Хариду фурўши одамон-мушкили ҳалталаби ҷаҳони муосир
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тазодҳои ҷамъиятии манотиқи гуногуни олам баррасии масъалаи савдои одамон аз ҷониби ниҳодҳои гуногун солҳои охир бештар мушоҳида мегардад. Яке аз омилҳои асосии ба миён омадани чунин зуҳуроти номатлуб иттилои кам ва маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи Тоҷикистон дар ин самт чи аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, чи аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муайян андешида мешавад. Имрӯз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои инкишофи рӯзмарраи ҷомеа ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти фитрии шаҳрвандон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва нанговари савдои инсон чораҳои зиёде андешида шуда, ҷиҳати пешгирии он ва ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда мубориза бурда мешавад. Қабул ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Дар ин замина ба таври доимӣ муколамаҳои зиёде роҷеъ ба муқовимат бо савдои одамон бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо доир гардиданд. Ҳадафи ташкили чунин муколамаҳо расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин гуна зуҳурот ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ шудааст.
Чунонки маълум аст, хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро дар пай дорад, эътироф гардидааст.
Савдои инсон маънои бо роҳҳои номашрӯъ соҳибӣ кардани шахсе ё узви шахсе, таҳдид бо силоҳ, зӯроварӣ, фиреб, бо роҳи қаллобӣ соҳиб шудан ба шахсе ва он шахсро ғуломи худ қарор додан, маҷбур кардани он шахс аз барои ҳама намуд амалҳои номатлубро дорад.
Бешак, савол ба миён меояд, ки чаро гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ё ашхоси ҷудогона ба ин аъмоли нанговар даст мезананд? Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи чунин ашхос бо роҳи тиҷорат ва истифодаи инсон ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ва моли бисёр мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроте, ки дар самти риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои инсон халал ворид мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин буд, ки ҳанӯз соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули нахустин Конститутсияи худ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд ва он дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷёфтааст.
Қобили қайд аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зуҳуроти мазкурро маҳкум намуда, мубориза бо онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ногузир маънидод намуданд. Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”.
Шариати исломӣ низ истифода ва истисмори инсонро аз ҷониби инсони дигар ва ё гурӯҳе мақбул намешуморад ва мазаммат менамояд.
Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Худованд фармуд, дар рӯзи қиёмат ман душмани се намуд аз инсонҳо мебошам: Шахсоне, ки паймон баста ва онро мешикананду хиёнат мекунанд, шахсоне, ки нафари озодро мефурӯшанд ва қимати ӯро мехӯранд ва шахсоне, ки ҳаққи кормандонро баъд аз анҷом додани кор намедиҳанд» (Ҳадиси саҳеҳ, ривояти Бухорӣ, рақами 2075).
Аз нигоҳи дигар ин намуди тиҷорат ҳаққи зиндагонии шоистаро аз байн бурда, инсонҳоро аз он маҳрум менамояд. Худованд дар Қуръони карим ва Пайғамбар (с) дар ҳадисҳои худ ҳама гуна тиҷорат, зулму ситам ва дигар амалҳои зишт нисбат ба инсонҳоро ҳаром дониста, қатъиян онро манъ кардаанд. Ба дурустӣ, дини мубини ислом дине аст, ки бар зидди тиҷорати башар мубориза бурдааст, чунки ҳама намуд амалҳое, ки ақлу фитрати инсон онро қабул надорад, дини ислом онро манъу ҳаром гардонидааст. Уламои дини ислом таъкид менамоянд, ки ҳама намуди аҳкоми дини ислом мувофиқи ақли солим мебошанд.
Худованд инсонро беҳтарини махлуқот офаридааст ва ин маънӣ борҳо дар Қуръони карим низ баён гардидааст: «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем… ва онҳоро бар бисёре он чи офаридаем, фазли бисёр додем». Сураи Исро, ояти 70
Дар робита ба ҳаром ва ҷиноят будани фурӯши узвҳои инсон аз ҷониби Маркази фиқҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар соли 1988 қарор қабул шудааст. Дар ин қарор харид ва фурӯши узвҳои инсон ҳаром эълон гардида буд.
Раванди хариду фурӯши одамон чанд сабаб дорад:
1. Камбизоатӣ ва орзуи соҳиби зиндагии хуб шудан дар кишварҳои дигар, ба монанди шаҳрвандони африқоӣ, ки ҳар замон ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд.
2. Кам будани ҷои корӣ аз барои шаҳрвандони бештари кишварҳои олам ва зиёд будани фасод ва амалҳои коррупсионӣ дар коргузорӣ.
3. Ноором будани ҳолат ва вазъи сиёсии кишварҳо.
4. Офатҳои табиии гуногун, ки зуд-зуд ба вуқӯъ мепайванданд.
5. Хоҳиши соҳиби моли бисёр шудан ва тамаъ кардан ба он.
6. Кам гаштани сатҳи фаҳмиши масоили иҷтимоӣ ва надоштани илму дониши кофӣ аз барои фаҳмидани мақсад ва ҳадафи зиндагонӣ.
7. Камидрок будани баъзе аз инсонҳо нисбат ба масоилу аҳкоми динӣ.
Барои пешгирии тиҷорати инсон нақшаи стратегие, зарур аст, ки пеши роҳи ин тиҷоратро бигирад. Аз ин рӯ, бозбинӣ ва дигаргун кардани қонунҳо ва ҷазои сангин нисбат ба шахсоне, ки ба ин тиҷорат машғул ҳастанд, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҷумъабек Наботов,
сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон