Статьи
Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки миёни мардум ба таври хеле сода – қонуни танзим ном бурда мешавад, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда иҷро карда истодааст.
Паёмбари гиромии Ислом (с) дар дувоздаҳуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шудаанд. Қабл аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори таѓоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба ҷаддаш Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт.
Худованд оламро офарид ва ба одамон забони гуногун ато кард, то бо ҳам сухан гўянд. Ва яке аз қадимтарин забонҳо – забони тоҷикист. Тоҷикон ҳазорсолаҳо инҷониб бо ин забони шевову дилчасп шеър суруданд ва асарҳо офариданд. Аҷдодони мо забони тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд, онҷо, ки Расули акрам (с) дар ҳаққи мардуми мо башорат фармудаанд, ки «Агар илм дар Сурайё мебуд, мардоне аз фарзандони форс (яъне тоҷикон) онро дармеёфтанд».
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273м.) аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун «худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд». Сулҳу оштӣ, ишқу муҳаббат ба ақидаи Мавлоно қодир аст, «заминро ба осмон хешу табор гардонад».
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар шаҳри Маккаи мукаррама субҳи рўзи душанбе 12-умиРабиул-аввал мувофиқ ба 20-уми апрели соли 571 мелодӣ ба дунё омадааст. Ў аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба Банӣ Ҳошим мансуб аст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва баъди 2-моҳи ҳомиладории завҷааш аз дунё рахти сафар баст. Баъд аз шаш сол модараш Омина, низ зиндагиро падруд гуфт...
Сипосу ҳамди бепоён ба Холиқи ягонаву бениёз,ки бар инсон, дар баробари неъматҳои фаровон, неъмати фарзандро низ ато фармуд. Ва дуруди беинтиҳо ба Паёмбари маҳбуби мо - ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее


