Главная Статьи МУОШИРАТ ВА АХЛОҚИ НАКЎ

МУОШИРАТ ВА АХЛОҚИ НАКЎ

МУОШИРАТ ВА АХЛОҚИ НАКЎ
2022-10-27
1149

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Яке аз сифатҳои беҳтарини инсон одоби муошират ва хулқи наку ба шумор меравад. Сифати мазкур боиси таҳкими робитаҳои неки байни одамон ва дӯстиву бародарӣ мегардад. Дар зиндагӣ инсон бо хулқу гуфтори нарму шево метавонад маҳбуби атрофиён шавад ва маҳз ҳамин хислати ҳамида сабаби иртиботу рафоқати ҳамешагии байни инсонҳо мегардад. Кирдори нек доштан, яке аз нишонаҳои муваффақият ва пирӯзӣ дар тамоми мароҳили зиндагии инсон аст ва сабаби эҷоди самимияту мустаҳкам сохтани дӯстиву садоқатмандӣ гашта метавонад. Худованд дар Қуръони маҷид бандагонашро ба одоби муошират ва ахлоқи нек амр карда, ҳама гуна бадрафториро мазаммат менамояд:

“Эй муъминон, аз Худо битарсед ва сухани устувор бигӯед”,(сураи “Аҳзоб”,ояти 70). Яъне ҳангоми муошират ростгӯ ва устувор бошед. Инчунин дар ҷойи дигар низ чунин фармудааст:

          “Ва рухсораи худро аз мардум матоб ва дар замин хиромон роҳ маравба дурустӣ ки Худо ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорадВа дар рафтори худ ростравӣ кун ва овози худро фуруд орБа ростӣ ки бадтарини овозҳо овози харон бошад”(сураи “Луқмон”, ояти 18-19). Ба монанди ин дар ҷойи дигар Худованди мутаол чунин мефармояд:

          “Ва дар замин хиромон марав! Ба дурустӣ ки ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар баландӣ (-и қоматба кӯҳҳо нарасӣБадфеълии ҳамаи ин хислатҳо назди Парвардигори ту нописандида аст”(сураи “Исро”,ояти 37-38).

          Дар оятҳои болозикр Худованди карим бадфеълӣ, хунукназарӣ, дағалӣ ва бо садои баланди дилхарош сухан гуфтанро нописанд фармуда, онро ба овози харон ташбеҳ додаву чунин рафтори зиштро наҳӣ кардааст.

           Рафтори нек ва гуфтори нарму ҷолиб мақому манзалати инсонро баланд бардошта, ӯро маҳбуби ҳамагон мегардонад. Моро зарур аст, ки ҳангоми суҳбат намудан ҳарфҳои малеҳ ва зеботаринро ба забон оварда, бо ҳам муошират намоем. Муаллими ахлоқ-Саъдии бузургвор низ дар ин масъала хеле бамаврид менависад:

Нахуст андеша кун, он гоҳ гуфтор,

Ки номуҳкам бувад бе асл девор.

           Дар фарҳангу маданияти тоҷикӣ низ ҳусни муошират ва ахлоқӣ наку ҳамеша мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Гузаштагони мо ҳангоми муошират суханҳои пурҳикмат ва фарогири эҳтиромро ба забон меоварданд ва сарфи назар аз доираи синну сол якдигарро “шумо” гуфта хитоб менамуданд. Инсон сараввал бояд бо аҳли оилаи худ муоширати хуб дошта бошад, чунки дар ҳар хонае, ки одобу эҳтироми суханронӣ ва муносибат ба ҷо оварда мешавад, аҳли он дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ намунаи ибрат барои дигарон хоҳад буд. Имом Аҳмад ва Байҳақӣ ҳадисеро аз Паёмбари Худо (с) ривоят кардаанд, ки фармудаанд: “Сабаби ободшавии шаҳрҳо ва зиёда шудани бинову иморатҳо, ин силаи раҳм, ҳусни хулқ ва муомилаи хуби ҳамсоядорӣ мебошад” (“Муснад”-и Имом Аҳмад ва “Сунан”-и Байҳақӣ). Гузашта аз ин, аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Беҳтарини шумо касест, ки бо аҳли оилааш муоширати хуб дошта бошад ва ман беҳтарини шумо ҳастам нисбат ба муошират бо аҳли оила......”(“Сунан”-и Тирмизӣ, ҳадиси, 3830).

Шайх Саъдӣ доир ба одоби муошират мисраҳоеро ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштааст, ки метавонад барои хонандагон роҳнамо ва намунаи ибрат бошад:

Сухандони парварда пири сухан,

Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.

Мазан то тавонӣ ба гуфтор дам,

Накӯ гӯй, агар дер гӯйӣ чӣ ғам.

Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас,

Ва з-он пеш бас кун, ки гӯянд бас.

Ба нутқ одамӣ беҳтар аст, аз давоб,

Давоб аз ту беҳ гар нагӯйи савоб.

 Устоди калом Саъдии Шерозӣ сухангӯйии беисту беандешаро мазаммат карда, фармудааст, ки агар суханонат аз ҳикмати некӣ кардан холӣ, носанҷида ва дар тарозуи хирад барнокашида бошанд ва агар ноандешидаву вақту новақту бесавоб ҳарфи беш ба забон меоварӣ, пас чорпоён аз ту беҳтаранд.

Масъалаи дигаре, ки ҳусни ахлоқи инсонро коста мегардонад, ин дурӯғгӯйӣ мебошад. Бо дурӯғгӯйӣ шахс мақому дараҷаи инсонияташро аз даст дода, обрӯ ва қадру қимати хешро миёни аҳли ҷомеа гум мекунад.

Яке аз унсурҳои асосии одоби муошират он аст, ки инсон набояд дар муқобили бадӣ бо бадӣ ҷавоб бидиҳад, хубтар он аст, ки некӣ намояд ва ё ин ки яке аз беҳтарини хислатҳо-сабрро пеша кунад, то ки аз зумраи накукорон бошад. Яке аз адибони асрҳои 5-6-и ҳиҷрӣ бо номи Аҳмад ибни Зайди Тӯсӣ ҳикояеро дарҷ намудааст, ки хеле пандомез аст: “Шайх Аҳмади Сиёҳро марде дашном доду мушташ бизаду бирафт. Дигар рӯз Аҳмади Сиёҳ табақи ҳалворо ба хонаи ӯ фиристод. Мард пурсид, ки инро кӣ фиристод? Гуфтанд: Ин мукофоти он аст, ки ту Аҳмади Сиёҳро дирӯз мушт задӣ ва дашном додӣ. Он мард дар ҳолати пушаймонӣ ба дарвозаи Шайх омад ва гирён шуду гуфт: Маро дар муқобили зиён эҳсон кардӣ? Шайх гуфт: Чун ту маро мушт задӣ ва дашном додӣ, тоати худро бар табақе ниҳодӣ ва ба мо фиристодӣ. Ман дар муқобили он ҳалвое дар табақ ниҳодам ва ба ту фиристодам. Нигар, то ту ба ман суд кардӣ, ё ман ба ту суд кардам?”.

Зимнан, инҷо зикри қиссаи Яъқуб (а) бамаврид аст, ки дар муқобили бадии фарзандонаш, ки пероҳани Юсуф (с)-ро бо хуни дурӯғине (оғушта намуда назди падар оварданд, гуфт: «Ҳавасҳои нафсонии шумо ин корро бароятон оростаастМан сабри ҷамил (ва шакебоии холӣ аз носипосӣхоҳам доштВа дар баробари он чӣ мегўедаз Худованд ёрӣ металабам» (сураи “Юсуф”, ояти 18 ва 83).

Он кист ка-з рӯйи карам бо мо вафодорӣ кунад,

Бар ҷойи бадкорӣ чу ман як дам накукорӣ кунад.

                                                                                                 Ҳофиз

 

Шайх Саъдӣ мефармояд:

Худой Юсуфи Сиддиқро азиз накард,

Ба хубрӯйиву лекин ба хубкирдорӣ.

Шукуҳу лашкару ҷоҳу ҷамолу молат ҳаст,

Вале ба кор наёяд, ба ҷуз накукорӣ.

Ба ақидаи Саъдӣ кирдори наку аз зебогию дороиву ҷоҳу ҷалол болотар аст. Аммо имрӯзҳо хеле асафбор аст, ки дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ шоҳиди дағалгуфторӣ, дашномҳои қабеҳ ва рафторҳои номуносиби бархе аз наврасону ҷавонон мегардем. Ин раванд метавонад паёмадҳои ҷидди ахлоқиро дар ҷомеа ба бор орад. Аз ин лиҳоз, ҳар вақт чун аз ҷониби афроде суханони дилхарошу номуносиб мешунавем, набояд ки дар муқобили чунин ашхос хунукназариву бетафовутиро пеша кунем, балки то ҳадди имкон онҳоро бо насиҳате аз чунин хулқи номуносиб ҳушдор диҳем. Ончуноне, ки Худованди карим дар Қуръони маҷид фармудааст:

“Ва ба шевае, ки он нек аст, бадиро дафъ кун! Мо ба он чи баён мекунанд, Донотарем” (сураи “Муъминун”, ояти 96).

Масъалаи муоширати боодобона ва ахлоқи наку бо мақсади устувор гардонидани робита миёни инсонҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи фарҳанги миллии мо қарор доштааст ва мо бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ аз ҳар вақти дигар бештар ба ҳамин фарҳанги асили худ чанг занему ба ин восита пеши роҳи ҳар гуна кирдору рафтори барои мову фарҳанги мо бегонаро бигирем.

Маҳмадулло Қаландаров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ҷамоати Бӯстонқалъаи нКӯшониён

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее