Главная Статьи ХИДМАТҲОИ АРЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШБУРДИ АРЗИШҲОИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ХИДМАТҲОИ АРЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШБУРДИ АРЗИШҲОИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ХИДМАТҲОИ АРЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШБУРДИ АРЗИШҲОИ  ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
2022-12-05
900

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандро ва дуруди бепоён ба ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

        Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол баҳри пешбурди низоми идоракунии давлатӣ, пойдории он ва пайвастан ба ҷаҳони муосир, инчунин фароҳам овардани шароити зиндагии хуб барои мардум, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

         Дар баробари рушди иқтисодиёти кишвар, Пешвои миллат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданд. Инчунин муносибатҳои дипломатиро ба мамлакатҳои мусулмонӣ ривоҷ дода, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми дини мубини Исломро ҳимоя намуданд. Корнамоиву хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият дар соҳаи дин хеле бузурганд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 69–тои онро иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ташкил медиҳад, ҳол он ки дар замони 72 соли ҳокимияти шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард. Қобили тазаккур аст, ки тибқи як қатор пажўҳишҳо, Тоҷикистон дар қатори он кишварҳое маҳсуб дониста мешавад, ки бо вуҷуди аз дини Ислом пайравӣ намудани аксари аҳолиаш, нисбат ба ақаллиятҳои дигар дину мазҳабҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар Донишкадаи исломӣ арзи вуҷуд намуд, ки айни замон дар Донишкадаи мазкур зиёда аз 1800 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

          Дар даврони пеш аз истиқлолият ҳамагӣ ҳудуди 30 нафар сазовори зиёрати хонаи Худо гардида буданд, ҳоло бошад бештар аз 260 ҳазор шаҳрвандон тариқи расмӣ хонаи Худоро зиёрат кардаанд.

         Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000-ум ин ҷониб дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 адад китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла: тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар 2 ҷилд), «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ (дар се ҷилд), «Кимиёи саодат» (дар ду ҷилд) ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ғазолӣ, «Маснавии маънавӣ», «Шамоили набавӣ» ва ғайраҳо, тарҷума ва нашр карда шуданд. Дар ин росто, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани ҳар як хонадон бо як китоби Қурони карим бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, қобили тазаккур мебошад.

         Иқдоми муҳимми дигар, аз ҷумла, эълон гардидани соли бузургдошти Пешвои мазҳаби мардуми тоҷик Имоми Аъзам (р), ба забони муосири тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони карим, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва монанди инҳо, далели равшани  таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошад. 

Бузургтарин неъмати Худованд бар бандагонаш насиб гардонидани амният ва тинҷию оромӣ мебошад. Сабаби заҳмат ва саъйу кўшишу ғамхории Пешвои миллат буд, ки Худованд ҳамаи сарсониву саргардонӣ, нооромию нотинҷиро аз болои мардуми тоҷик бардошта, сулҳу субот ва рушду тараққиро дар ҳама самтҳои муҳимми ҳаёти мардум иноят фармуд. Паёмбари ислом (с) дар васфи чунин нафароне, ки ба мардум некӣ меоранд, дар ободу зебо гардонидани ватани худ саҳмгузор ҳастанд ва дилҳои бечорагон ва бепарасторону ниёзмандонро шод мегардонад, фармудаанд: «Ҳар касе ҳолати як фард аз уммати маро бароварад ва қасди ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст ва хар кас маро шод кунад Худованди мутаъолро шод кардааст ва ҳар кас Худовандро шод кунад, Аллоҳ таъоло ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Мавриди зикр аст, ки бинобар хизматҳои шоён дар роҳи дини Ислому мазҳаби ҳанафӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маркази салтанатии тадқиқоти стратегии исломӣ (The Royal Islamic Strategic Studies Centre) борҳо ба феҳристи «500 мусулмони соҳибнуфузи олам» шомил гардиданд.

Обрўю эътибори Сарвари кишвари мо дар доираи мамолики исломӣ замоне нуфузи бештаре пайдо кард, ки дар чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ў аз дини мубини Ислом дифоъ намуд ва аз сарони давлатҳои дигари ҷаҳон тақозо намуд, ки ҳамагуна ваҳшонияту терроризмро ба Ислом нисбат надиҳанд, чунки дини мубини Ислом ба зоти худ дини инсонпавар буда, ҳамагуна зўровариро маҳкум менамояд. Ба андешаи Пешвои миллат, терроризм ва терористон аслан дину миллат надоранд, онҳо ба муқобили дину миллати худ мубориза мебаранд ва барои манфиату ѓаразҳои худ ба ягон арзиш эҳтиром намегузоранд. Бо чунин суханони воқеъбинонаву одилона нисбат ба ислом Сарвари кишвари мо ҳам обрўи худ ва ҳам эътибори миллатро дар ҷаҳон боло бурд.

Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем, ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем ва шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин Пешвои дилсўз ва ватани азизу маҳбуб ва ободу зебо ато намудааст.

Дар ҳақиқат ба миллате, ки Худованд назари раҳмат кунад, сарвари хайрхоҳу меҳрубонро барояшон насиб мегардонад. Чунончӣ дар ин маврид Шайх Саъдии Шерозӣ мегўяд:

Агар қавмеро писандад Худой,

Диҳад хусрави адлу некрой.

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее