Главная Статьи ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ САРИВАҚТӢ БУД

ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ САРИВАҚТӢ БУД

ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ САРИВАҚТӢ БУД
2022-12-31
882

Дар ҳақиқат то қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани маросими мардумӣ хеле нигаронкунанда ба чашм мерасид. Худнамоӣ дар миёни мардум реша давонда, маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ моҳияти асосии худро аз даст дода буданд. Ба ҷои он ки гузарондани маъракаҳо суде ба мардум бахшад, баръакс ба манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо зарар ворид мешуд. Чи тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеъа оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросими миллӣ, таъкид намуда буданд: “...зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад...”

Баъзе оилаҳо худро зери бори хароҷоти беҳуда қарор дода, аз тарбияи фарзандон, ки омили субот ва рушди миллату давлат дар оянда маҳсуб мешаванд, фарсахҳо дур монданд. Исрофкориҳое, ки дар маъракаҳо, аз тақлидкорӣ сарчашма мегирифтанд, ба афзоиши камбизоатӣ мусоидат намуд. Бинобар ин Пешвои миллат барои пешгирӣ намудани ин падидаҳо, ки характери хурофавӣ доштанд, андешаҳои зиёиён, рӯҳониён ва мардумро гирифта, барои ҳал намудани ин мушкилоти умумӣ роҳи халосӣ омода намуданд.

Дар охир 8 июни соли 2007 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

          Аз қабули қонуни мазкур 15 сол сипарӣ шуд ва он дар ин муддат ҷиҳати ба низом даровардани маъракаву маросим таъсири амиқи худро гузошта, меъёрҳои ҳар як расму оинро муайян кард. Дар ниҳояти кор ду маҷмӯаи бузурги чорабиниҳо – маъракаҳои хурсандӣ ва маъракаҳои азодорӣ ҷойгоҳи устувори худро пайдо карданд ва сокинони кишвар оҳиста-оҳиста ба чунин тарзи гузарондани чорабиниҳо одат намуданд.

          Рақамҳои оморӣ ва таҳлилҳои ниҳодҳои масъул гувоҳӣ медиҳанд, ки дар заминаи татбиқи қонуни мазкур дар ҳаёти иҷтимоӣ зиндагии шаҳрвандон беҳтар шудааст.

           Ба унвони мисол, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 1419790 тўйи домодию арӯсӣ, 319610 хатнасӯр, 212082 маросими чил ва 165809 маросими сол, дар маҷмўъ 2014830 чунин маъракаҳо баргузор гардида, аз тарафи кормандони бахши ин соҳа қайд шудаанд. Барои ин маъракаҳо 185270 чорвои калон ва 1025038 чорвои хурд забҳ шудааст, ки маблағи умумии дар ҳамаи ин маъракаҳо харҷшуда 6908519780 сомониро ташкил медиҳад. То қабули Қонуни танзим ягон тӯйи арӯсию домодӣ ва ягон маъракаи чилу сол ва аксари хатнасӯрҳо бе забҳи чорвои калон намегузашт, аммо баъд аз қабули қонуни мазкур ва татбиқи он дар зарфи 15 сол, дар 2014830 маърака ҳамагӣ 185270 чорвои калон ва 1025038 чорвои хурд забҳ шудааст, ки аз пешгирӣ кардани забҳи беҳудаи тақрибан 445270 сар чорвои калон дарак медиҳад.

         Бинобар ин, имрӯз чандон зарурате барои ворид кардани гӯшт ба бозори дохилии кишвар намондааст.

          Аз ин гузашта, мардум маблағҳои пасандозшударо барои бартараф намудани мушкилиҳои зиндагӣ ва дигар ниёзҳои шахсӣ харҷ карда истодаанд, ҳамчун таъмини шароити хуб барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ғайра.  Одиву маъмулӣ ва камхарҷ гузаронидани тӯйҳои домодиву арӯсӣ ба аҳолии кишвар имкон дод, ки шумораи оилаҳои ҷавон ду баробар афзоиш ёфтааст.

         Хулоса, дар зарфи понздаҳ сол аз қабули Қонуни танзим аксари анъанаҳое, ки характери хурофавӣ дошта, садсолаҳо боиси қашшоқӣ, муфлисӣ, камбизоатӣ ва бенавоии мардум мешуданд, аз байн рафтанд. Пас метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ буд.

 

Сатторов Беҳрӯз          

            Сархатиби ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Время намаза в Душанбе

26.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:16
Магриб17:14
Иша18:44
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее