Главная Статьи ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕҲТАРИНИ ХУДОВАНДИСТ

ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕҲТАРИНИ ХУДОВАНДИСТ

ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕҲТАРИНИ ХУДОВАНДИСТ
2023-06-26
682

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

           Ҳар гоҳ ки аз ваҳдат сухан бигўем, дар муқобили он парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад. Бале, он оламе, ки Худованд барои зисти бани башар офаридааст, ҳамеша аз даври Одам  сафиаллоҳ дуқутба буд ва то кунун ҳаст, тақобулҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рўшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, росту дурўғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаракатӣ, ҳушёриву девонагӣ, ғасбкориву бахшандагӣ ва ғайраҳо. Ин тақобулҳо чунон зиёданд, ки дар шумори онҳо кас раҳгум мезанад. Ва ҳамин тақобулҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсуд, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ ҳамеша ихтиёр дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сўи бахту саодати ин дунёву охират бошад, ў роҳи ростиро интихоб мекунад ва агар баръакс бошад, вайрониву зулмат чун ғубори зимистонӣ пеши чашмонро хира хоҳад кард.

            Ваҳдат низ аз ҷумлаи ҳамин тақобулҳост, ки дар пешорўи он парешониву парафкандагӣ қарор дорад. Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддунҳои инсонӣ дар масири таърих аз набуди ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.

            Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст. Миллати тоҷик низ дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб карда буд. Аммо, тавре ки мегўянд, бало аз дарун бархост ва ин кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро хеле бадиққат кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки як стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёде пайдо карда буд. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кўҳдоманҳое аз Бухорои шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид.

            Хуб,  ин дарс ва сабақи таърих аст, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,

Ҳалла бархез, ки андеша дигар бояд кард…

            Андешаи дигар ҳамин ваҳдат аст, ки солҳо боз дар борааш мегўянду менависанд, аммо боз гуфтаниҳову навиштаниҳо мемонад. Чаро чунин аст?  Чунки ба ақидаи мо, роҳу воситаҳо ва омилҳои тақвият бахшидани ваҳдат интиҳо надорад, чунонки як давлати маънавибунёди миллӣ мегўему аммо то ҳол онро ба пуррагӣ насохтаем. Сохтани чунин давлате, ки ҳам миллӣ бошаду ҳам маънавибунёд, кори саҳл ҳам нест, он даҳсолаҳо заҳмат мехоҳад, сабру таҳаммул ва иродаи матини ҳамагониро тақозо дорад. Ваҳдат ин бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори нерўманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд ба коми абармарқудратони дигар мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад, ки ҳолиё аксари олимони ҷомеашинос сари он таҳқиқот мебаранд. Боз ҳамон Иқбол ба хотир мерасад, ки ҳушдор дода буд:

Қудсиёнро субҳи ид он соате,

Гар шавад бедор чашми миллате…

            Чун нек бингарем, сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳое, ки ба сари миллати мо расида буд, таназзули ахлоқи ҳамида буд. Ҳамон ахлоқе, ки дарунмояаш дину имон ва виҷдон буд. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кўр кард, тундравию ифротгароӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо ба тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, худаш ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод ва анқариб буд, ки давлатро аз даст бидиҳад. Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ин ягона роҳи наҷоти ҳар миллате дар олами пурмазҳаб аст. Ҳол он ки Мавлонои Рум бузургтарин шахсияти рўҳонӣ ва бунёдгузори андешаи нави исломӣ дар таърихи тамаддуни мо эътироф мешавад. Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанўз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ҷамъиятҳои худро намедонад.

            Таҳаммулпазирӣ дар дин ҳамчун навъи аз ҳама пуртаъсири шуури ҷамъиятӣ дар таҳкими давлати миллӣ ва поянда доштани ваҳдати миллӣ нақши муассир дорад. Дину давлат ду гавҳаре ҳастанд, ки наметавонанд бе ҳамдигар бошанд, гўиё ба сифати он ки дар як инсон будани ду даст ҳамеша зарурат дорад. Дини мубини Ислом дар мағз андар мағзи таълимоти худ андешаи ваҳдати инсонҳо ва дар як ҷомеаи поки ахлоқӣ зистани онҳоро ҳамеша талқин кардааст ва мекунад. Дар ояи 103-юми сураи мубораки Оли Имрон Худованд мефармояд: «Ва Шумо ҳама ба китоби Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни  дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид! Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад, ки роҳ ёбед». Ҳамин нуктаро Мавлонои бузургвор дар ин пораи шеър хеле дурусту воқеӣ баён фармудааст:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Бедавлатӣ аз нифоқ хезад…

            Ихтилоф кардан дар ҷамоати воҳид бузургтарин гуноҳ аст, ки натиҷаи он ғазаби Худованд хоҳад буд. Ин нукта дар ояи 105-и сураи зикршуда низ омадааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурўҳро азоби бузург аст».

Маҳз ҳамин низоъ варзидан ва наёфтани роҳи мусолиҳатомези ҳалли қазияҳои баҳсбарангез башариятро паи ҳам ба фоҷиаҳо гирифтор намудааст, ончунон ки дар ояи 46-уми сураи «Анфол» омадааст: «Ва ба Худову расули Ў фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ, ки Худо бо шикебоён аст».

         Ваҳдате, ки дар ҷамъияти Тоҷикистон устувор шудааст, гувоҳи хиради азалиест, ки Худованд дар қалбу мағзҳои ин миллати акнун бедор ниҳода буд. Тоҷикон, шукри Худову Расули Ў (с)  ва ҳам шукри истиқлоле, ки аз сўи Пешвои миллат зина ба зина ва марҳила ба марҳила тақвият дода мешавад, муттаҳид шудаанд ва ин ҳамбастагӣ боиси хушнудии Офаридгор аст. Ин маънӣ дар ояи 63-юми ҳамин сура ба тариқи зайл сабт шуда: «Ва (Ҳамон аст, ки) миёни дилҳояшон улфат дод; агар ту ҳамаи он чиро, ки дар замин аст – якҷо харҷ мекардӣ, миёни дилҳояшон улфат намедодӣ. Валекин Худо дар миёни онҳо улфат афканд. Ба дурустӣ ки Вай ғолиби Боҳикмат аст». Дар ҳадисе Пайғамбари гиромӣ (с) инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани ваҳдату дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр намуда, мефармояд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон дўст медоред, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, мўъмин нестед». (Ривояти Бухорӣ).

          Ё худ дар ояи 159-уми сураи «Анъом» дар мазаммати парокандагӣ ва ношукрӣ бар асари безорӣ Худованд мефармояд: «Ба дурустӣ, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гурўҳ-гурўҳ шуданд, безорӣ; ҷуз ин нест, ки кори онҳо ба Худо вогузор шудааст, сипас онҳоро аз он чи мекарданд, хабар медиҳад». Яке аз чаҳор ёрони Пайғамбар (с) Ҳазрати Алӣ (р) нерўмандии инсонҳоро дар ягонагии онҳо дида, хитоб кардааст, ки «мероси ягонагӣ нерумандӣ аст» ва «зўртарин қувва дар ҳолати парокандагӣ заъиф аст». Суханони баҳикмате, аз қабили «агар гўсфандони  рама муттаҳид бошанд, шер гурусна хоб меравад», «мўрчаҳо дар якҷоягӣ ба даранда ғолиб меоянд», ё худ «зиёд будани шумо басанда нест, модоме ки дилҳои шумо пароканда бошад» низ ба ҳамин бузургвор тааллуқ гирифтаанд.

      Натиҷаи ҷонфидоиҳои Сарвари давлат буд, ки мо ба ваҳдати устувори миллӣ ноил гардидем ва имрӯз аз ободию пешрафт сухан мегӯем. Имрӯз бе тарсу ҳарос дар фазои амну осоиштаи Ватани маҳбубамон зиндагию фаъолият менамоем. Пас аз пойдор шудани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳод. Ҳоло мо кишвари обод, шаҳрҳои дилорову зебо, масҷидҳои зебои пур аз намозгузор, коргоҳҳои хурду азими саноатӣ дорем ва ҳамасола иқтисодиёти кишвар тараққӣ кардаву сатҳи некаҳволии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ боло рафта, чандин ташаббусҳои ҷаҳонии он эътироф гардиданд.

        Аз ин хотир, боистӣ, ки ба ваҳдат ҳамчун неъмати беҳтарини худовандӣ назар карда, на фақат онро бояд некў нигаҳ дошт, балки бо амали нек ва хислати ҳамида онро ба мероси ояндагон гузошт, ҳамон тавре  ки хиште болои хишт мениҳанд, ваҳдат низ бояд беосеб ба мерос монда шавад.

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее