Асосӣ Мақолаҳо Фитна – мудҳиштарин ва зишттарин садди иттиҳоди ҷомеа.

Фитна – мудҳиштарин ва зишттарин садди иттиҳоди ҷомеа.

Фитна – мудҳиштарин ва зишттарин садди иттиҳоди ҷомеа.
2019-08-06
2996

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Дар олами ашё ва ҳамчунон дар кайҳони маънавии башарият падидаҳое хеле барзиёд ба мушоҳида мерасанд, ки дар ҳоли тақобулҳои абадӣ қарор доранд. Ин тақобулҳо, аз қабили некиву бадӣ, ҷаҳолату доноӣ, рўшаниву торикӣ, ҷаҳлу таҳаммул, ғазабу меҳрубонӣ, фақру дороӣ, пешрафту қафомондагӣ, худшиносиву ғофилӣ, адолату золимӣ, нифоқу иттиҳод ва чанде дигар паҳлўи ҳам дар дар иртиботи ҳамдигар аз ҷониби Ҳақ Таъоло баҳри имтиҳони инсонҳо ва тавозуни рафтору кирдори онон дар ҳошияи зиндагии ҷомеаи башарӣ арзи ҳастӣ доранд.

Таърихи рушди башар вобастагӣ аз он дорад, ки то чӣ андоза инсонҳо ба рафтору аъмоли нек мепайванданд ва аз афъоли муқобили он худдорӣ мекунанд. Ин ҷо ҳикматҳои зиёде ҳаст, ки аз фаҳму дарки як инсони муқаррарӣ боло меравад ва ба фазли Худовандӣ бастагӣ дорад. Нахустин иғвое, ки аз бани Одам бархест, куштори Қобил аз ҷониби Ҳобил буд ва аввалӣ нидое баровард, ки «ҳарчанд ту дасти кина бар ман дароз мекунӣ, аммо ман инро нахоҳам кард…». Ин нахустин аксуламали фарзанди Одам буд ва аввалин нишонаи таҳаммул ва ҷавоби накў бар амали зишт. Баъдҳо аз ин амали ибтидои вуҷуд сабақҳое бардошта шуд ва ҳикматҳои зиёде дар мазраи тафаккури андешамандон ба ҳосил омад.

Афлотуни ҳаким сар задани гуноҳ ва ё ягон амали зиштро ба худи инсон вобаста кард ва иддаояш ин буд, ки одам баъди гуноҳ масъулиятдор аст, ки худаш худашро мавриди муҷозот қарор бидиҳад. Яъне инсоне, ки гуноҳ содир кард, аввалтар аз ҳама аз роҳи хештаншиносӣ боистӣ, ки худаш худашро ҷазо диҳад, то ки назди худовандаш ва виҷдонаш пок бимонад. Дар маъхазҳои дигар, аз ҷумла дар маохизи авастоӣ низ ба вуҷуд омадани нияти кори бад гуноҳ шумурда мешуд, яъне фикри гуноҳ дар мағз ба аслаш мусовӣ эътироф мешуд. Дар масеҳияту католисизм, дар буддоияву дигар адёни ҷаҳонӣ ба ин монанд қавоиде ҳаст, ки сар задани ҷурми инсониро мазаммат ва ислоҳи онро шарти инсонвор зистан меҳисобиданд.

Аммо ба итминони банда, дини мубини Ислом аз ҳама он ҳикматҳое, ки ба аслҳои маънавии ҳастии башар мутааллиқ шудаанд, болотару волотар ва муассиртар ба масоили неку бади зиндагӣ дахл кардааст. Худованди яктову тавоно кулли масоили ҳастии моддиву маънавии инсонҳоро танзим намуда, баҳри рифоҳу саодати одамиён дастурҳои фаровоне дар Қуръони азимушшаън ирсол намудааст. Аз он ки чӣ гуна як инсони бодиёнат аз он дастурҳо мустафид мешавад ва ё нодида мегирад, мояи саодат ва ё бадбахтии ўст. Дар маҷмуъ, исломи мубин ахлоқитарин ва покизатарин динест, ки такя ҳамчунин ба инсонҳои поку хушахлоқ дорад.

Аз он тақобулҳое, ки зикрашон дар боло рафт, накўтаринаш зиндагии безарар барои дигарон ва бадтаринаш нифоқу кинаву фитна аст. Дар ҳадиси муборак омада: «Мусалмони ҳақиқӣ ҳамонест, ки аз дасту забони ў дигарон озор набинанд». Фаразан, агар озоре, аз қабили сухани сахту ноҷое бар мусоҳибе гуфтан ҷурми якдафъаина бошад, пас ҷурмҳое ҳастанд, ки таъсир ва оқибати тўлоние бар ҷомеа доранд ва монеаи ҷиддие дар роҳи пешрафт ва осудагӣ мегузоранд. Фитна аз ҳамин қабил озорҳо ва бадиҳост.

Чун дар луғоти фаровоне аз тафсири ин вожа огоҳӣ ёбем, мерасем ба ин хулоса, ки аз фитна дида балои мудҳиштар ва хатарноктаре нест. Инак, маънии ин вожа дар сархати аввал - иғво кардан, фитна андохтан, шўронидан, ба маънии баъдӣ - макр, фитна, ҳила, найранг, дасиса будааст. Аслан, фитна аз вожаи арабӣ - فتنة буда, маънои васваса (иғво) кардан, фиреб додан, гумроҳ кардан, аз роҳ бароварданро дорад.

Дар таърихи ислом нахустин фитнаи мудҳиш – дар Хилофати Араб солиёни 656-661 сар зад ва боиси ба вуҷуд омадани ҳокимияти Уммавиён ва пайдоиши равияҳое чун хориҷиёну сунниҳову шииён шуд. Ал-азҳарӣ фитнаро ба маънои имтиҳону санҷиш ва Ибни Асир ба мазмуни гуноҳ, бовар надоштан, ҷудо шудан ва Ибн-ал-Арабӣ бошад, ихтилофи байни мардум маънидод кардаанд. Ба ҳар маъние, ки набошад, ин вожа, ҳатто дар сурати талаффузаш дар вуҷуди инсон нороҳатие ба монанди халидани хоре дар баданро мемонад. Яъне сурати ин калима бо сираташ комилан мувофиқ меояд.

Асари фитнаҳо одатан ба содиркунандагони он бастагӣ доранд. Фитнае, ки ба як гурўҳи мухтасар тааллуқ дорад, чандон хатарзо нест, аз он ки ба ҷомеаҳо мепечад. Таърих гувоҳ аст, ки як сабаби аслии таназзули Давлати Сомониён ҳамин буд, ки дар арсаи кишвардорӣ аз сиёсати муҳофизакории миллӣ истифода нашуд ва билохира як гурўҳи хурди лашкариёни фитнаҷў тавонистанд, ки рахна дар девори мамлакатдорӣ ангезанд ва онро пора-пора кунанд.

Фитна дар истилоҳи шаръ дар мавридҳои гуногун истифода гардидааст, мисли фитнаи қабр, фитнаи қиёмат, фитнаи молу фарзанд ва ғайра. Расули Акрам (с) дар аҳодиси хеш аз фитнаи Даҷҷол, фитнаи зиндагонию марг ба Худованд паноҳ бурдааст. Маҷмўан, фитна ҳар амали номатлубест, ки бар асари ҷаҳолату каҷфаҳмӣ дар ҷомеа рух медиҳад ва эътидолу суботро барҳам мезанад.

Дар Қуръони карим ва суннати набавӣ далелҳои фаровон мавҷуд аст, ки инсонҳоро аз фитна ҳушдор дода, канорагирӣ аз онро амр кардаанд. Пайғамбари гиромии ислом (с) оид ба оқибати ногувори фитна чунин фармудааст: «Фитна хоб аст, Худо лаънат кунад касеро, ки онро бедор месозад».

Ҳар як фарди ҷомеа бояд ба хубӣ дарк кунад, ки дар ҷомеаи ноором мардум аз раҳмати илоҳӣ маҳрум мешавад. Агар мехоҳем аз раҳмати Худованд маҳрум нашавем, бояд пеши роҳи фитнаву тафриқаро бигирем ва барои ҳифзи суботу амнияти ҷомеаи хеш саҳмгузор бошем. Зеро сулҳу осоиш сабаб мешавад, ки Худованд раҳмату баракати худро бар мардум нозил мекунад. Бояд гуфт, ки фитна сарчашма ва омилҳое дорад, ки метавон онро ба чанд даста тақсим намуд:

Аввалан, омилҳои ахлоқӣ, аз қабили кибр, тамаъ, худписандӣ, ғайбат, суханчинӣ, дурўғ ва ғайра, ки аз нигоҳи шариат гуноҳони кабира ба шумор мераванд. Чунончи Худованд мефармояд: «Эй муъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, таҳқиқ кунед (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас бар он чӣ амал кардед, пушаймон шавед». («Ҳуҷурот»; 6). Баъдан, омилҳои динӣ ва эътиқодӣ, аз қабили таассуби мазҳабӣ ва адами таҳаммулгароӣ. Сипас, омилҳои иқтисодӣ, аз қабили фақр ва ҳубби сарватхоҳӣ.

Агар ба ҷаҳони имрўз назар афканем, мебинем, ки ҳама бадбахтӣ ва фоҷиаҳое, ки дар кишварҳои олам, хусусан дар давлатҳои исломӣ ва мусулмоннишин рух дода истодаанд, аз ҳамин омилҳо маншаъ гирифтаанд. Шариати ислом барои пешгирии фитна дар мавридҳои гуногун аҳкоми худро содир намудааст, зеро ки он сабаби хонавайронӣ, қатлу куштор ва парешонҳолии мардум ва боиси фасоду табоҳӣ дар рўи замин мегардад.

Таърихи начандон дури ҷомеаи мо гувоҳи он аст, ки фитнаҳое, ки бар асари сўиистифода аз дини мубини Ислом ангехта мешаванд, аз ҳама зиёд хатарот ва дар паёмад фатарот доранд. Ин ҳаводисҳои гузашта бори дигар ҷомеаро ҳушдор дод, ки танҳо дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ва итоат ба як маркази фатвою фиқҳ метавон аз гумроҳӣ ва парокандагӣ наҷот ёфт. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрўву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат аст. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад…

Як хислати муҳими фитнакорон ҳамин аст, ки аз тинҷиву оромӣ ва суботи ҷомеа ҳарос доранд, зеро дар ҳоли субот маърифат меафзояд ва ҷойи ноогоҳиро худшиносии фардиву иҷтимоӣ мегирад. Инро фитнакорон бузургтарин хатар медонанд, бар ин асос, ки дигар эътимод ба ҳарзагўён намемонад ва бозорашон аз гармӣ мемонад. Таҷрибаи Сурия, Занзибару Танзания, Нигерия ва чандин кишварҳои дигарро шарҳ додан барзиёд аст. Ҳатто дар кишвари ҳаммарзу ҳамдини мо чун Афғонистон наметавон аз субот ҳарф зад, ба иллати он ки ҳамарўза нифоқу фитна аз ҷомеаҳои сиёсии ба ном исломӣ бармехезанд ва раъияти ин давлати сӣ сол боз дар ҳоли парокандагӣ наметавонад сарчашмаҳои фитнаро бозкушоӣ кунад ва роҳи сулҳу суботи умумро дарёбад.

Аз назари таҳлилгарон ин ҳама хатарҳои бузург дар ибтидо аз ташаббусу ибтикороти фитнаомези чанде аз сиёсатмадорон маншаъ гирифта буданд. Пас, сабақи аввалия ин аст, ки алангаи фитнаро дар ҳолати хурду фарогир набуданаш бояд барҳам зад, зеро баъдан ба оташи азиме табдил хоҳад ёфт. Ин аст беҳтарин роҳи наҷоти ҷомеа аз фитнаву фитнангезон.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар