МАСЪУЛИЯТИ МУЪМИНОН ДАР ЗИНДАГӢ
Ҳамду сано Худовандеро, ки Парвардигори оламиён аст. Ӯ одамизодро каромат дода, ӯро дар барру баҳр ҷой додааст ва аз хушиҳо барояш рӯзӣ дода, фазилати ӯро аз бисёр махлуқоташ волотар намудааст.
Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованд, ки ҳеҷ шарике надорад. Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда, фиристода ва беҳтарин халқи ӯст. Салавоту салому баракоти Худованд бод бар тамоми ёронаш, ки ба Вай имон оварда, Ӯро дастгиру мададгор буданд ва тибқи дастуроту суннаташ роҳ паймуданд. Аммо баъд...
«Эй мардум, шумо аз он Парвардигоратон, ки шуморо аз як нафар офарида, аз он ҳамсарашро офарид ва аз домони эшон мардону занони зиёде офаридааст, битарсед. Ва битарсед аз Худое, ки ҳамдигарро ба номи ӯ мепурсед ва аз тарки силаи раҳм, ҳамоно, ки Худованд муроқиби шумост» («Сураи Нисо», ояти 1).
Эй фарзанди Одам, Худованд туро дар зеботарин сурат офаридааст, туро шакле додааст, ки беҳтарин сурат аст, туро аз тамоми хушиҳо рӯзӣ додааст, пас ту дар ин зиндагонӣ чӣ масъулият дорӣ? Албатта масъулияти бузурге дорӣ. Ту амонати бузургеро бар дӯш дорӣ, ки осмону замину кӯҳҳо тарсиданд ва аз бардоштани он худдорӣ намуданд, вале ту онро бардоштаӣ. Агар ҳаққи онро ба ҷо оварда тавонӣ, савоби бузургеро сазовор мегардӣ ва агар онро зоеъ намоӣ, дучори азоби дардноке хоҳӣ гашт. Ин ҳама олам, ки барои ту офарида шудааст, танҳо барои он аст, ки ту ин амонатро бо накӯӣ бардошта, ҳаққи онро адо намоӣ.
«Ҳамоно, ки мо ин амонатро бар осмонҳо, замин ва кӯҳҳо пешниҳод намудем ва онҳо нахостанд онро таҳаммул кунанд ва мушкилашон шуд, вале инсон онро бардошт. Ҳамоно ки инсон ситамгар ва нодон аст. То ин ки Худованд мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб диҳад ва тавбаи мардону занони мӯъминро бипазирад. Ва Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст» («Сураи Аҳзоб», оятҳои 72-73).
Оё медонӣ, ин амонат чист? Ва мукофоти нигоҳдории он чист? Ва сазои зоеъкунандаи он чист? Он аст, ки Худованд адои ҳаққи онро бароят воҷиб гардонидааст, чӣ ҳаққи Худованд бошад ва чӣ ҳаққи мардум. Агар онро дарк намоӣ ва адояш кунӣ, аз зумраи касоне хоҳӣ шуд, ки тариқи некро интихоб кардаанд, биҳиштро ба мерос мебаранд ва дар он ҷовидонанд. Аммо агар онро зоеъ кунӣ ва вогузорӣ, дар асфалу-с-софилин ворид мешавӣ. Худованд мефармояд:
«Мо инсонро дар беҳтарин сурат офаридем. Пас ӯро ба асфалу-с-софилин бурдем. Магар касонеро, ки имон оварданд ва корҳои накӯ анҷом доданд, пас барои онҳост мукофоти бепоён» («Сураи Тин», оятҳои 4-6).
Эй инсон! Таҳорат амонат аст, намоз амонат аст, адо кардани воҷибот амонат аст, тарки ҳаром амонат аст, ҳақро ба ҳақдор расонидан амонат аст ва аз ин ҳама бештар он ҳуқуқест, ки Худованд дар китобаш фармудааст: «Шумо Худовандро ибодат намуда, ба Ӯ касеро шарик наёваред. Ва бо волидайн накӯкор бошед ва бо хешон, ятимон, бечорагон, ҳамсоягони наздик, ҳамсоягони ҳампаҳлӯ, дӯстони ҳампаҳлӯ ва мусофирон ва зердастонатон. Ҳамоно, Худованд мутакаббирони фахрфурӯшро дӯст намедорад»(«Сураи Нисо», ояти 36).
Ин ояти каримаро ояти ҳуқуқи даҳгона меноманд, зеро он шомили даҳ ҳуқуқ мебошад: ҳаққи Худо, падару модар, ятимон, мискинҳо, ҳамсояе ки хеши наздик аст, ҳамсояи дар ба дар, дӯсти дар ба дар, мусофирон ва зердастон.
Оё шумо медонед, ки ин сарзамин, Ватани азиз низ бар мо ҳақ дорад. Ҳаққи Ватан ин аст, ки меҳри ӯро дар дил парварем, дар ободониаш саҳмгузор бошем, дар ҳифзу ҳимояташ устувор бошем.
Дар ҳифзу ҳимояи Ватан ҳар шахс бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошад, масъулиятшинос бошад.
Мо бояд дарк кунем, ки нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷиву оромӣ вазифаи ҷонии ҳар шахси ватандӯст аст.
Бинобар ин мо бояд бетараф набошем, ҳифзи амнияти кишвар танҳо вазифаи мақомоти дахлдор нест, балки вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Мо бояд ҳама чун як тан муттаҳид шуда, бетарафӣ зоҳир накунем. Дар ҳолати бетараф будан душман метавонад бо ниқоби дӯст ворид шуда, ақидаи ҷавононро халалдор намояд, онҳоро фирефта ба Афғонистону Сурияву Покистон барад. Бетарафӣ самараи талх дорад.
Барои террорист Каъбаву бутхона ҳар ду якест, зеро ӯ ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад Бинобар ин бетараф будан даркор нест. Дар замони имрӯза бетарафӣ ҷиноят аст!
Душман ду тоифа аст: душмани ошкор, ки дар истилоҳ онро «адувви мубин» мегӯянд ва дигаре душмани пинҳонӣ ё дохилӣ, ки онро «мунофиқ» меноманд. Мунофиқ аз душмани ошкор бадтар аст, зеро худро дӯсту ошно вонамуд карда, аз пушт зарба мезанад.
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард.
- Ҳамоно мунофиқон дар табақаи пасттарини дӯзаханд;
- Худо шаҳодат медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯёнанд (ба мазмун аз оёти қуръонӣ)
Душманони дохилӣ ё мунофиқон мисли гурбаи зоҳид хилъати зуҳду тақво ба бар кардаву аз номи ислом сухан мегӯянд, аммо чун фурсати муносиб ба даст ояд, неш мезананд. Чунин тоифа дар ҳар давру замон арзи вуҷуд дошт ва Тоҷикистони соҳибистиқлол низ аз чунин душманону бадхоҳони дохилӣ орӣ нест.
Аз ин рӯ, мо бояд ваҳдату ягонагиро интихоб намуда, аз низоъу тафриқа дурӣ ҷӯем, бетарафиро як сӯ гузошта, ҳушёриву зиракиро пурзӯр намоем. Дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷону дил қабул намуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро амалӣ намоем, иншооллоҳ муваффақ хоҳем шуд.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар