Главная Статьи ТОҶИК АЗ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ХУД БОЯД ИФТИХОР КУНАД

ТОҶИК АЗ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ХУД БОЯД ИФТИХОР КУНАД

ТОҶИК АЗ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ХУД  БОЯД ИФТИХОР КУНАД
2022-11-24
788

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Худованд (а)-ро шукр мегӯем, ки ҳар яке аз моро фарди кишваре қарор додааст, ки саршор аз неъматҳои моддию маънавӣ буда, табиати зебо, фазои ором ва мардуми нексиришт дорад. Пас дӯст доштани Тоҷикистон ва садоқат ба он доштан гӯшаи имондории ҳар як тоҷикистониро ифода мекунад. Чунонки сухани маъруф аст, ки “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”.

          Дар воқеъ, ҳар касе ки соҳиби имони комил ва ақли расо бошад, меҳани худро аз ҳама чиз, ҳатто аз падару модар ва зану фарзанди худ бештар дӯст медорад ва меҳри онро дар сина то мурдан мепарваронад.

          Ватандорӣ аз қадимулаём нишонаҳои хосси худро дошт, ки яке аз онҳо парчам буд, ки дар замони муосир ин рисолати азалиро дар саҳнаҳои гуногуни ҳаёт бештар ҷилвадор намудааст. Ба унвони мисол вақте як варзишгари  тоҷикистонӣ дар ин ё он мусобиқаи байналмиллалӣ ғолиб мегардад ва ҳангоми ҷоиза додан парчами миллии Тоҷикистон барафрохта мешавад, қалби ҳар як шахси ватандӯстро ҳисси фараҳу шодӣ фаро мегирад.

         Парчам доштани ҳар як давлату миллатро амри муҳим арзёбӣ кардан зарурӣ аст. Зеро дар парчами дилхоҳ давлату миллат мақсаду маром ва орзую ормонҳои он давлату миллат матраҳ гардидааст. Ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар парчами давлатии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос худро ёфтаанд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон халқи тоҷикро ба ҳаёти осоишта ва саъю талош баҳри зиндагии шоиста ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

           Бояд ёдовар шуд, ки 24-ноябри соли 1992 як гурўҳи корӣ оид ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Точикистон, ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, ки дар шаҳри Хучанд баргузор гардид, парчами нави давлатдории тоҷиконро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷикдар он таҷассум ёфтааст, аз тарафи вакилони халқ ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон қабул гардид ва то ба имрӯз ҳамчун рамзи ҳастии давлатдории тоҷикон дар ҳар ҷо парфишонӣ мекунад.  Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба ин рамзи давлатдории худ эҳтиром ва арҷ гузорем ва зери сояи таърифгараш осуда зиндагӣ намуда, ормонҳои ҳазорсолаи миллати худро барорем.  

                                                                         Сатторов Беҳрӯз

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее