Асосӣ Мақолаҳо АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ

АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ

АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ
2025-05-26
108

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Сипос Худоеро, ки хилқати инсонро некӯ кард ва ӯро бо рангу фитрати имон офарид, ба ӯ маърифату баён омӯхт ва неъмати эҳсонро бар ӯ арзонӣ дошт, ӯро ба касби фазоил иршод кард ва аз иртикоби разоил барҳазар дошт, саъй дар некӯ кардани ахлоқро бар ӯ воҷиб намуд, ӯро бо тарс аз азоб ба таҳзиби ахлоқ ташвиқ кард ва бо рафъи мушкилоту сахтиҳо ва тавфиқи хеш тай намудани ин масирро бар ӯ осон намуд. Дуруд бар Паёмбари акрам(с), ки дар Қуръони карим бо ороста будан ба хулқи бузург тавсиф шуда ва ба ҳама хонадону ёронаш, ки Худои Таъоло ба дӯстии онҳо ташвиқ кардааст.

Асосан, яке аз аҳдофи ирсоли паёмбарони илоҳӣ ба вижа Паёмбари Ислом (с), ин таҳзиб ва тазкияи мардумон будааст, он ҷо ки мефармояд: “Ва ба дурустӣ Худованд миннат ниҳод бар мӯъминин он ҷо ки фиристодае аз миёнашон дар онҳо барангехт, ки бар онҳо оятҳои Ӯро мехонад ва онҳоро тазкия ва пок месозад ва онҳоро китоб ва ҳикмат меомӯзад…” (Оли Имрон, ояти 164) Тазкияи нафс таъбире дигар аз оростагӣ ба ахлоқи писандида ва дурӣ аз ахлоқи зишт аст.

Ҷойгоҳи ахлоқ дар Ислом ба ҳадде аст, ки Худованди Мутаъол вақте ҳазрати Паёмбар (с)-ро тавсиф мекунад, хитоб ба ӯ мефармояд: Ҳамоно ту бар хулқе бузург ҳастӣ”. Дар ривоятҳои набавӣ ҳам, ороста будан ба ахлоқи некӯ ва писандида ва дурӣ аз ахлоқи нописанду зишт, ба дараҷае аз аҳаммият аст, ки Паёмбар (с) мусалмонеро, ки аз ахлоқи исломӣ ба дур аст, касе мешуморанд, ки аз имон маҳрум аст.

Ва ҳамин ҷойгоҳи ахлоқ дар Ислом аст, ки уламо ва донишмандони бузурги исломӣ, ҳар яке китоб ва ё ҳадди ақал рисолае дар ахлоқ ба риштаи таҳрир даровардаанд. Мо донишманд ва олимеро, ки аз шуҳрат дар миёни мусалмонон бархӯрдор бошад, суроғ надорем, ки дар заминаи ахлоқ чизе аз худ бар ҷой нагузошта бошад. Аммо дар миёни онон, бо ситораҳои дурахшоне бармехӯрем, ки таҳқиқ ва пажӯҳишҳои арзишманде дар мавзӯъи ахлоқ ва одоби исломӣ аз худ бар ҷой гузоштаанд, ки аз намунаҳои боризи он, Ҳуҷҷатулислом Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) аст. Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) ду ҷилд аз китоби гаронмояи “Эҳёи улуми дин”-и худ, яъне бахши “Муҳликот” ва “Мунҷиёт”-ро ба ҳамин мавзӯъ ихтисос додааст.

         Масъалаи дарки ахлоқ дар инсон як эҳсоси табиъӣ ҳаст, ки Офаридгори доно дар ниҳоди ӯ амонат гузоштааст. Ва ҳамин эҳсос аст, ки инсонро водор мекунад бархе аз сифатҳоро дӯст дошта бошад ва нисбат ба баъзеи дигар эҳсоси нафрат кунад. Ин шуъур ва идрок, агарчи дар афроди мухталифи башар гуногун аст, вале идроки тамоми мардум қатъи назар аз хусусиёт ҳамеша ва дар ҳар замон бархе аз кирдорҳоро нек ва баъзеи дигарро зишт ва қабеҳ мешуморад.

 Масалан, ростӣ, дурустӣ, адолат, амонат ва вафо ба аҳд, ҳамаи инҳо сифотеанд, ки инсоният дар ҳама давру замон онҳоро дар баробари сифоте қарор дода, ки сазовори ситоишанд. Барои инсон ҳанӯз замоне пеш наёмада, ки дар он дурӯғ, зулм, хиёнат ва ҳилагариро нек тасаввур намояд ва ҳамчунин мавзӯъи мардонагӣ, меҳрубонӣ, ҷавонмардӣ, бахшиш, афв ва ҳамаи ин сифоте мебошад, ки ҷаҳони инсоният дар тамоми давру замонҳо фақат бо дидаи азамат ва қадр ба онҳо нигоҳ кардааст. Баръакс, худхоҳӣ, сангдилӣ, бухл, ва тангчашмиро ҳаргиз инсоният аз ҷумлаи сифоти арзишманд ва бузург надонистааст. 

Инсоният ҳамеша шикебоӣ, бурдборӣ, ҳимматбаландӣ ва шуҷоатро гиромӣ дошта, онҳоро бо дидаи азамат менигарад. Аммо шаҳватпарастӣ, сифлагӣ, беадабӣ ва бадахлоқӣ дар миёни сифатҳое, ки инсоният онҳоро аз ахлоқи нек мешуморад, макон ва мавқеъ надорад. Ҳамин тавр инсоният дар миёни фазоил аз анҷоми вазифа ва вафо ба аҳд, қудрат дар амал, дурандеширо бузург мешуморад ва ҳаргиз нисбат ба афроде, ки вазифаашонро анҷом надода, ба аҳду паймони хеш вафо накунанд, ба назари таҳсин нанигаристааст. Ҳама инҳо, ки зикр шуд сифатҳои фардӣ ва шахсӣ ҳастанд.

Некиву бадӣ сохтаву бофта нестанд, ки бар касе пинҳон бошад, то агар касе хост онҳоро бишиносад, ба баҳсу баррасӣ муҳтоҷ шавад, балки инсон аз ҳамон рӯзи нахуст неку бадро шинохтааст. Аз рӯи тавоноии фитрие, ки Худованд ба ӯ ато карда ва ҷузъи сиришташ қарор додааст, ба неку бадӣ ошноӣ дорад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Қуръони карим хайрро ба номи маъруф ва шарро ба номи мункар ёд мекунад. Мақсуд аз ин гуна номгузорӣ ин аст, ки «маъруф» чизест, ки инсон онро фитратан шинохта, ба он майл дорад ва ҳамзамон ба он унс низ гирифтааст. Аммо «мункар» чизест, ки инсон онро нашинохта, аз он нафрат дорад ва ба ҳамин далел аст, ки барои таъйид дар Қуръони карим омадааст: «Бадкорӣ ва парҳезгор буданро бар ӯ илҳом бахшида», яъне бар нафси инсоният илҳом намуда» (сураи Шамс, ояи 8)

Лукмони ҳаким ба фарзандаш мефармояд: «Эй фарзанди азизам! Намозро бихон ва ба кори нек дастур бидеҳ ва аз кори бад наҳй (манъ) кун ва дар бораи мусибате, ки бар ту мерасад, шикебо бош. Инҳо аз корҳо (-и асоси ва муҳимме) аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард ва бо такаббуру беэътиної аз мардум рў магардон ва мағрурона бар замин роҳ марав, зеро Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дўст намедорад. Ва дар роҳ рафтан эътидолро риоя кун ва (дар сухан гуфтан) аз садои худ бикоҳ (фарёд мазан) ва зишттарин садо ин садои харҳост».

Имом Ғаззолї мефармояд, хулқу халқ (сирату сурат) бо ҳам
истифода мешаванд, масалан, гуфта мешавад: Фулонун
ҳасан-ул-хулқи ва-л-халқ, яъне ботину зоҳири ў некў хуб
аст. Мақсад аз халқ ҳамон сурати зоҳирии вай аст ва мурод аз
хулқ сирати ботинї. Паёмбар (с) фармудаанд: «Комилтарини муъминон дар имон хушахлоқтарини онхо мебошанд». (Тирмизї) Боз фармудаанд: «Ба-дон ҷиҳат Худованд Маро ба рисолат баргузидааст, ки макорими ахлоқро такомул бахшам ва инсонро бо ахлоқи ҳасана биороям». Боз фармудаанд: «Дин танҳо ва танҳо як навъ додугирифт ва рафтору муомила бо дигарон аст…» Аҳмад Шавқї дар ин маврид чи хуш гуфтааст: Бе гумон, он чи ки миллатро нигаҳ медорад, ахлоқи онҳост, вақте ахлоқи наку аз миёни онҳо биравад, онҳо низ аз паси он аз миён мераванд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:23
Пешин12:40
Аср17:58
Шом19:53
Хуфтан21:23
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН