Главная Статьи ВАТАНДӮСТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ!

ВАТАНДӮСТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ!

ВАТАНДӮСТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ!
2023-01-18
1065

Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони Тоҷикистон ба шумор рафта, онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи Тоҷикистон мегузоранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри соли 2022 иброз намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд. 

Ҳисси  ватандӯстӣ,   худшиносии  миллӣ  ва  садоқат  ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  вазифаи  ҷонӣ  ба ҳисоб меравад.  

Имрӯз ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат  ба  Ватан  яке  аз  пояҳои  муҳими  давлату  давлатдорӣ  мебошад. Миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад,  он  миллат  соҳибдавлат  буда  наметавонад.  Ҳамин  ҳиссиватандӯстӣ  буд,  ки  миллати  мо  ба  ҳеҷ  як  мушкилӣ    нигоҳ  накарда,  ваҳдати  миллиро  дар  кишвар  пойдор намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар хеле зарур ва аҳамиятнок мебошад.

Зарур аст, ки нуктаеро аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ  ёдовар шавем, ки иброз намуда буданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».

Бояд   гуфт,  ки  аксарияти   аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

Тавре  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор  доштанд:  «Дар  замири  ҳар  як  фарди ҷомеа  тарбия  кардан  ва  таҳкиму  тақвият  бахшидани  ҳисси  баланди ватандӯстиву  ватандорӣ,  худшиносии  миллӣ,  эҳтиром  ба  арзишҳои маънавӣ  ва  муқаддасоти  миллӣ  яке  аз  омилҳои  муҳими  пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзӣ дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Дар маҷмуъ, худоогоҳиву худшиносии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ расанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.

Дар шароити муосир вазифаи аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки муқаддасоти миллиро дар замири  ҷавонон эҳё намуда, онҳоро ба ин самт роҳнамоӣ кунанд. Ин амал аз оила оғоз гардида, бояд дар кӯдакистон,  мактаб ва дигар зинаҳои таҳсилот такмилу тақвият дода шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардондани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рӯйи кор гирифтааст.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022, таъкид карданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”. Пас, ҷавонони кишварро зарур аст, ки пайваста аз пайи донишандӯзӣ шуда, илм омӯзанд ва ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гарданд.

 Абдуллоҳи Қодирӣ

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Время намаза в Душанбе

26.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:16
Магриб17:14
Иша18:44
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее