Главная Статьи Ахлоқи ҳамидаи Паёмбари Ислом (с)

Ахлоқи ҳамидаи Паёмбари Ислом (с)

Ахлоқи ҳамидаи Паёмбари Ислом (с)
2022-10-07
1049

 Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с) мояи ифтихори башарият аст. Чаҳордаҳ қарн инҷониб бузургтарин олимон ва файласуфони ҷаҳон, номдортарин мутафаккирон ва донишмандон, ки ситорагони осмони илманд, ҳамвора аз пайи ў мераванд ва бо камоли фурўтанӣ ба ў мегўянд: «Ту инсоне ҳастӣ, ки мо аз пайравиямон бо ту ифтихор дорем». Чунки Расули Худо (с) дорои хулқу хӯи зебо ва муомилаву муоширати некӯ буданд; бо ҳар касе рӯбарӯ мешуданд, салом мекарданд, хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон. Хушсухану хушчеҳра буданд ва бе он ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бе он ки чеҳраашонро қаҳролуд ва хашмгин кунанд андӯҳгин ба назар мерасиданд. Бидуни ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд. Дилнозук ва ба ҳамаи мусалмонон меҳрубон буданд. Чизе аз он ҳазрат дархост нашуд, ки ҷавоби рад диҳанд, ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накарданд; агар барои ҳазрат мумкин буд ҳоҷати ўро бароварда мекарданд вагарна бо забони нарму ширине ўро розӣ менамуданд.

Расули Худо (с) агар се рўз яке аз асҳоби худро намедиданд аз ҳоли вай ҷўё мешуданд; агар дар сафар буд дар ҳаққаш дуо мекарданд ва агар дар хона буд ба дидораш мерафтанд ва агар мариз буд ба аёдаташ мешитофтанд. Агар марде ворид мешуду дар хидмати он ҷаноб менишаст, ҳаргиз Ҳазрат он маҷлисро тарк намекарданд то вақте ки худи он шахс бармехост ва маҷлисро тарк мекард.

Ҳаргиз дида нашуд, ки Расули Худо (с) бо касе мусофаҳа (дастфишорӣ кардан ҳангоми салому алейк) кунанд ва он ҳазрат зудтар аз дигарӣ дасташонро аз дасти вай бикашанд то вақте ки он шахс дасти ҳазратро раҳо созад.

Ҳаргиз дида нашуд, ки бо касе дар ҳоҷате ҳамкорӣ кунанд, вале зудтар аз вай даст аз кор бардоранд. Вақте бо касе ҳамсўҳбат мешуданд дида нашуд, ки пештар аз ў хомўш бимонанд. Ҳаргиз дида нашуд, ки пеши касе пои худро дароз кунанд.

Расули Худо (с) рўзҳои панҷшанбе ба сафар мебаромаданд, саъй доштанд ба ҳамсафарони худ кўмак кунанд ва дар ин бора мефармуданд: «Бузурги ҳар қавм касе аст, ки дар ҳангоми сафар ба ҳамроҳони худ кўмак кунад». Он ҳазрат шахсан ўҳдадори ҷамъоварии ҳезум мешуданд.

Ҳар вақт дар ҳангоми намоз агар касе ба хидматашон меомад ва дар канорашон менишаст, он ҳазрат ба хотири ў намозро зудтар тамом мекарданд ва рў ба ў намуда мефармуданд: «Оё ҳоҷате ё мушкиле дорӣ?» - пас аз он ки ҳоҷати ўро бароварда мекарданд, дубора ба намоз меистоданд.

Агар касе ба ҳузурашон мерасид ўро иззату икром мекарданд ва барои ў зерандоз паҳн мекарданд ва ё ўро бар ҷои худ менишонданд. Нигоҳашон ба дигарон кўтоҳ буд ва ба чеҳраи ҳеҷ кас нигоҳи тунд намеандохтанд.

Зиндагонӣ ва ахлоқи Паёмбари гиромӣ (с) барои ҳар кас намунаи ибрат аст. Аз ин рў, моро лозим аст, ки фармудаҳои Паёмбар (с)-ро сармашқи зиндагӣ қарор дода, дар обод кардани дину ватани азиз саҳмгузор бошем.

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее