Главная Статьи Муддати сафар аз нигоҳи шариати ислом

Муддати сафар аз нигоҳи шариати ислом

Муддати сафар аз нигоҳи шариати ислом
2019-07-19
2216

Ҳамеша мардуми намозгузор дар бораи муддати сафар ва равиши адо намудани намоз гуфтугузор, баҳсҳо ва мунозираҳо мекунанд. Барои равшан кардани ин масъалаи шаръӣ бо овардани назари донишмандони мазҳаби ҳанафӣ ба ин қазия шарҳ дода мешавад.

Аслан дар сафар қаср хондани намоз собит аст, ихтилоф танҳо дар васф аст. Аз ин рӯ, ба сабаби вуҷуди ихтилоф дар васф, рад кардани асли собит ҷоиз нест.

Қаср адо намудани намоз бо оят ва ҳадис собит шудааст. Худованд мефармояд: «Ва чун дар замин сафар кунед ва агар аз он битарсед, ки кофирон шуморо дар бало афкананд, пас гуноҳе бар шумо дар он нест, ки аз намоз (миқдоре) кӯтоҳ созед. Ҳамоно кофирон барои шумо душмани ошкоро ҳастанд» (сураи «Нисо», ояти 101).

Амирулмуъминин Ҳазрати Умар (раз.) мегӯяд: «Аз забони мубораки Расули Худо (с) шунидам, ки намози мусофир дуракъатӣаст».

Аҳкоми сафар дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ сароҳатан зикр шудааст. Назари донишмандони исломӣ дар ин баҳс гуногун аст. Ин ҷо назари муътабари донишмандони мазҳабро баён мекунем.

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ барои қаср хондани намоз паймудани сафари се шабонарӯзӣ шарт дониста шудааст. Дар масофаи роҳи сешабонарӯза қаср хондани намозро баъзе саҳобагони бузургвор монанди Ҳазрати Усмон (раз.), Ибни Масъуд (раз.), Ҳузайфа (раз.) ва назари баъзе тобеини бузург, амсоли Ибни Зубайр, Иброҳими Нахаӣ, Шаъбӣ ва дигарон аст. Фуқаҳои мазҳаб масофаи се шабонарӯзро бо далелҳои зерин ихтиёр кардаанд:

- Вақте нафаре аз ватани аслии худ ба сафар мебарояд, дар ҳоле ки қасди масофаи 120 км-ро дошта бошад ва ӯ ҳангоме аз дарвозаи шаҳр ё аз нишонаҳои деҳа, ки аломатгузорӣ шудааст, берун шуд, мусофир маҳсуб мешавад ва намозашро қаср мехонад;

- Баъд аз расидан ба макони муайяншуда, агар нияти камтар аз 15 рӯз истоданро карда бошад, дар ин муддат намозашро қаср мехонад. Агар аз паси имоми муқим намоз гузорад, он гоҳ намозашро пурра мехонад. Агар аз ин муҳлат зиёд қасди истодан дошта бошад, дар ин ҳолат баъд аз расидан дар ҷои иқомат намозашро пурра мехонад;

- Мусофире, ки аз 15 рӯз камтар нияти истодан дорад, фарзҳои 4 ракъатиро 2 ракъат мехонад.

Ҳазрати Алӣ (раз.) барои муайян кардани ҳади хуруҷ аз ватанаш хонаи найинро нишона қарор дода фармуданд: «Ҳар гоҳе аз ин хонаи найин берун шавам, намозамро қаср мехонам».

Масофаи се шабонарӯз будани муддати сафар аз ҳадиси «Саҳеҳайн»: «Зан бидуни маҳрам масофаи се шабонарӯз сафар накунад» ва аз ҳадиси «Муқим масофаи як шабонарӯз ва мусофир се шабонарӯз масҳ мекашад» собит мешавад. Имом Муҳаммад дар китоби «Осор» ривоят кардааст, ки Ибни Рабеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз.) чунин пурсиданд: «Дар кадом масофа намоз қаср хонда мешавад?» Ӯ дар посух чунин фармуд: «Оё минтақаи Сувайдоро медонӣ?». Гуфт: «Шояд намедонам, вале номашро шунидам». Ибни Умар гуфт: «Он масофаи се шабонарӯз роҳ аст ва чун ба қасди сафари он ҷо ба роҳ баромадем, намозро қаср мехонам».

Аммо дар мавзӯи ҳисоб кардани масофаи сафар бо марҳала ду чиз қобили зикр аст: - Чӣ будани марҳала ва миқдори он. Аслан марҳала масофаи сайри рӯзонаи шутурро мегӯянд, ки миқдори онро 24 мил ё 8 фарсах ё 43 км 352 м гуфтанд. Дар «Ҳидояи шариф» омадааст, ки муддати сафар 3 марҳала аст, аммо дар мазҳаби ҷумҳур 2 марҳала аст. Бояд ёдовар шуд, ки як марҳала 40 км мебошад. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон айни замон муддати сафар 120 км аст.

Одатан инсони солим дар 1 соат 5 км роҳ меравад. Агар як шабонарӯзро се тақсим кунем, барои мусофир 8 соат барои хоби шаб, 8 соати дигар барои роҳ рафтан ва 8 соати боқимонда барои таҳорату намоз ва хӯрдану истироҳат кардан боқӣ мемонад.

Хулосаи сухан ин аст, ки бо такя ба баъзе аҳодиси саҳеҳи марфуъ ва мавқуф шарт будани масофаи муайян барои қасри намоз ва дигар аҳкоми сафар собит мешавад ва миқдори масофаи қаср тибқи далелҳои дар боло зикршуда 3 марҳала, яъне 120 км мебошад.

Ҷамолиддин ХОМӮШОВ,

омӯзгори  Донишкадаи исломии Тоҷикистон

ва сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази

исломии Тоҷикистон

АҲАМИЯТИ КИТОБИ “ФИҚҲИ АКБАР” ВА “ВАСИЯТНОМА”-И ИМОМИ АЪЗАМ

Нашр шуд korbar - пт, 07/12/2019 - 13:39

«Фиқҳи акбар» ва «Васиятнома»-и Имоми Аъзам дар ҷамъоварии маҷмаавии (комплексии) муътақадоти аҳли суннат ва ҷамоат таълиф гардидааст.

Нисбатёбии ин китобҳо ба Имоми Аъзам бо санади саҳеҳ собит шудааст. Аз ҷумла, Муҳаммад Абулюсри Баздавӣ, ки аз донишмандони бузурги мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, гуфтааст: «Абӯҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, ин илмро омӯхта, бо муътазилиҳо ва тамоми аҳли бидъатҳо мунозара мекард ва онро ба ёронаш таълим медод. Ӯ дар ин бора китобҳо таълиф кардааст, ки баъзеи онҳо ба мо расида ва бештарашонро аҳли бидъату гумроҳшудагон маҳв карда шустаанд. Аз он чи ки ба мо расидааст, китоби «Ал-олиму ва-л-мутааллим» ва китоби «Ал-фиқҳу-л-акбар» мебошад». Имом Баздавӣ китоби «Ал-олиму ва-л-мутааллим» ва «Ал-фиқҳу-л-акбар»-ро сароҳатан аз таълифоти асили Имоми Аъзам шуморидааст, вале имрӯзҳо баъзе муҳаққиқон ва махсусан шарқшиносони Ғарб аз ҷумла, Улрих Рудолф онро аз сохтаву бофтаи ровиён ба қалам додаанд (Улрих Рудолф. Абумансур Ал-Матуриди и суннитская теология в Самарканде. Алма-Ата, 1999. Саҳ. 9). Дар натиҷа кӯтоҳандешон ва донишмандони сарсарӣ ба чунин «муҳаққиқон» пайравӣ намуда, суханони бепояро миёни толибилмон тарвиҷ мекунанд ва мардумро ба роҳи ғалат мекашанд.

Ҳамчунин нисбатёбии китоби «Ал-фиқҳ-у-акбар»-ро ба Имоми Аъзам охирин луғавӣ, донишманди ҳанафӣ-Муртазо Забидӣ низ бо далелу ҳуҷҷати раднопазир исбот менамояд (Муртазо Забидӣ. Итҳофу-с-содати-л-муттақин би шарҳи Эҳёи улуми-д-дин. Ҷилди 1,  саҳ. 476).

Мавзӯи меҳварӣ ин аҳамият, мундариҷа ва ё феҳрести китобҳои фавқуззикр мебошад. Пеш аз пардохтан ба аҳамияти ин китобҳо маълумоти мухтасаре аз мундариҷаи онҳо аз манфиат холӣ нест, зеро дар гузашта ва имрӯзи зандагии суннимазҳабон, алалхусус тоҷикон, нақши муҳиме бозидааст:

- баёни асоси тавҳид ва яктопарастӣ; 

- баёни исботи вуҷуди Худо ва ягонагии Ӯ;

- баёни исботи сифатҳои Худо ва бечуну бекайфият будани онҳо;   

- баёни аҳду паймони башар бо Худо, ки бо явми мисоқ шуҳрат дорад;

- баёни халқ ва касби афъоли бандагон;

- баёни имон ба пайғамбарон ва мақоми эшон назди Худо;

- баёни мақом ва мартабаи саҳоба, махсусан хулафои рошидин;

- баёни гуноҳи кабира ва зарари он ба соҳибаш;

- баёни масҳ, таровеҳ, намози ҷамоат ва намози ҷаноза;

- баёни ақидаҳои мурҷиаю муътазила ва рад бар онҳо;

- баёни таъсири манфии риёкорӣ ва уҷбу фахрфурушӣ;

- баёни муъҷиза, каромот ва истидроҷ;

- баёни имону ислом ва дохил нашудани амал дар моҳияти имон;

- баёни баробарии имони муъминон ва каму зиёд нашудани он;

- баёни фазл ва адли Худо, подоши амали банда бо биҳишт ва дӯзах;

- баёни шафоати пайғамбарон, вазни амал ва қисоси аҳли хасм;

- баёни суоли мункару накир, азоби қабр ва нишонаҳои рӯзи қиёмат;

- баёни дидори бечигуна ва беҷиҳати Худои таоло.

Аҳамият ва хидматҳои ин китобҳо дар он зоҳир мегардад, ки мардуми мусулмонро новобаста аз миллату нажод атрофи як ақидаи дуруст ҷамъ овард. Худои таолоро бо сифатҳояш, паёмҳо (китобҳо)-яш, пайғамбарон ва фариштагонаш, тавре дар Қуръону суннат ва иҷмои уммат баён ёфтаанд, ба мардум шиносонд. Иттиҳоду ҳамбастагӣ ва бо ҳам дӯстона зиндагӣ кардани инсониятро бар асоси фаҳмиши саҳеҳ ва дарки солим таъмин кард. Башариятро аз сангу чубпарастӣ, гову инсонпарастӣ дур сохт ва ҳамзамон муътақадоти ботилаи муддаиёни адёни гуногун ва мазоҳиби мухталифро бо ҳуҷҷату бурҳон баён сохт. Мавзӯи асосӣ ин ҷо мухтасаран атрофи се масъалае давр мехӯрад, ки зикрашон дар китоби «Фиқҳи акбар» ва «Васиятнома» рафтааст. Аввалан, дар масъалаи сифатҳои Худо ва бечигунагии (бекайфиятии) онҳо баҳс мешавад. Сониян, дар масъалаи дидори Худо дар дори охират суҳбат мешавад. Солисан, дар масъалаи истивои Худо бар Арш ва маъноҳои истиво маълумот пешкашмегардад.

Имоми Аъзам баён медорад, ки Худои таоло дорои сифатҳое мебошад, ки ҳамагӣ азалиянд ва сифатҳои Ӯ таоло било кайф – (бекайфият) ва бечигуна мебошанд (Фиқҳи акбар, саҳ. 56). Аммо баъзе донишмандон огоҳу ноогоҳ вожаи “било кайф”-ро, ки Имоми бузургвор баъди зикри ҳар сифат таъкид медорад, ба маънои маҷҳул ва номаълум будани он сифатҳои Худои таоло шарҳу эзоҳ медиҳанд. Вале дар асл Имоми Аъзам бо зикри вожаи “било кайф” ҳамин маҷҳулу номаълум будан ва “кайфият”-у “чигунагӣ”-ро наҳй ва инкор мекунад, яъне гуфтанист, ки Худо бо сифатҳояш тамоман “кайфият” ва “чигунагӣ” надорад.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло ба ақволи Имом Абулюсри Баздавӣ истинод карда мешавад, зеро ӯ аз ҷумлаи пайравони сарсахти мактаби Имоми Аъзам мебошад. Ӯ дар бораи калом, ки яке аз сифатҳои Худои таоло аст, зикр мекунад:

“Лайса ликаломиҳи кайфиятун камо лайса лизотиҳи кайфиятун, фа-с-суолу ан кайфияти мо ло кайфията лаҳу муҳолун” (Каломи Худои таоло, ки аз ҷумлаи сифоти Ӯ ба ҳисоб меояд, кайфият ва чигунагӣ надорад, чуноне ки зоти Ӯ кайфият ва чигунагӣ надорад. Пас, суол ва пурсиш аз зоте, ки кайфият ва чигунагӣ надорад муҳол ва хатост) (Абулюср Муҳаммади Баздавӣ. Усули дин. Бо кӯшиши Ҳанз Петер Линс. – Қоҳира,  2003.  Саҳ.74).

Пас, аз ин суханон маълум мегардад, ки ҳамаи сифатҳои Худои таоло бе кайфият ва бечигуна мебошанд, чуноне ки худи Имом гуфта буданд.

Масъалаи дигар пешниҳоди маълумоти мухтасар дар бораи дидори Худои таоло дар дори охират аст. Имоми Аъзам дар ин росто мефармояд: “Иқрор мекунем, ки дидори Худои таоло барои аҳли биҳишт бекайфият, бечигуна, бе ташбеҳ ва бе ҷиҳат ҳақаст” (Васиятнома, саҳ. 42).

Исботи дидори Худо бо ҳама қайдҳое, ки Имоми Аъзам намудаанд, қобили қабул буда метавонад ва агар дар дидори Худо кайфият, ташбеҳ ва ҷиҳат исбот шавад, пас чунин дидорро аҳли суннат ва дар раъси онҳо Имоми Аъзам ҷоиз намешуморад.

Аҳли суннат дидори Худои талоро дар охират бо оёти қуръонӣ (сураҳои “Юнус”, ояти 26 ва “Қиёмат”, оёти 22-23) ва аҳодиси набавӣ (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ, 554 ва “Саҳеҳ”-и Муслим, 633) собит менамоянд.

Аммо гурӯҳҳое, ки дидори Худои таолоро дар охират мункир шуданд, ба монанди муътазила, рофизӣ ва шиа ва ё дар ин масъала ба ташбеҳ гирифтор шуданд, ба монанди мушаббеҳа, ваҳҳобия ва салафия ба иштибоҳ роҳ додаанд ва дар натиҷа аз ин неъмати худовандӣ маҳрум монданд.

Масъалаи дигар ин истивои Худои таоло бар Арш аст. Имоми Аъзам дар ин бора мефармоянд: “Иқрор мекунем, ки Худои таоло бар Арш истиво дорад, бе ин ки ҳоҷат ва қарор ба Арш дошта бошад, дар ҳоле ки Худои таоло ҳофиз ва нигаҳбони Аршу ғайри Арш аст...  агар [фаразан] Худои таоло муҳтоҷ ба ҷулусу нишастан ва қарор гирифтан бошад, пас, пеш аз офариниши Арш Худои таоло куҷо буд?! Худои таоло аз нишастан ва қарор гирифтан бар Арш ниҳоят олӣ аст” (Имоми Аъзам. Васиятнома. Панҷ ганҷи эътиқодии ҳар муъмин. Мураттиб ва мутарҷим Суннатуллоҳи Яъқуб. Душанбе, 2015. Саҳ.28).

Вале баъзан ба гӯш мерасад, ки гӯё қарор доштани Худо бар Арш ва ё дар ҷиҳати боло (осмон) будани Худо аз эътиқодоти аҳли суннат, махсусан ҳанафимазҳабон бошад, дар ҳоле ки чунин нест. Дар масъалаи “истиво” донишманди ҳанафимазҳаб Абулмӯини Насафӣ (ваф. 508ҳ./1114м.) қавли аҳли тафсир  ва ривоятеро бо санади саҳеҳ аз Имом Молик ёдрас мешавад: “Аҳли тафсир дар маънои “истиво” гуфтаанд: Маънои “иставо” “ғалаба” мебошад”. Абулмӯини Насафӣ гуфтаи Имом Моликро дар ин масъала ёдрас мешавад: “Ва ан Молик ибни Анас, Имоми аҳли-л-Мадина, аннаҳу қола: ал-Истивоу ғайру маҷҳулин ва-л-кайфу ғайру маъқулин ва-л-имону биҳи воҷибун ва-с-суолу анҳу бидъатун ва қола ли-с-соил: мо арока илло золлан ва амараҳу би-с-сафъи, фаизан ҳува Ҷаҳм ибну Сафвон” (Истиво маҷҳул нест, яъне маълум аст [зеро дар луғати араб маъноҳои зиёд дорад], исботи кайфият ва чигунагӣ беақлист, имон доштан ба он воҷиб аст, [зеро бо ояти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ собит шудааст] ва пурсу суол аз он [ба ҷиҳати андохтани шак ба имони авом] бидъат аст. Имом ба пурсанда гуфт: Туро гумроҳе беш намебинам. Ва фармуд, то ӯро заҷр кунанд [то ба дигарон ибрат бошад, ки ба чунин масъалаҳо имони авомро мутазалзил накунанд]. Дар натиҷа, маълум шуд, ки он шахс Ҷаҳм ибни Сафвони мубтадеъ будааст) (Абумӯини Насафӣ. Баҳру-л-калом. Бо кушиши Муҳаммадсолеҳи Фарфур. Димишқ, 142ҳ. / 2000 м. Саҳ.115-116).

 Абулмӯини Насафӣ дар ин росто ривояти дигареро  аз халифаи рошид, ҳазрати Алӣ (раз.), ёдрас мешавад: “Аннаҳу суила: Айна кона Раббуно қабла ан халақа-л-Арша? Фақола: Айна, суолун ани-л-макон ва кона Аллоҳу таоло ва ло макона ва ло замона ва ҳува-л-она камо кона” (Аз Ҳазрати Алӣ пурсиданд: Пеш аз ин ки Худо Аршро биофарад, дар куҷо буд? Ҳазрат дар ҷавоб фармуданд: вожаи “Айна (дар куҷо)” пурсише аз макон аст, дар ҳоле ки Худо буд ҳеҷ макон ва ҳеҷ замоне набуд. Пас, ҳоло ҳам [яъне, баъди офариниши Арш ва олам] бе макон аст) (Баҳру-л-калом, саҳ. 117).

Хулоса, дар ин замина китобҳои ақидавии мазҳабиро тарҷума намуда, дастраси оммаи мардум бояд кард ва донишмандони гузаштаи худро ба таври бояду шояд ба монанди Абӯмансури Мотуридӣ, Абулмуини Насафӣ, Умари Насафӣ, Абӯҳафси Кабир, Имом Бухорӣ ва дигаронро ба шогирдон дуруст шиносонд, то толибилмон ба ҳар суй накалаванд, сайди ҳар шикорчӣ қарор нагиранд ва дучори ҳар ақидаи ботил нагарданд.

Сунатулло ЯЪҚУБОВ,

устоди ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее