Главная Статьи Донишманди мисрӣ Рифъат Ҳусейн: «Ҳизби наҳзат» ва «Ихвонул-муслимин» аз бадхоҳон ва мухолифи ваҳдати миллати Мисру Тоҷикистон мебошанд»

Донишманди мисрӣ Рифъат Ҳусейн: «Ҳизби наҳзат» ва «Ихвонул-муслимин» аз бадхоҳон ва мухолифи ваҳдати миллати Мисру Тоҷикистон мебошанд»

Донишманди мисрӣ Рифъат Ҳусейн: «Ҳизби наҳзат» ва «Ихвонул-муслимин» аз бадхоҳон ва мухолифи ваҳдати миллати Мисру Тоҷикистон мебошанд»
2019-07-05
2952

Тавре қаблан иттилоъ додем,  26 июни соли равон  ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори меҳмонхонаи байналмилалии «ScoutInternational»-и шаҳри Қоҳира ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ  баргузор шуд. Дар он  аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, устодони донишгоҳҳои Миср ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср иштирок намудандДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти тоҷикони Миср хабар медиҳад.

Аз ҷумла, устоди забони форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи «Канали Суэс»-и Миср ва дастхатшиноси шинохтаи мисрӣ доктор Рифъат Ҳусейн аз иштирокдорони ин ҳамоиш буд.

Р.Ҳусейн суханронии хешро бо забони тоҷикӣ оғоз намуда, Тоҷикистонро ватани дуюми хеш номид. Ҳамчунин номбурда аз эҷодиёти   шоирони  тоҷик мисраъҳо қироат намуда, ба иштирокдорон дар бораи  сафараш ба Тоҷикистон, табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, ҳавои соф, чашмаҳои зулолу шифобахш, меваҳои хушку тоза, зиёрати ҷойҳои таърихии  Тоҷикистон таассуроти некашро  нақл кард.

Зимнан, ӯ таъкид сохт, ки Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ тавонист бо равиши хосси дипломатияи худ, ки дар асоси ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, бо кишварҳои олам робитаи дӯстона барқарор созад. Ӯ илова намуд, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати  фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мешиносанд. Обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Мавсуф  таъкид намуд, ки силсилаи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба шакли хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидаст.

Дар ин замина, доктор  Р. Ҳусейн таъкид сохт, ки бидуни иттиҳод ва ваҳдати миллӣ, амну суботи сиёсӣ ва оромиши иҷтимоӣ дар ҷомеа имконпазир нахоҳад буд ва имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳро барои пешрафти минбаъдаи мамлакат равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Гузашта аз ин, саъю талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд.

Р. Ҳусейн махсусан зикр  намуд, ки мутаасифона, имрӯзҳо падидаи даҳшатафкани терроризм ба ҳаёти осоиштаи ҷомеаҳои кишварҳои олам ҳамарӯза  бонги хатар зада, боиси ташвиш гардидааст. Чунин падидаи ифротгароӣ, ки ба Ватану дину ҳувияти миллӣ ягон рабт надорад, дар зери чатри Ислом фаъолияти аҳриманонаи хешро идома медиҳад. Ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ зери ниқоби дини Ислом кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки сулҳу ваҳдат ва оромии ҷомеаи кишварҳоро, ки бар ивази ҷоннисории фарзандони фарзонаи  миллат ба даст омадаанд, халалдор намоянд. Яке аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва «Ихвонулмуслимин», ки ҳарду бадхоҳи миллати тоҷику мисрӣ буда, онҳоро таърих, ақида, равиш ва ҳадафҳои яксон ба ҳам мепайвандад, маҳсуб мешаванд.

Дар ин замина, донишманди мисрӣ таъкид дошт, ки таърих борҳо шоҳиди амалҳои зишт ва зиддинсонии ин гурӯҳҳо гардид, ки чӣ бадбахтиву мусибатҳои даҳшатноки фаромушнашавандаро ба сари ҳамватани худ овардаанд.  Ӯ дар робита ба ин нақши назарраси Тоҷикистон ва Мисрро дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм, ҳамчун намунаи ҷоннисорӣ ва ватандустӣ барои барқарорсозии сулҳу амнияти кишварҳо ёдовар шуд.

Дар фарҷоми суханронӣ доктор Р. Ҳусейн мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин рӯзи тақдирсоз -Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик, меросбарони аҳли илму фарҳанг ояндаи дурахшон, саодати фаровон ва дастовардҳои нав ба навро тамано кард.

Бознашр аз АМИТ "Ховар"

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее