобу оромии онҳоро аз байн мебарад. Аз ҷумлаи зарар расонидан ба ҳамсоягон андохтани ахлотҳост дар роҳи онҳо ва ё дар наздикии хонаҳои онҳо ва ҷорӣ намудани обҳои истеъмолшуда, ба хонаи онҳо, ё ба роҳҳо, ки мўҷиби азияти онҳо гардад, чӣ аз лиҳози бўи бадаш ва чӣ аз лиҳози манзараи нохушаш.

Худованд ба ҳамагон баракат диҳад ва ба анҷоми ин хислатҳои имонӣ муваффақ гардонад.

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее