Асосӣ Мақолаҳо НЕЪМАТЕ, КИ САОДАТ МЕОФАРАД

НЕЪМАТЕ, КИ САОДАТ МЕОФАРАД

НЕЪМАТЕ, КИ САОДАТ МЕОФАРАД
2019-09-12
2133

Истиқлолият дар тӯли таърихи ҳазорсолаи тоҷикон беҳтарин, нодиртарин, арзишмандтарин ва муқаддастарин воқеаи фараҳбахш буда, аҳамияти бузург ва нақши тақдирсоз дорад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ гардида, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу комилҳуқуқ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардид.

Пойдории давлат, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идора ва таъмини волоияти қонун ва амнияти давлат ба адолати судӣ вобастагии қавӣ дорад. Дар давраи истиқлолият бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 
Мувофиқи моддаи 84 - и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияти адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ санади олии меъёрии ҳуқуқӣ буда, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи он таҳия ва қабул карда мешаванд. 
Дар низоми идоракунии давлат нахустин маротиба мақомоти қонунгузори кишвар иборат аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт. Фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба низом дароварда шуд. Ҳамчунин, маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашт. Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъмин гардид. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби пурмуҳтавои худ – «Уфуқҳои истиқлол», ки соли 2018 ба табъ расид, дар мавзӯи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои беназири он, аҳамият ва қадру қимати истиқлолият муфассал изҳори андеша кардаанд. Пешвои миллат, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: «Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиносондани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол, мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд». 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 156 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва аъзои беш аз 80 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад. 
Мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - Истиқлолияти давлатӣ аз пештара бештар бирасем, онро эҳтиром намоем, арҷ гузорем ва барои ободии диёр, сулҳу оромӣ, таъмини волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзандаи худро гузорем. 
А. АБДУҶАББОРӢ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар