Главная Статьи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод қадаме устувор ба сўи сулҳу субот аст

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод қадаме устувор ба сўи сулҳу субот аст

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод қадаме устувор ба сўи сулҳу субот аст
2019-06-17
2458

Дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе нахустин бор нишасти сарони давлатҳои аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё баргузор шуд. Баъд аз эълон шудани ин ҳамкорӣ тамоми мардуми азизи Тоҷикистон ид доштанд, чунки дар симои сокинони пойтахт табассуму хурсандӣ ҳувайдо буд. Худи иштирокчиёни ин нишаст хурсандиро дар чеҳраи Пешвои миллат мушоҳида мекарданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷиконро тамоми қишри ҷомеа ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин кишварҳои абарқудрат эътироф мекунанд, зеро ин сиёсати пешгирифта сулҳҷўёна ва ҳамагонӣ мебошад. Албатта аз муҳтавои ин ҳамкорӣ маълум гардид, ки ҳама кишварҳое, ки узви ин ҳамкорӣ ҳастанд, ниятҳои дўстона ва хайрхоҳона барои насли башар доранд. Аз баромади сарони кишварҳо маълум гардид, ки мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вазифаи ҳамаи давлатҳои дунё мебошад. Одатан вақте ҳамсояи кас ноором  бошад, бе ихтиёр таъсири манфии худро ба ҳамсояаш мерасонад. Ин матлаб дар суханони Президенти Федератсияи Русия В. Путин дар бораи қазияи Афғонистон садо дод.

Кишвари мо аз рўзи аввали истиқлолият барои сулҳу суботи кишвари ҳамсояи Афғонистон талош мекунад, зеро мардуми мо табиатан сулҳдўст ва хайрхоҳи ҳамсоя аст. Мардуми мо умедвори он аст, ки аз чунин ҳамкориҳо амнияти ҷаҳонӣ ранги дигар мегирад, зеро давлатҳое, ки дар ин ҳамкорӣ иштирок доштанд, дар минтақа эътибор ва нуфузи хосса доранд.

Раёсати ин чорабинии муҳим то соли 2020 ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор шудааст, ки барои Ҳукумати кишвар масъулияти бузург ва эътибори хосса дорад. Ногуфта намонад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он дар даврони истиқлолият аз сулҳу субот ва амнияти ватанӣ хуб истифода намуда, барои ободӣ ва пешрафти кишвар хидматҳои назаррас анҷом додааст. Ҳар нафаре, ки то солҳои наздик дар кишвар зиндагӣ надошт, ҳангоме ки вориди ин сарзамини дилрабо мешавад, вуҷудашро шодию фараҳ фаро мегирад. Баргузории чунин машваратҳои сатҳи байналмилалӣ ҳам барои кишвар ва ҳам барои минтақа боманфиат буда, ҷаҳонро аз ташвишу хатари терроризми байналмилалӣ ба сўи амну субот роҳнамоӣ мекунад. Наҷоти кишварҳоро аз ифротгароӣ ва терроризму ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар иттиҳоду иттифоқ ва дўстӣ метавон ҷуст. Ободии олам ва адолат байни афроди ҷомеа дар сурате амалӣ мегардад, ки миёни мардуми олам табъиз вуҷуд надошта бошад. Пешниҳоди масъалаҳои муҳим барои инсоният, ки ҳаёт бе он тасаввур намешавад, танҳо дар даҳсолаҳои охир аз ҷониби Сарвари тоҷикон мафҳуми умумӣ гирифтааст, пас, мо бояд ин гуна масоили мубрамро ҳамеша хайрхоҳона зинда бидорем ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.

 

Ҳомидов  Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее