Асосӣ Мақолаҳо Хариду фурўши одамон-мушкили ҳалталаби ҷаҳони муосир

Хариду фурўши одамон-мушкили ҳалталаби ҷаҳони муосир

Хариду фурўши одамон-мушкили ҳалталаби ҷаҳони муосир
2019-06-13
2791

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тазодҳои ҷамъ­иятии манотиқи гуногуни олам баррасии масъалаи сав­дои одамон аз ҷониби ниҳодҳои гуногун солҳои охир бештар мушоҳида мегардад. Яке аз омилҳои асосии ба миён омадани чунин зуҳуроти номатлуб иттилои кам ва маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи Тоҷикистон дар ин самт чи аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, чи аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муайян андешида мешавад. Имрӯз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои инкишофи рӯзмарраи ҷомеа ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти фитрии шаҳрвандон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва нанговари савдои инсон чораҳои зиёде андешида шуда, ҷиҳати пешгирии он ва ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда мубориза бурда мешавад. Қа­бул ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани ку­мак ба қурбониёни савдои одамон» низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Дар ин замина ба таври доимӣ муколамаҳои зиёде роҷеъ ба муқовимат бо савдои одамон бо ишти­роки масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо доир гардиданд. Ҳадафи ташкили чунин муколамаҳо расони­дани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин гуна зуҳурот ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ шудааст.

Чунонки маълум аст, хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳам­чун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол унсурҳои таҳ­дид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро дар пай дорад, эъти­роф гардидааст.

Савдои инсон маънои бо роҳҳои номашрӯъ соҳибӣ кардани шахсе ё узви шахсе, таҳдид бо силоҳ, зӯро­варӣ, фиреб, бо роҳи қаллобӣ соҳиб шудан ба шахсе ва он шахсро ғуломи худ қарор додан, маҷбур кардани он шахс аз барои ҳама намуд амалҳои номатлубро дорад.

Бешак, савол ба миён меояд, ки чаро гурӯҳҳои ҷиноят­пеша ва ё ашхоси ҷудогона ба ин аъмоли нанговар даст мезананд? Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи чунин аш­хос бо роҳи тиҷорат ва истифодаи инсон ба даст овар­дани манфиатҳои шахсӣ ва моли бисёр мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроте, ки дар самти риояи ҳамаҷони­баи ҳуқуқҳои инсон халал ворид мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин буд, ки ҳанӯз соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули нахустин Конститутсияи худ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд ва он дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷёфтааст.

Қобили қайд аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зуҳуроти мазкурро маҳкум намуда, мубориза бо онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ногузир маънидод намуданд. Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “За­рур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгаро­ён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қо­нун ҷавоб гӯянд”.

Шариати исломӣ низ истифода ва истисмори инсонро аз ҷониби инсони дигар ва ё гурӯҳе мақбул намешумо­рад ва мазаммат менамояд.

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фарму­данд: «Худованд фармуд, дар рӯзи қиёмат ман душма­ни се намуд аз инсонҳо мебошам: Шахсоне, ки паймон баста ва онро мешикананду хиёнат мекунанд, шахсоне, ки нафари озодро мефурӯшанд ва қимати ӯро мехӯранд ва шахсоне, ки ҳаққи кормандонро баъд аз анҷом додани кор намедиҳанд» (Ҳадиси саҳеҳ, ривояти Бухорӣ, рақами 2075).

Аз нигоҳи дигар ин намуди тиҷорат ҳаққи зиндагонии шоистаро аз байн бурда, инсонҳоро аз он маҳрум ме­намояд. Худованд дар Қуръони карим ва Пайғамбар (с) дар ҳадисҳои худ ҳама гуна тиҷорат, зулму ситам ва ди­гар амалҳои зишт нисбат ба инсонҳоро ҳаром дониста, қатъиян онро манъ кардаанд. Ба дурустӣ, дини мубини ислом дине аст, ки бар зидди тиҷорати башар мубориза бурдааст, чунки ҳама намуд амалҳое, ки ақлу фитрати инсон онро қабул надорад, дини ислом онро манъу ҳа­ром гардонидааст. Уламои дини ислом таъкид менамо­янд, ки ҳама намуди аҳкоми дини ислом мувофиқи ақли солим мебошанд.

Худованд инсонро беҳтарини махлуқот офаридааст ва ин маънӣ борҳо дар Қуръони карим низ баён гардида­аст: «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем… ва онҳоро бар бисёре он чи офаридаем, фазли бисёр додем». Сураи Исро, ояти 70

Дар робита ба ҳаром ва ҷиноят будани фурӯши узвҳои инсон аз ҷониби Маркази фиқҳи Созмони Ҳамко­рии Исломӣ дар соли 1988 қарор қабул шудааст. Дар ин қарор харид ва фурӯши узвҳои инсон ҳаром эълон гар­дида буд.

Раванди хариду фурӯши одамон чанд сабаб дорад:

1. Камбизоатӣ ва орзуи соҳиби зиндагии хуб шудан дар кишварҳои дигар, ба монанди шаҳрвандони аф­риқоӣ, ки ҳар замон ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд.

2. Кам будани ҷои корӣ аз барои шаҳрвандони беш­тари кишварҳои олам ва зиёд будани фасод ва амалҳои коррупсионӣ дар коргузорӣ.

3. Ноором будани ҳолат ва вазъи сиёсии кишварҳо.

4. Офатҳои табиии гуногун, ки зуд-зуд ба вуқӯъ ме­пайванданд.

5. Хоҳиши соҳиби моли бисёр шудан ва тамаъ кардан ба он.

6. Кам гаштани сатҳи фаҳмиши масоили иҷтимоӣ ва надоштани илму дониши кофӣ аз барои фаҳмидани мақ­сад ва ҳадафи зиндагонӣ.

7. Камидрок будани баъзе аз инсонҳо нисбат ба ма­соилу аҳкоми динӣ.

Барои пешгирии тиҷорати инсон нақшаи страте­гие, зарур аст, ки пеши роҳи ин тиҷоратро бигирад. Аз ин рӯ, бозбинӣ ва дигаргун кардани қонунҳо ва ҷазои сангин нисбат ба шахсоне, ки ба ин тиҷорат машғул ҳастанд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҷумъабек Наботов,

сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар