Статьи
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола ин рӯзро ба сифати рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Ин рўзи таърихӣ навиди сулҳу оромии кишвар, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Дар таълимоти дини мубини Ислом садақа, эҳсонкорӣ, ободонӣ ва корҳои хайр аз ҷумлаи амалҳои писандида ва дорои арзиши баланди маънавӣ ба шумор мераванд. Инсон дар зиндагии худ бо анҷом додани корҳои нек на танҳо ба дигарон манфиат мерасонад, балки барои дунё ва охирати хеш низ баракат ва захираи савоб омода месозад. Бояд бидонем, ки инсон ҳар некие, ки ба дигарон мекунад, аз моли ӯ ҳеҷ чиз кам намешавад, балки аҷраш ба худаш бармегардад.
Имсол мардуми шарифи кишварамон 32 – юмин солгарди ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардидани ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил менамоянд. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Дар тамоми олам низоми ҳаёти башарӣ ва дараҷоти ҳуқуқиро қонунҳо муайян мекунанд, ки онҳо мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва ё Конститутсия мебошанд. Аслан қонунҳо маҷмӯи муқаррароту қоидаҳоест, ки аҳли башар дар давоми ҳазорсолаҳо таҷрибаи ҳаётро барои манфиати халқу миллатҳои ҳамон замон ва замони оянда ҳамчун дастурамал ба мерос гузоштаанд.
Инсоне, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад.
Тарбияи маънавӣ ва ахлоқии инсон дар дини мубини Ислом яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар таълимоти исломӣ инсон мавҷуде мебошад, ки дорои ирода, қобилияти интихоб ва масъулият барои амалҳои хеш аст. Аз ин рӯ, эҳтимоли содир намудани хато ва гуноҳ дар ҳаёти ӯ вуҷуд дорад. Дини мубини Ислом дар баробари таъкид бар риояи меъёрҳои ахлоқӣ, роҳи бозгашт ба сӯи некӣ ва ислоҳи рафторро низ муайян менамояд. Яке аз мафҳумҳои калидӣ дар ин замина тавба мебошад.
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


