Адами ахлоқу дониш – Ду сабаби асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон
Ба номи Худои бахшояндаву меҳрубон!
Ақлҳои огоҳи башарият аз қадим боз сари масъалаи омилҳои мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳо андеша мекарданд, роҳу усулҳои гуногуни пешгирии вайроншавии оилаҳоро ҷустуҷӯменамуданд. Дар кишвари мо низ як силсила чорабиниҳо дар ин маврид амалӣ шудааст, (кодекси оилаи ҶТ манзур аст), ки ба тамоми талаботи ҷомеаҳои пешрафта посух мегӯяд, инчунин бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Аммо боз мебинем, ки мушкилот дар ин самт боқӣ мемонад. Яъне, сол то сол шумораи оилаҳои ҷавони пошхӯрда коҳиш намеёбад, ҳазорон оилаҳо то давраи расидан ба камолот вайрон шуда, шумораи зиёди кӯдакон ятиму бепарастор мемонанд.
Сабабҳои пошхӯрии оилаҳоро метавон ба сабабҳои кулливу ҷузъӣ ҷудо кард. Ба сабабҳои куллӣ сабабҳое дохил мешаванд, ки ба тарзи зиндагии оилаҳо, яъне ҷиҳатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо дахл доранд. Ҷомеаи Тоҷикистон аз қадим ҷомеаи суннатист. Дар ин ҷомеа омили сарҷамъӣ-омили асосӣ ба шумор меравад. Баъзан падару модарон бо хоҳиши худ, бидуни дар назар гирифтани фикру андешаи фарзандонашон ва нодида гирифтани ҷанбаи одобу ахлоқу маънавиёт барои онҳо ҳамсар интихоб мекунанд, ки ин тарзи кор баъдан мушкилиҳои зиёдеро барои ҷавонон пеш меорад. Инчунин омили иқтисодӣ – надоштани сармоя барои зиндагии мустақил ва надоштани шароити зарурии зиндагӣ боиси ба вуҷуд омадани даҳҳо мушкилиҳои дигар барои ҷавонон мешавад.
Дигар сабаби куллӣ надоштани огоҳии илмӣ ва тасаввуроти пешакӣ дар бораи пасту баландиҳои зиндагӣ сабаби асосии дер напоидани оилаҳои ҷавон мегардад. Ҷавонон ҳанӯз аз ҷиҳати илму дониш комил нашуда, оила барпо мекунанд, ки хатари зиёде дорад. Имом Абӯҳанифа (раҳ.) дар «Васиятнома»-и худ ба шогирди барӯмандаш Абӯюсуф (р) чунин фармуда буд:«Дар оғози ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст, илм биёмӯз, сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ намо».
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд маълумоти заруриро дар бораи ҳуқуқи занушавҳарӣ ва тарбияи фарзанд дар мадди аввали назари худ ҷой кунад, то дар зиндагӣ комёб шавад. Чаро ки ҳам илми дунявӣ ва ҳам илми динӣ инсонро махлуқи муҳтарам мешуморад, қадри инсон ҳам дар давлати дунявӣ ва ҳам аз нигоҳи дини мубини ислом хеле баланд эътироф мешавад. Азбаски чунин ҷаҳонфаҳмӣ ва чунин дарку маърифат нест, дар оилаҳои ҷавон истисмори яке аз ҷониби дигаре сар мезанад. Истисмор ба маънои чун ғулом кор фармудани фарзанди як инсони дигаре, ки бояд дар муҳити нав чун фарзанд, чун узви ин оила қабул шавад.
Сабаби куллии дигар – ташаккул наёфтани ахлоқи хоси оиладорист, ки бояд қабл аз хонадоршавӣ ҳар як писару духтари ҷавон дар ниҳоди худ ин ахлоқро бояд дошта бошад. Ахлоқи муносибат, муошират, эҳтиром ва қадр кардани ҳамдигар, ахлоқи муносибати ҷинсӣ дар доираи фармудаҳои Худо ва Расулаш (с), ахлоқи зиндагӣ дар алоҳидагӣ, якҷоя бо аҳли хонавода ва чанде дигар. Дар маҷмӯъ, ин ҳама барои устувор нигоҳ доштани оилаҳо омилҳои асосӣ ба шумор мераванд. Ман мехоҳам ин ҷо аз омили аз ҳама муҳимтарин – омили исломӣ дар таҳкими оилаҳо ёдовар шавам, зеро тарзи зист ва андешаву рафтори мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамагӣ аз дидгоҳи дини ислом муқаррар мешавад. Худованди мутаол мефармояд:
«Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст» (сураи «Рум», ояти 21).
Худованд дар ин ояти карима ҳаёти шарикиро дар асоси раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат эълон намудааст. Ҳамчунон ки барои инсон ҳамсар офаридааст, дар қалби инсон меҳру муҳаббат ва раҳму шафқатро низ ҷой додааст. Ҳар ҷуфте, ки дар асоси ақлу заковат зиндагӣ менамояд, хонаашро ба як даргоҳи саодату хушбахтӣ табдил медиҳад. Худо накарда, агар зиндагиашро аз рӯи худкомиву худхоҳӣ пеш барад, хонаашро ба як макони ғаму андӯҳ мубаддал месозад. Зеро, таҷриба нишон додааст, ки хушбахттарин ҷуфт дар зиндагии шарикӣ хайрхоҳӣ нисбати якдигар мебошанд. Бо вуҷуди он ки Худованди мутаол дурӯғгуфтанро ҳаром қарор додааст, аммо байни зану шавҳар фақат дар масъалаи меҳру муҳаббат дурӯғ гуфтанро барои ин ҷуфт иҷозат додааст, то ин ки инҳо муомилаи нек дошта бошанд ва дар тарбияи фарзанд, ки вазифаи асосии ҳар як падару модар аст, якҷо муваффақ бошанд. Агар падару модар бо якдигар хайрхоҳ набошанд, дар тарбияи фарзанд комёб шуданашон корест басо душвор. Аз ҳамин лиҳоз дурӯғ гуфтан барояшон равост.
Аз нигоҳи дини мубини ислом ҳадафи оила идомаи насл аст ва аз ин дидгоҳ зиндагии танҳо ва бидуни оиларо дини мубини ислом маҳкум мекунад. Чун ба воқеияти танзими оилаҳо дар тамаддунҳои дигар бингарем, ин меъёри исломӣ пояи асосии мустаҳкам нигоҳ доштани фарҳанги оиладорӣ дар кишвар мебошад. Худованди бузург дар сураи «Ҳуҷурот», ояти 13 мефармояд:
«Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст».
Аз нигоҳи дини мубини ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Дар ин хусус ҳадиси Расули Худост, ки аз он ин масъала хеле фаҳмо дарк мешавад:
«Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).
Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст, чунончи:
- мардон ҳамчун сарварони оила бояд хушбахтӣ ва хушнудии хешро фақат дар оилаи худ ҷустуҷӯ намоянд, бояд худро нисбат ба дигар аъзои оила баркамол ва пурмасъулият эҳсос кунанд, барои дигар аъзои оила мувофиқи имконият маводи заруриро таъмин намуда, шароити мувофиқро барои тарзи дурусти ҳаёти иҷтимоӣ муҳайё намоянд;
- занон низ кӯшиш намоянд, ки дар назди шавҳаронашон вазифаҳои худро иҷро кунанд, бо меҳру муҳаббат, навозиш ва ғамхорӣтаваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намуда, айни замон иффату номуси худро ҳифз намоянд;
- мард ва зан, шавҳар ва ҳамсар бояд фикру ақидаи якдигарро эҳтиром гузошта, кӯшиш кунанд, ки сирри оилавиро пинҳон дошта, новобаста ба ихтилофоти муваққатӣ якравӣ зоҳир накунанд;
- падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи ибрат бошанд, талаботи ҳам моддӣ ва ҳам маънавии онҳоро дар ҳадди имкон таъмин намоянд. Нисбат ба фарзандон адолатпеша бошанд, онҳоро аз рафиқони бад ва рафтору одати ношоиста пешгирӣ намуда, тарбияи хуб диҳанд. Чун кӯдакон бузург мешаванд, ба онҳо кумак кунанд, то ҳамсафари ботарбия ва тақводорро дар зиндагӣ пайдо намоянд;
- фарзандон ҳамчун меваи ҳаёт бояд падару модари худро эҳтиром намоянд, бо сухан ва бо рафтори нолоиқ онҳоро нороҳат накунанд, баъди вафоташон хоҳиши онҳоро иҷро намуда, бо некӣ ёдовар шаванд;
- бародарон ва хоҳарон бояд нисбат ба якдигар бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат намоянд, муносибати наздики хешутаборӣдошта бошанд.
Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзанд маълумоти мувофиқ диҳанд. Онҳо инчунин бевосита вазифадоранд, ки ба фарзанд хондану навиштанро омӯзонанд. Дини мубини ислом падару модарро фармудааст, ки дар қатори хондану навиштанро ёд додан, тарбияи баданро низ омӯзонанд. Чунонки аз Умар ибни Хаттоб (раҳ.) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ба фарзандони худ шиноварӣ, тирандозӣ ва савориро биомӯзед”.
Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд.
Ҳамин тавр, омили динӣ дар таҳкими оилаҳо хеле муҳим аст ва ба эътибор гирифтани он дар рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба нафъи пешрафти кишвар хоҳад буд. Комёбии ҳар кишвар аз комёбии оилаҳо сарчашма мегирад, ҳар инсоне, ки дар тарбияи фарзандону аҳли оила комёб бошад, метавонад кишвари орому обод дошта бошад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон