Статьи
Бешак, ин шукргузорӣ ба он маъност, ки агар сулҳу субот ва оромиши комил вуҷуд надошта бошад, мову шумо ҳам наметавонем дар радифи садҳо масъалаи кору рӯзгор бо ҳузуру хушуъ ибодатҳои худро анҷом диҳем.
Ҳамасола дар кишвари азизи мо рӯзи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мешавад, ки бешубҳа яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатии мост.
Бояд донист, ки қавонини Ислом тамоми ҷанбаҳои зиндагиро фаро гирифтааст. Дини Ислом барои ба танзим даровардани ҳаёти мардум тавҷиҳоти муфиду созандае равона карда, аҳкоми мушаххасеро муқаррар намудааст. Ислом дини охирини осмонист ва то охири дунё шариати ҷовидона мемонад.
Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расд. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо хушнудии ӯ.
Тоҷикистони азизи мо соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва худро ҳамчун давлати озоду мустақил ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Истиқлолияти давлатӣ инчунин ҳувиятии миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик ва низ сокинони ғайритоҷики ин сарзамин, онҳое, ки дар ин ватан зиндагӣ ва фаъолият ихтиёр кардаанд, ҷашни муборак ва ниҳоят азизу гиромӣ – 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард.