Асосӣ Мақолаҳо Алайҳи ифротгароӣ дастаҷамъона мубориза бояд бурд

Алайҳи ифротгароӣ дастаҷамъона мубориза бояд бурд

Алайҳи ифротгароӣ дастаҷамъона мубориза бояд бурд
2019-08-01
1881

Терроризм ва ифротгаройӣ бо даҳшатзоиву даҳшатафкании бемисл дар асри навин на танҳо амну осоиштагиро дар дунё аз байн бурдаву мебарад, балки ба ҳолати равонӣ таъсири бад гузоштаву мегузорад. Алҳол он ба василаи гуногуни техникаву технологияи пешрафта ба ҳар хона ворид шуда метавонад. Чӣ бояд кард, ки мардум ҷисману рӯҳан бар зидди ривоҷу гус­тариши онҳо омода бошанд?

Дар ин бора журналист Абдулқодири Раҳим бо устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов ҳамсуҳбат шуд.

 - Тавре маълум аст, терроризм ва экстремизм чун вабои аср эътироф гардидаву аз зарару оқибатҳои баду даҳшатзои онҳо ҳар як сокини сайёра дар хавфу хатар зиндагӣ ба сар мебарад. Ин, албатта, ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири манфӣ мегузорад. Биноан, мехоҳам, суҳбатро аз ҳолати равонии нафароне, ки аз ин зуҳуроти номатлуб хавф доранд, оғоз бахшед.

- Вақте ки дар бораи терроризм, экстремизм сухан меронем, ҳатман ба ин мазмун пурсишҳо пайдо мешаванд: «Инҳо чӣ гуна зуҳуротанд? Чӣ тавр зуҳур кардаанд?». Албатта, бисёр номатлубанд ва ҳақиқати онҳо ошкор гардидааст. Вобаста ба ҳар давру замон ва шароити таърихӣ онҳо хусусияти хосро касб ва дар ҳоли рушду тараққиёти давр, техникаву технология, бешак, шакл дигар кардаанд. Дар охири асри XX ва аввали асри XXI бо даҳшатафзоиву даҳшат­афканӣ ин зуҳурот собит сохтанд, ки бо онҳо ҳеҷ гуна муросо ва созиш қобили қабул нест.

Дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи асосии терроризм ишора мешавад. Ҳадафи чоруми он иборат аст аз тарсонидани аҳолӣ. Яъне, терроризм ва экстремизм бавуҷудоварандаи фазои хавф ва тарсу ҳарос мебошанд. Бо чунин фазо идора, мутеъ ва талқин кардани мардум осонтар мегардад. Бояд дар назар дошт, ки дар ҷомеа кӯдакон, наврасон, ҷавонон, пирон, яъне, намояндагони синну соли гуногун зиндагӣ мекунанд. Ҳар кадоме аз онҳо бо шакли гуногун мутаассир аз ангезаҳои мудҳиш мешаванд. Ин аст, ки даҳшатафканон барои расидан ба ҳадаф аз ҳар восита истифода мебаранд. Барои мисол, ба хотир биёрем наворҳои паҳншударо ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ: кӯдаки ҳалокшуда дар соҳили баҳр ё қатли модар аз ҷониби фарзанд. Ин ҳар ду ҳолат ҷаҳониёнро ба таҳлука андохт ва чеҳраи аслии террористу экстремистро бори дигар рӯшан намоён намуд. Ҷаҳониён бовар ҳосил карданд, ки террорист ҳатто нисбат ба модар раҳм надорад. Бо бераҳмии тасаввурнопазир террорист, қотили модарро қаҳрамони асосӣ донистанд. Амалҳои мазкур ва ба онҳо монанд шиддати тарсро дар вуҷуди аҳолӣ дучанд меафзояд.

Барҳақ ба хулоса омадаанд, ки террорист ба ҳеҷ кас раҳм надорад. Муқаддасотро намешиносад ва низ эътироф намекунад. Ҳамин тавр, он модар, Ватан, дин, мазҳаб надорад. Вақте модар, оне, ки ӯро ба дунё овард, парвард ва ба балоғат расонд, барояш арзиш надораду ба қатлаш мерасонад, оё ба дигар кас раҳм менамояд ва барояш арзиш пайдо карда метавонад? Албатта, не!

Ман аз рӯйи талаботи касбӣ ва ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ бо чунин афрод борҳо суҳбат доштам. Вақте аз ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ пурсон мешудам, ки чаро ба рӯйи модар наменигарад ва бо ӯ сухан намегӯяд, ин посухро мешунидам: «Модаре, ки ба равияи ман намеравад, аз баҳраш мегузарам ва ӯ модари ман буда наметавонад». Модарон дар ин ҳол аз шунидани посухи фарзандон ноумед мешуданд ва ашк мерехтанд. Дармеёфтанд, ки дар вуҷуди фарзандон нисбат ба онҳо ҳеҷ гуна нишони меҳру муҳаббату садоқат ва раҳму шафқат намондааст. Аз ин рӯ, бояд ба мардум бифаҳмонем, ки чунин шахсон аз ҷониби гурӯҳе ба ин бераҳмӣ ва эътироф накардани арзишҳои инсониву исломӣ махсус тайёр карда мешаванд. Мафкураашонро тағйир медиҳанд. Барояшон арзишҳое муҳиманду қимат доранд, ки онҳоро хоҷагону роҳбаронашон талқин мекунанд.

- Ҳолати равонии даҳшатафканонро ҳамчун мутахассис чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Вақте ки ин ё он нафарро ба гурӯҳи террористӣ дохил мекунанд, нахуст тарбияи ӯ оғоз меёбад. Дар ин ҳол шахсиятсозӣ ба амал меояд. Аз рӯйи талабот қабули узви нав чунин аст: гурӯҳ барои ӯ ба ҳукми оила мебошад. Пас, ӯ оилаи аслиро гум мекунад ва аз баҳри он мебарояд. Сарварони гурӯҳ ҳукми волидайни ӯро касб мекунанд. Яъне, онҳо волидайнро фаромӯш менамоянду аз ёд мебаранд. Аъзои гурӯҳ бародарон, дӯс­тону рафиқони ӯянд. Бо ин шомилшавӣ талқин мегардад, ки ту дигар падару модар, бародар, дӯст, рафиқ надорӣ. Мегӯянд, ки падару модари ту мо – сарваронат ҳастем, бародарону дӯстону рафиқонат аъзои гурӯҳ маҳсуб меёбанд. Муошират танҳо дар дохили гурӯҳ бояд сурат гирад, бегонафикрӣ саркӯб ва аз гурӯҳ берун шудан сахт маҳкум карда мешавад. Аз ин шакли муносибат, тарбия, талқини ҳадафу ғояҳо муайян мегардад, ки террористу ифротгаро чӣ гуна сохтаю тайёр карда мешавад. Инчунин, аз ин бармеояд, ки террористону ифротгароён баъдан чӣ гуна хислатҳоро соҳиб мешаванд. Онҳо, пеш аз ҳама, одамоне ба шумор мераванд, ки дараҷаи баланди агрессия, бадбинӣ, бадхашмӣ, ғазаб ва нафрат доранд. Ин сифатҳои бад дар шахсияти онҳо пурзӯр карда мешавад. Қадру қимати ӯ аз дараҷаи бераҳмияш вобастагӣ дораду муайян мегардад. Ҳар қадар амалҳои зӯроваронааш дар дараҷаи баланди бераҳмӣ сурат бигирад, ҳамон андоза дар гурӯҳ қадру қимати зиёд пайдо мекунад. Дараҷаи худбаҳодиҳии ин хел одамон ниҳоят баланд аст. «Ман»-и ин гуна шахсон зимни арзишҳое, ки аз ҷониби сарварони гурӯҳ ва дигар роҳбарон талқин мегардад, ташаккул меёбад. Онҳо дигар хел исломро қабул надоранд. Исломеро мепазиранд, ки дар гурӯҳ ба онҳо вобаста ба ғаразу ҳадафҳои сиёсӣ омӯзонда мешавад. Аз суҳбатҳое, ки бо намояндагони онҳо доштем, ба ин хулоса омадем, ки барояшон на арзишҳои ин дунё, балки арзишҳои он дунё муҳиманд. Фаромӯш кардаанд, ки баҳодиҳӣ ба инсон дар он дунё аз аъмоли ин дунёаш вобаста аст.

Аслан ду гурӯҳи террористон вуҷуд доранд, ки аз ҳам фарқ мекунанд. Гурӯҳи террористоне ҳастанд, ки дорои зеҳнияти баланданд, худбаҳодиҳияшон дар ин асос низ баланд мебошад, ки ба худ аз буда бештар баҳо медиҳанд. Соҳиби мафкура ва ҷаҳонбинии васеъ буда, ба худ боварии амиқ доранд. Онҳо мутаассиби сахт буда, барои худсобитнамоӣ аз ҳар гуна роҳ истифода мебаранд.

Боз гурӯҳе аз ифротгароён вуҷуд доранд, ки дараҷаи худбаҳодиҳияшон паст аст. Онҳо ба худ бовар ­надошта, ба талқину ташвиқ дода мешаванд, яъне талқиншавандаанд. Муносибати танқидӣ ба худ камтар доранд. Фаъолияти маҳдуди ­фикрӣ дошта, дурандеш нестанд. Оқибатҳои рафтору гуфторашонро пешбинӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, идора кардану фармонравоӣ аз ҷониби сарварону аъзои гурӯҳ ба ин қабил осонтар мегардад. Ин гурӯҳ аз имтиҳони зӯровариву бераҳмӣ бояд ҳатман бигузарад. Барои бераҳм гардидан зарур аст, ки ҳайвонот, инсон ва иншоотро маҳв бисозанд, битарконанд ва хароб бисозанд. Иҷрои ин амалҳо машқест барои бераҳм гардиданашон. Ин афрод бо амалҳои номатлубу машқҳои пиру ҷавонкушӣ қабрис­тонҳои зиёдро ба вуҷуд меоваранду бо мурдагони нав онҳоро васеъ менамоянд. Ман аз ҳар кадом намояндагони ин гурӯҳ пурсидаам: «Агар бандагиро рӯзе ба ҷо биёрӣ, яъне чун аз ин дунё реҳлат бикунӣ, дар назди Офаридгор ба рӯзи пурсиш чӣ гуна ҳисобот медиҳӣ? Аз дафтари аъмолат чӣ навиштаеро хоҳӣ хонд, ки ба он ифтихор намуда битавонӣ?». Аз посух гуфтан оҷиз мемонданд. Ба ҷойи онҳо худам посух мегуфтам: «Медонӣ, ки дар дафтари ­аъмолат ба ҷуз ғорат карданҳо, куштанҳо, ба вуҷуд овардани қабристонҳо дигар чизе нест? Рафтед ба Ироқу Сурияву давлатҳои дигар, исломи худро дигар карда, пир, ҷавону кӯдак, падару модару хоҳар куштед. Дигар чӣ ҳисоботе ҳам дода метавонед? Шумо Ватан, модар, дин, мазҳаб надоред».

Дар ин маврид, хусусан, ҷавонҳо, лол мегардиданд. Бархе аз онҳо ин ҳақиқатро мешуниданду бо рехтани ашк мепазируфтанд. Воқеан, ин ифротгароён ончунон тарбия ёфтаанд, ки барои тағйир доданашону табдил намуданашон бояд хеле кор карду заҳмат кашид. Набояд дар ин маврид ноумед шуд. Тарбия намудану дигар карданашон имконпазир аст.

- Илми равоншиносӣ, аслан равоншиносон, то ба куҷо метавонанд монеъ ва садди ривоҷу густариши терроризму экстремизм бишаванд?

- Терроризм як зуҳуроти зӯроварӣ ба инсоният аст. Агар бигӯем, ки психолог танҳо онро пешгирӣ карда метавонаду садди роҳи густаришаш мешавад, хатост. Ба он фақат дастаҷамъона метавон мубориза бурд. Дар ин маврид психолог низ имкон дорад, ки бисёр корҳои муфиду муҳимро ба сомон бирасонад, албатта, дар ҳамкории доимӣ бо дигар сохторҳо. Психологҳо, махсусан, ба се ниҳод бояд такя бикунанду бо онҳо иртиботи ҳамешагиву қавӣ дошта бошанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин се ниҳод зикр мешавад: оила, мактаб ва ҷомеа. Хадамоти психологӣ бояд дар ин се ниҳод ҳатман бошад. Аз рӯйи дурнамо фаъолиятро аз оила бояд оғоз бахшид. Зарур аст, ки дар оила фазои таассуб, таассуби динӣ набошад. Агар дар оила мутаассибон бошанд, кор якҷо бо намояндагони хадамоти дин ва муҳофизону нозирони қонун бояд оғоз биёбад. Психолог бо шуури ҳар нафари аъзои оила бояд кор барад ва арзишҳои наву замонавиро дар он ҷой кунад.

- Ба ифротгаройӣ чӣ гуна шахсон рӯ меоранд?

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷанбаву сабаби рӯ овардани бархе ба ин зуҳуроти номатлуб норасоӣ, сер нагардидан аз муҳаббат, меҳру навозиши волидайну аъзои оила мебошанд. Инро дар адабиёти психологӣ «ҳиссиёти сернашуда аз меҳр» ном мебаранд. Фарзанд дар муҳити зулм, ситам, ҷафо, ҷабр ба воя расидааст. Яъне, ҷойи меҳр, муҳаб­бату навозиш холист. Ин ба давраҳои баъдии ҳаётии узви оила таъсири бад мегузорад ва аксуламал нишон медиҳад. Яъне, ин хотираҳо аз насл ба насл мегузараду аз миён намеравад ва дилхоҳ зарбаи психологӣ, ки ба он эътино нашудааст, дар ҳолати фаъол меистад ва дар мавриди мувофиқ бедор мешавад. Бешубҳа, ин гуна шахсон шомили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегарданду эҳсоси бераҳмӣ дар вуҷудашон пештару бештар ҷой мегираду ташаккул меёбад.

Соле пеш собиқ раиси шаҳри Левакант Санавбар Самеъзода ташаббус нишон дода, «Ҳуҷраи машваратӣ» — ро барои тағйир додани рафтори зӯроварҳои оилавӣ кушод. Мо — як гурӯҳи психологҳо, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, ҳуқуқшиносон, ходимони дин, кормандони соҳаи иҷтимоӣ бо оилаҳои носолим кор пеш мебурдем. Агар узви оила бо аризаи шикоятӣ оид ба зӯроварӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат бинамояд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» амрномаи муҳофизатӣ нисбат ба ӯ тартиб дода мешавад. Ба зӯровар таъкид мегардад: «Шуморо мувофиқи қонун ҷазои маъмурӣ намедиҳем, зеро ба тарбияи фарзандонатон бояд машғул бигардед. Аммо зарур аст, ки ба ин ҳуҷра биравед, дарсҳои муайянгардидаро аз худ бикунед, то тағйири рафтор бинамоед». Пас аз ду моҳи иштирок дар барнома, агар ислоҳ бигардад, ӯро аз қайд мебароранд. Бояд дар назар дошт, ки зумрае аз ин зӯроварҳо низ шомили гурӯҳҳои ифротӣ шуда метавонанд. Бинобар ин, фаъолияти «Ҳуҷраи машваратӣ» як роҳи мақбули пешгирии шомилгардии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» ба нақша гирифта шудааст ва таълими он аз ҷониби психологон ба мақсад мувофиқ аст.

Ташаббусу пешниҳоди хуби дигарро чанд моҳ пештар раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ намуданд. Яъне, дастур доданд, ки хатмкунандагони соҳаи психологияи донишкадаву донишгоҳҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои фаъолият сафарбар карда шаванд. Мақсуд, албатта, ҷоннок намудани хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Пас, психологон зимни таълиму тарбияи хонандагон таъсир мегузоранд ва дар боло рафтани эҳсоси ватандӯстӣ, маърифати хештаншиносӣ саҳми чашмрас мегиранд. Ин монеи рушду густариши зуҳуроти номатлубу хатарзо, аз қабили терроризму экстремизм мегардад.Бинобар ин, агар психологҳо ба ин ниҳодҳо бештар ҷалб карда шаванд, он гоҳ таъсирашону саҳмашон ҳамон қадар меафзояд.

- Бо иқдоми Пешвои миллат чанде пеш беш аз 84 нафар фарзандони ҷангиёни тоҷик ба Ватан бозгардонда шуданд. Таассуротатон дар ин бора ва андешаатон дар хусуси ояндаи чунин кӯдакон чӣ гуна аст?

- Пас аз он ки кӯдакони ҷангиёни тоҷик аз Ироқ ба Ватан оварда шуданд, ба мо – ду нафар устодони кафедраи психология ва педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои офиятбахшии психологии онҳо тадбирҳои заруриро ҳар чӣ зудтар биандешем.

Се ҳафта дар осоишгоҳи «Харангон» ба офиятбахшии психологии кӯдакон машғул будем. Синну соли онҳо аз 1 то 18 – соларо дар бар мегирифт. Бештари онҳо аз 1 то 10 – соларо ташкил медоданд.

Мо, пеш аз ҳама, ба кӯдакони аз 5 – сола боло кор кардем. Ҳолати пуршиддати рӯҳии онҳоро бояд рафъ менамудем. Нахуст муайян карда шуд, ки ҳеҷ нафаре аз онҳо бемор, хоса бемори рӯҳӣ нест.

Зимни истифодаи роҳу усулҳои гуногуни психологӣ муайян кардем, ки кӯдакон дар муҳити носолим ба воя расидаанду тарбия ёфтаанд. Аз ин рӯ, вобаста ба он мафкураву шуурашон шакл гирифтаанд. Ҳангоми ба роҳ мондани офиятбахшии психологӣ усулҳои гуногуни психологӣ истифода шуданд ва яке аз онҳо кашидани расм дар мавзӯи дилхоҳ буд. Аксарияти кӯдакон расмҳои ду хонаро мекашиданд: хонаи ироқӣ ва тоҷикистонӣ. Тобиши хонаҳои ироқии кӯдакон хираву тира буданд. Онҳо зимни пурсиш дар мавриди ранги хонаҳои ироқӣ посух гуфтанд: «Дар маҳбас будем ва ранги маҳбас ҳамин гуна аст. Дар он хона чизе нест, ба ҷуз азоб, шиканҷа, ранҷу машаққат. Дар ин хона пас аз зулму ситам, ки нисбатамон раво медонистанд, ашк мерехтем ва мегиристем. Ин хонаи дигар, хонаи тоҷикистонӣ аст. Ранг­ҳояш рӯшану зебову дилкашу ҷолиб мебошад. Дар ин хона ҳама чиз ҳаст, чизҳои хуб: миз ва курсиҳои бароҳат, бозичаҳо, дафтар, қалам, қоғазҳои ранга ва ғайра».

Онҳо ба ҷуз ин бо сурати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд. Донистанд, ки ҳамин нафар онҳоро наҷот бахшиданд ва нисбаташон раҳму шафқати бемислу беназир намуданд. Кӯдакон ҳар субҳ бо ворид шудан ба толор ба Ҷаноби Олӣ салом медоданду сипас омода ба машғулиятҳои психологӣ мешуданд.

Ҳамин тавр, кӯдакон  дар се рӯз хонаҳоро бо ҳам қиёс намуданд ва бартариву зебоии хонаҳои Тоҷикис­тонро дарёфтанд. Донистанд, ки дар ин хона зулму ситам, ранҷу машаққат, нолаву гиря нест. Баръакс, ин хона макони амну осоиш, меҳру шафқат ва шодиву нишот мебошад. Ба ҳавои кушод мебаромаданд, назди рӯди хурду шӯхи Харангон мерафтанд ва аз дурахшу нури офтоб баҳравар мегардиданду ҳаловат мебурданд.

Албатта, кормандони осоишгоҳро омода намуда будем, ки бо онҳо чӣ гуна муносибату муошират дошта бошанд.

Гурӯҳе дигар аз кӯдакон дар расмҳои кашидаашон ду тайёраро тасвир карда буданд: яке тайёраи ироқӣ ва дигаре тайёраи тоҷикис­тонӣ. Онҳо бо ду ҳуруфот менавиштанд: арабӣ ва кириллӣ. Яъне, нафароне, ки ҳуруфоти кириллиро намедонистанд, дар ин маврид аз ҳуруфоти арабӣ кор мебурданд. Мепурсидем, ки як тайёра аз тайёраи дигар чӣ фарқ дорад? Бо андуҳ посух медоданд, ки ин тайёраи ироқӣ аст, тайёраест, ки бомба, ракета дорад ва хонаҳоямонро тарконд, моро бехонаву дар кард. Дар мавриди тайёраи тоҷикистонӣ бо шодмонӣ мегуфтанд, ки он моро аз макони ҷанг, зулму ситам, зӯроварӣ, ранҷу машаққат овард ва боз модарамонро ҳам меорад.

Ҳамин тавр, кор бо кӯдакон рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мешуд. Онҳо бо мо, бо дигарон унс мегирифтанд, ба истиснои баъзеашон, ки мушкилоти ҷиддӣ доштанд. Барояшон донистани ду мафҳум ва шинохтани онҳо: муҷоҳид ва кофир муҳим арзёбӣ мешуд. Одамонро ба ҳамин ду категория ҷудо мекарданд. Ба онҳо омӯзондаанду дар майнаашон банд – банд ҷо кардаанд, ки кофир кисту муҷоҳид кист.

Зимни фаъолият мушоҳида намудем, ки кӯдакон дар муҳити солим, дуруст ба маънии мусбаташ тағйир меёфтанд. Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки аз нуқтаи назари илми психология, инсон, воқеан, тағйирёбанда ва дигаргуншаванда аст. Аз ин рӯ, набояд ба тағйир ёфтани он шубҳа кард.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо баргардондани кӯдакони ҷангиёни тоҷик аз Ироқ ва фароҳамоварии шароити хуби зисту таълиму тарбияи онҳо бори дигар гуманист, инсондӯсти асил буданро собит сохтанд. Албатта, назири ин амали нек дар ҷаҳон ҳеҷ гоҳ набуд. Бо ин амал ба мардум изҳор доштанд, ки кӯдакон ҳеҷ гуноҳе надоранд.

Агар ба забони илми равоншиносӣ бигӯем, кӯдак ба ҳукми як тахтаи сафед ба дунё меояд ва арзи ҳастӣ мекунад. Ба ин тахта минбаъд ҷомеа нақшу нигор дар шакли арзишҳои гуногуни иҷтимоӣ мегузорад. Яъне, кӯдаконро, ки акнун шакл мегиранд, метавон тағйир дод ва чунин имкон алҳол вуҷуд дорад.

Мавриди зикр аст, ки кӯдакон бештар ба модарон дилбастагӣ доранд. Модар дар дунёи онҳо ҷойгоҳи хосро молик аст. Барои ӯ бо эҳсосу дилсӯзӣ, меҳру шафқат ашк мерехтанд, мегиристанд. Аммо вақте аз онҳо дар бораи падаронашон мепурсидем, бо ифтихор посух медоданд, ки шаҳид шудаанд. Ёдовар мегардиданд, ки падарашон боре бархост ва гуфт: «Ман барои шаҳид шудан меравам». Ҳамин тавр, фарзанд ин гуфтаро қабул мекунад ва агар, воқеан, барнагашт, мепиндорад, ки падараш шаҳид шудааст. Дар ин ҳол дар чеҳраи онҳо нишонаҳои яъсу навмедӣ ба вуҷуд намеомад ва ифтихор ҳам мекарданд.

Мо хулоса ва тавсияҳоро дар бораи ояндаи ин кӯдакон ва усули таълиму тарбияи онҳо гуфтему навиштему пешниҳод кардем. Бешак, он ҳама ба инобат гирифта мешавад. Дар ин масъала, албатта, мушкилот вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки иҷтимоишавии инсон дар оила сурат мегирад. Ин ҳақиқатро ҳеҷ кас инкор намекунад. Тамоили ҷаҳонишавӣ аст, ки шумораи хона – интернатҳо кам карда шавад ва инсон дар оила бимонаду дар он ҷо таълиму тарбия бигираду ба воя бирасад. Дар сурати тақсими кӯдакони ятим ба хонаҳои хешовандон бояд фазои он оилаҳо бо имкониятҳои мавҷуда ва ё баръакс, омӯхта шаванд. Агар фазову муҳити оилаҳо носолим бошад, набояд кӯдаконро дар он гуна макони зист ҷой дод. Дар ин маврид ба хатоӣ роҳ додан нашояд. Ҳаматарафа фазову муҳити оила бояд омӯхта шавад. Дар тақсиму ҷобаҷокунии онҳо бояд эҳтиёткор бошем, бо шитобкорӣ ва саросемагӣ хулосаи нодуруст набарорем. Дар оилае, ки фазову муҳиташ солим асту тафаккураш замонавист, кӯдаконро бо дилпурӣ ва боварӣ супурдану ҷой намудан мумкин аст. Дар ин сурат ҳам ба ин гуна оилаҳо бояд ёрӣ бирасонем, мутахассисонро бифиристем, маслиҳатҳои судбахш бидиҳем. Вале агар кӯдаконро ба хонаҳое бифиристем, ки таассуби динӣ, зулму зӯроварӣ дар он мавқеи хос доштаву мафҳумҳои муҷоҳиду кофир дар маркази диққат бошад, шахсияти онҳоро ба маънои мусбаташ тағйир дода наметавонем. Дар сурати пайдо нагардидани оилаи солиму муҳити солим барои ояндаи неки кӯдакон хона – интернатҳо беҳтару муҳимтар мебошад. Яъне, беҳтар аст, ки онҳо фарзандони давлат бишаванд.

Ин кӯдакон аз марҳилаи якуми шахсиятсозӣ гузаштаанд. Акнун марҳилаҳои дигар дар пешанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки онҳоро ҳамчун насли солиму дӯстдори Ватану сарзамин ва инсонияти рӯйи ҷаҳон тарбият карда метавонем. Дар ин ҳол набояд ноумед шуд.

- Ба эътирофи коршиносону муҳаққиқон, Тоҷикистон бо терроризму экстремизм дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Ба андешаи шумо, дар ин самт боз чӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардан мумкин аст?

- Агар ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон дар ин хусус ба тасвиб расидаанду амал мекунанд, бингарем, саъю кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт рӯшан собит мегардад. Бо иқдому ташаббусашон дар кишвар вохӯрӣ, ҳамоиш, конференсия, саммитҳои сатҳи баланд ба ин хотир баргузор шуданду мешаванд. Аз ҷониби давлат чорабиниҳои гуногуни сатҳашон баланд гузаронида шуд. Аммо набояд фаромӯш намоем, ки дар минтақае зиндагӣ ба сар мебарем, ки ба ин масъала бетафовут буда наметавонем. Хушбахтона, ҳар фарди солими кишвар инро эҳсос карда истодааст.

Бар он андешаам, ки давлат бо терроризму ифротгаройӣ бояд ҳатман мубориза барад, аммо мағлубсозии он ба ҷомеа вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, бояд ба ҷомеа рӯ биёрем, сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро, баланд бардорем.

Бар асари тадқиқоту таҳқиқоти психологӣ муайян гардидааст, ки синни миёнаи террористону ифротгароён 20 – 25 мебошад. Албатта, дар баъзе аз давлатҳо аз синни 10 – 15 онҳоро омода месозанд. Ба ин хотир, барои қишри зикршуда зарур аст, ки барномаҳои махсусро қабулу амалӣ намоем. Сохторҳои мавҷуда вобаста ба самти фаъолият дар ин хусус тадбирҳои зарурӣ бояд биандешанду роҳандозӣ намоянд, то маърифати ҷавонон боло бираваду фазои холӣ ба вуҷуд наояд.

Ба мардум бояд исломи воқеиро шинос бикунему биомӯзонем. Азбаски фазои исломи воқеӣ холист, ҷавонон исломи интиқолиро бо тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои хатарзову даҳшатзо мепазиранду роҳашонро дар зиндагӣ дигар мекунанд. Ҳатто муайян шудааст, ки қариб ҳаштод дарсади террористон муҷарраданд. Аз кӯдакони ба кишвар овардашуда вақте мепурсидем, падарат дар куҷост, посух мегуфтанд: «Кадомаш? Ман чор падар дорам. Ин хоҳарам аз он падар ва бародаронам — ҳар кадом аз дигар падар мебошанд». Яъне, бо мурдани шавҳари зан ӯро ба ақди никоҳи террористи дигар медароранд.

Ҳамин тавр, бо ҷомеа, хоса бо ҷавонон, бештару беҳтар бояд кор бибарем. Назорату амали қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештару беҳтар ва ҷоннок карда шавад ва механизми иҷрои онҳо тақвият ёбанд. Зеро қонунҳо ҳеҷ вақт куҳна намегарданд ва дар ҳар давру замон саривақтӣ маҳсуб меёбанд.

Бознашр аз "Садои мардум"

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар