Асосӣ Мақолаҳо Садди роҳи гурӯҳҳои ифротгаро бояд шавем

Садди роҳи гурӯҳҳои ифротгаро бояд шавем

Садди роҳи гурӯҳҳои ифротгаро бояд шавем
2019-09-06
2318

Зуҳуроту бархӯрдҳои комилан бегонаи барои ҷомеа хеле хатарнок, таҳоҷуми фарҳангии ғайр, таҳрифи мақом ва нақши ислом дар ҷомеа вазъи ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозад. Ин зуҳуроти номатлуб маърифати диниро коҳиш дода, ба ахлоқи ҷомеа зарбаҳои ҷуброннопазир мезанад. Ба сафи созмонҳои ифротгаро пайвастани ҷавонони тоҷик ва ба кишварҳои ҷангзада ҷалб кардани онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки вабои ифротгароӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз байн нарафтааст. Алҳол дар байни мардуми одӣ баҳс дар атрофи унсурҳои нолозим, мақом ва нақши ислом зиёд буда, дар баъзе маврид ашхоси хурофотзада таҳриф мешаванд. Ба айбҷӯйи касе далерӣ намекунем, аммо далели бебаҳс аст, ки ин масъала боиси ихтилофи дохилидинӣ мегардад. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи усули давлатдории дунявӣ, ки дар сиёсати иҷтимоӣ, миллӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон татбиқ ёфта истодааст, ҳамгироӣ, мутобиқат ва муносибати хайрхоҳона ба дин ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги ҷомеа мебошад. Чунин муносибати некбинона дар муносибат ба дин, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан дарҷ гардидааст. Тибқи муқаррароти он, Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба ҳар кас ҳуқуқ медиҳад, ки муносибатро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд. Вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилоти динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ бояд дахолат надошта бошад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна омили дохилӣ барои зуҳуроти ифротгарони динӣ вуҷуд надорад. Шоҳид будем, ки солҳои охир ҷараёни ифротгаройи «Салафия» ва дигар созмонҳои экстремистӣ бо роҳҳои гуногун ба кишвар ворид карда шуда, набзи ҷомеаро халалдор намуданд. Ифротгаройӣ хоси он қувваҳои тундрав мебошад, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар ноором мекунанд, ҳатто аз террору зӯроварӣ низ истифода мебаранд. Ин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ барои расидан ба ҳадафҳои муғризона осоиштагиро халалдор сохта, давлат ва миллатро ба вартаи нестӣ меоранд. Хушбахтона, аз ҷониби сохторҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда, фаъолияти ташкилотҳои ифротию экстремистӣ мамнӯъ гардид. Мутаассифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ба сафи созмони ифротиву террористии бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» як гурӯҳ ҷавонони кишвар пайвастанд. Аз ин бармеояд, ки то кунун сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешаванд. Бинобар ин, зарур аст дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «хусусияти Ватану ватандӯстӣ аз мактаб оғоз меёбад», фаъолиятро пеш бурда, насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ бояд тарбия намоем.

Нигина НАЗАРОВА

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар