Главная Статьи ЗАБОНИ МИЛЛАТ ПОЯИ МИЛЛАТ АСТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ ПОЯИ МИЛЛАТ АСТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ ПОЯИ МИЛЛАТ АСТ
2022-10-05
1959

Ҳамасола рӯзи 5­уми октябр ҳамчун рӯзи забони давлатї таҷлил мегардад. Забони модарӣ муҳимтарин нишонаи мавҷудияти ҳар миллат мебошад. Хусусан забони модарии мо, ки ҳазорсолаҳо пеш бо ин забон аввалин бор шеъри ноб гуфта шуда ва шоирони оламшумулеро монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Бедил, Ҷомӣ ба ҷаҳони илму адаб муаррифӣ намудааст. Ҳарчанд ҷаҳон дар илму адаб пешрафт мекунанд, ҳамон миқдор мафтуни адибони гузаштаи мо мешаванд.

Яке аз олимони барҷастаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аст, ки поягузори илми тиб дар тамоми ҷаҳон аст. Китобҳои таълифнамудаи ӯ дар ҷаҳони муосир низ дастурамали рӯимизии табибони ҷаҳон аст. Дигар аз фарзандони фарзонаи ин миллат Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ аст, ки яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашинос ва фахри тоҷикони ҷаҳон аст. Дигар аз олимоне, ки номи ин забонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сурайё бурданд, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исо Ал­Хоразмӣ аст, ки олими риёзидон, табиатшинос ва муаррихи бузург аст.

Инҳо хӯшае аз гӯшаи хирмани бузургмардони мост, ки номи ин забону ин миллатро ба ҷаҳону ҷаҳониён ошно гардониданд. Ҳар касе, ки таърихи забони тоҷикӣ ва родмардони онро медонад, бояд бо забони худ ва бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад. Мутаассифона имрӯз ба назар мерасад, ки баъзе афроди нохудогоҳ аз сухан гуфтан бо забони модарии худ дурӣ меҷӯянд. Инҳо ҳамон бехабароне ҳастанд, ки на аз таърих ва на аз адабиёти гузаштаву муосир хабаре доранд, вагарна агар медонистанд, ки он забонҳое, ки онҳо барои муошират интихоб кардаанд, пешгузаштагони онҳо сари таъзим ба олимони номвари мо фуруд овардаанд, ҳаргиз аз забони модарии худ ор намекарданд. Агарчанде сафи ин афрод кам аст. Метавон дар ҳаққи онҳо бо ду мисраи шоири шаҳир Лоиқи зиндаёд ҷавоб гуфт:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К­ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сардори Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее