ИСТИҚЛОЛИЯТ. ШУКРГУЗОРИ ИН НЕЪМАТИ БЕБАҲО БОШЕМ
Истиқлолият ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо варақгардон намуд, ки оғози дигаргуниҳои гардишсоз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа гардид. Миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.
Ин хусусияти барҷастаи ташаккули миллати тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ҳақиқатнигорона дарк намуда, таъкид доштанд: «Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маданияти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии мо будаанд».
Аз ин нигоҳ, Истиқлолияти давлатии мо ҳарчанд пас аз гузашти садсолаҳо дар асри XX расмияти сиёсӣ ва шинохти ҷаҳонӣ пайдо намуда бошад ҳам, он заминаи мустаҳками таърихӣ ва асолати устувори қадима дорад.
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари неъмати бебаҳо ва дастоварди нодир будан, падидаи ифтихорангез аст, ки масъулияти хос металабад. Дар ҳамин асос, Пешвои миллат доимо самимона аз ҳамватанони хеш даъват менамоянд, ки муқаддасу гаронарзиш будани истиқлолиятро дарк намуда, ба қадри он бирасанд. Зеро бақои истиқлолият аз ҳифзи он аз таҳдидҳо ва саҳмгузорӣ дар тақвияти пояҳояш вобастагӣ дорад. Шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, ки аз зиддияту ихтилофҳо холӣ нест, тақозо менамояд, ки ҳар фарди Ватани маҳбубамон дар амри дифоъ аз истиқлолият тавассути фикру амали созанда, ободгариву бунёдкорона, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бо эҳтиром гузоштан ва гиромӣ доштани муқаддасоти ин сарзамини аҷдодӣ содиқу фидокор бошанд.
Тавре Пешвои миллат огоҳ месозанд: «Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст».
Метавон гуфт, ки танҳо сатҳи маърифату маънавиёт, доираи ҷаҳонбинӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳушёриву зиракӣ, огоҳии ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ, ифтихори миллӣ, маданиятнокӣ, гиромидошти тамаддуни гузашта ва рӯҳияи ватанхоҳию ватандўстӣ ҳамчун сифатҳои асосии шаҳрвандони фаъолу боташаббуси кишварамон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пойдории он мусоидат намуда, дар оянда низ маром, ҳадаф ва манфиатҳои миллиамонро таъмин месозад, суботи кишвар ва оромии ҷомеаро ҳам имрӯзу ҳам барои фардо тақвият мебахшад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар барафрохтани кохи шукӯҳманди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадсолоронаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон дода, ба қадри истиқлолият бирасем ва шукргузори ин неъмати бебаҳо бошем.
Суҳроб РӮШАНЗОДА
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар