МУЪҶИЗАИ МЕЪРОҶ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари росгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.
Исро ва Меъроҷ - сафари шабона ва боло рафтан аст. Ин сафари шабонаи Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷиди Ақсо ва баромадани ӯ ба осмон мебошад.
Исро дар луғат ба маънои ба шаб бурдан ва шабона сайр додан ва дар фарҳанги динӣ сафари шабонае, ки Худованд дар он Паёмбари акрам (с)-ро аз Масҷидулҳароми Макка ба Масҷиди Ақсои Байтулмуқаддас бурд, то аз оёти Худ ба ӯ нишон диҳад ва заминае барои меъроҷи он Ҳазрат (с) ба осмонҳо бошад.
Ба фармудаи Қуръон, Худои таъоло шабе Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад (с)-ро аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо овард ва ин ҳодиса дар таърихи Ислом ба номи «Исро» маъруф аст: «Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабона аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо бурд…» (сураи «Исро», ояти 1). Пас воқеъаи Исро барои Паёмбар (с) бо Қуръон собит шудааст.
Ҳодисаи Исро ва Меъроҷ ҳарду дар як шаб ва пас аз бозгашти он Ҳазрат (с) аз Тоиф воқеъ шудаанд, вале миёни муаррихони исломӣ дар таъйини таърихи дақиқи вуқуъи он ихтилофи назар аст ва назди онҳо се қавли ба воқеъият наздиктар вуҷуд дорад. Аввал он ки ҳодисаи Исро ва Меъроҷ 16 моҳ пеш аз ҳиҷрат дар моҳи Рамазони соли 12-уми рисолат, дуюм он ки 1 солу 2 моҳ пеш аз ҳиҷрат дар моҳи Муҳаррами соли 12-уми рисолат ва сеюм он ки 1 сол пеш аз ҳиҷрат дар моҳи Рабеулаввали соли 13-уми рисолат воқеъ шудааст. Соҳиби китоби «ар-Раҳиқу-л-махтум» пас аз зикри ин се қавл вуқӯъи ҳодисаи Исроро дар соли 12-уми рисолат ва каме пештар аз байъати якуми Ақаба, ки ба соли 12-уми рисолат, мувофиқ ба моҳи июли соли 621 м. иттифоқ афтода ва ё дар фосилаи миёни байъати якум ва дуюми Ақаба, ки моҳи июни соли 622 м. сурат гирифта, тарҷеҳ додааст.
Меъроҷи Паёмбар (с). Ҳодисаи Меъроҷ – ба осмон рафтани Паёмбар (с) дар ҳамон шаби Исро бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст. Пеш аз ҳиҷрат Худойи таъоло Паёмбари акрам (с)-ро ба ин сафари осмонӣ ва меъроҷи нуронӣ мушарраф гардонд, ки ҳеҷ касе аз паёмбарони пешин ба чунин манзалати олӣ ва мақоми бандагӣ дар боргоҳи Худованд сарфароз нагаштаанд. Ба ақидаи ҷумҳури аҳли суннат меъроҷи Паёмбар (с) бо ҷисму рӯҳ ва дар бедорӣ сурат гирифтааст.
Касе Меъроҷи Паёмбар (с)-ро, ки бо ривоятҳои саҳеҳи суннат собит шудааст, инкор намояд, бидъаткор ва гумроҳ мебошад, вале касе ҳодисаи Исроро, ки бо Китоб собит шудааст, инкор намояд, кофир мегардад.
Бар пояи омӯзаҳои исломӣ Паёмбари акрам (с) шабе ҳамроҳи Ҷабраил (а) савори маркабе ҳавогард ва тезсайр бо номи Буроқ ба сайри осмонҳо ва малакути Аъло баромад. Вай нахуст аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бурда шуд ва назди яке аз дарҳои ҳаёти масҷид – ҷое ки баъдан дар он Масҷиди Буроқ бино гардид, лаҷоми Буроқро ба ҳалқае баст ва бо ҷамъи паёмбарони пешин ду ракъат намоз гузорид. Пас аз таваққуфи кӯтоҳе аз он ҷо ба сӯи осмонҳо бурда шуд ва дар ҳар осмоне бо тане аз паёмбарон дидор намуд, он гоҳ аз доираи ҳафт осмон боло ва ба назди Сидратулмунтаҳо расид, он ҷо ки Сидраро он чи Худо ба он доност, пӯшонида буд ва Ҷаннатулмаъво – яке аз манозили биҳиштӣ низ дар канори он воқеъ буда. Дар он мақом аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардгораш дид ва Худо ба бандааш ҳар чӣ мехост, ваҳй намуд, он гоҳ ӯро ба тамошои биҳишт ва манозилу неъматҳои аҳли он ва ба мушоҳадаи дӯзах ва аҳволу аҳволи аҳли он фиристод. Инчунин дар шаби Меъроҷ Пайғамбарон (с) дар мақоми бузурги баромаданаш ба даргоҳи Аллоҳ таъоло рафта бе ягон восита ваҳйи илоҳиро шунидааст. Дар ин мақом ба ў се чиз ато гардид:
1. Ду ояти охирини сураи «Бақара»: «Пайғамбар ба он чи аз Парвардигораш ба сўи ў фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мўъминон низ; ҳама ба Худо ва фариштагони Ў ва Китобҳои Ў ва пайғамбарони Ў имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни ҳеҷ касе аз пайғамбарони Ў фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Ту аст».
Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тоқаташ воҷиб намекунад, он чи амал кард, аз они ў аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромўш кунем, ё хато кунем, моро (ба уқубат) магир. Эй Парвардигори мо, бар сари мо бори гарон манеҳ, чунон ки онро бар сари касоне ниҳодӣ, ки пеш аз мо буданд. Эй Парвардигори мо, ва бар сари мо он чиро манеҳ, ки моро бардошти он нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой, Туӣ Худованди мо, пас, моро бар гурўҳи кофирон фирўзӣ деҳ!» (285-286).
2. Муждагонӣ ба духули ҷаннат барои касоне, ки ба Аллоҳ таъоло ширк наварзиданд.
3. Панҷ вақт намоз ҳамчун ҳадяи Меъроҷ.
Паёмбари акрам (с) пас аз анҷоми ин сафари осмонӣ боз ба Масҷидулақсо фуруд оварда ва аз он ҷо худи ҳамон шаб ба Макка баргашт. Он Ҳазрат (с) дар роҳ корвони тиҷорие аз Қурайшро дид, ки ба сӯи Макка дар роҳ буд ва субҳи он шаб хабари Меъроҷро ба мардуми Макка эълон намуд.
Аз Худованди меҳрубон масъалат дорем, ки ба шарофати ин шаби муборак ба ҳамагон тавфиқи тоату ибодат, анҷом додани амалҳои солеҳ ва хайру эҳсон ато фармуда, аз шафоати он Ҳазрат (с) ҳамаи умматро насиб гардонад. Омин.
Ҳомидов Абдулвоҳид-мутахассиси Раёсати фатво