Асосӣ Мақолаҳо Истифодаи воҳидҳои фразеологии Қуръони карим дар забони тоҷикӣ

Истифодаи воҳидҳои фразеологии Қуръони карим дар забони тоҷикӣ

Истифодаи воҳидҳои фразеологии Қуръони карим дар забони тоҷикӣ
2019-10-05
2873

Тавре ки аз таърих маълум мегардад, тамаддуни ҷаҳонӣ шоҳиди китобҳои зиёде аст, ки онҳо ба тақдиру қисмати инсоният таъсир расонидаанд. Аз ҷумла Қуръони карим умдатарин ва бинои асосии тамаддуни исломӣ ба ҳисоб меравад.  Тӯли XIV аср, ки Қуръони карим мавриди пажӯҳиши донишмандон қарор мегирад ва тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар саросари ҷаҳон беш аз даҳ ҳазор тафсир бар он навишта шудааст, ки аз он миён беш аз шаш ҳазори он ба сурати дастхат дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз буда, зиёда аз ҳазортои дигар дар болои сангпораҳо ва пӯсти дарахтону ҳайвонот нигошта шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ китобе мисли Қуръон дар тӯли таърих  аз замони нузул то инҷониб ингуна бетағйир намондааст. Дар ҳақиқат Қуръон сарчашмаи тамоми илмҳост ва ӯ ваҳйномаи илоҳӣ буда, куҳантарин ва  қавитарин санади исломӣ ба ҳисоб меравад.  

Бояд тазаккур дод, ки Қуръони карими асоси дастури (грамматика) забони арабӣ ва дигар илмҳои забоншиносиву адабиётшиносии араб аст. Ҳамчунин, нуфузи Қуръон дар адабиёти мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷику форс, турк, урду ва ѓайра бисёр бузург аст. Кофист “Маснавии Маънавӣ” ва ашъори Ҳофизу Саъдиро мисол биёрем, ки таҳти таъсири сураҳои Қуръон таълиф гардидаанд. 

Аввалин китобҳои забоншиносии араб “Ал-китоб”-и Сибавайҳ, “Муғни-л-лабиб”-и Ибни Ҳишом ва фарҳангномаҳои забони арабӣ, чун “Китоб-ул-айн”-и Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ, “Тоҷ-ул-арус”-и Фирузободӣ ва дигарон зери таъсири Қуръони карим ба вуҷуд омадаанд [1,ب].  

Муртазо Мутаҳаррӣ дар ин росто чунин навиштааст: “Забони арабӣ фақат забони як китоб аст ба номи Қуръон. Қуръон танҳо нигаҳдоранда, ҳофиз ва омили ҳаёту бақои ин забон аст. Тамоми осоре, ки баъди ин китоб бо ин забон ба вуҷуд омадаанд,  дар партави Қуръон ва ба хотири Қуръон будааст” [1, 91].

Ҳамин тавр, дар доираи Қуръон илмҳои зиёде мисли тафсири Қуръон, эъҷози Қуръон, носих ва мансух, балоғат ва дигар илмҳо ба вуҷуд омаданд. 

Бо гузашти замон Ислом дар кишварҳои ғайри арабӣ интишор ёфт ва мардуми ғайри араб ба тарҷума ва тафсири Қуръони карим пардохтанд. Дар бораи ҷоиз будани тарҷумаи Қуръон қарнҳо байни олимон ва фуқаҳои исломӣ ихтилофи назар ба миён омадааст, аммо собиқаи тарҷумаи Қуръон бисёр куҳан ва маъруф аст, ки Салмони Форс (р) “بسم الله الرحمن الرحيم”- ро “Ба номи Яздони бахшоянда” тарҷума намудааст [1, 653]. 

Тибқи санадҳои таърихӣ аввалин тарҷумаи ғайри арабии Қуръон, тафсири форсӣ-тоҷикии “Тафсири Наршахӣ” буда, дар асри X дар Мовароуннаҳр ба дастури Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ ва иттифоқи олимони аср сурат гирифтааст.  

Боиси зикр аст, ки олимону донишмандон нисбати Қуръони карим пажӯҳишҳои зиёде намудаанд. Аз ҷумла, худи донишмандони араб Абузакариё Яҳё ибни Зиёд Алфарроъ. Ӯ оиди маъонии Қуръон пажӯҳиш намуда, китобе бо номи “المعاني القرآن”  (Ал-маъони-л-Қуръон) таълиф намудааст. Абуҳасан Алӣ ибни Аҳмад Воҳиди Нишопурӣ китобе бо номи “أسباب النزول”  (Асбобу-н-нузул) навиштааст. Абулқосим Ҳусайн ибни Муҳаммад маъруф ба Роғиби Исфаҳонӣ مفردات غريب القرآن"”, яъне (Муфрадоту ѓарибу-л-Қуръон)-ро таълиф намудааст. Имом Бадруддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Заркашӣ “البرهان  في  علوم  القرآن” (Ал-бурҳон фӣ улуми-л-Қуръон) ва дигарон пажӯҳишҳои зиёде намудаанд.

Аз пажӯҳишгарони ғайри араб шахсиятҳои зиёде паҳлуҳои гуногуни Қуръонро пажӯҳиш намудаанд. Дар илми қуръоншиносӣ аввалин донишманде, ки оиди Қуръон таҳқиқоти илмӣ кардааст, шарқшиноси олмонӣ Теодор Неолид мебошад, ки китобе бо номи “Таърихи Қуръон” дорад. Баъд аз ӯ ховаршиноси фаронсавӣ, ки Қуръонро аз арабӣ ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, Ражис Блошир буда, асарашро “Дар остонаи Қуръон” ном гузошта, байни арабшиносон боэътимодтарин таҳқиқот эътироф гардидааст. Ҳаминтавр, баъд аз гузашти замоне  шарқшиноси машҳури рус Крачковский И. Ю. Қуръони каримро аз арабӣ ба руссӣ тарҷума намудааст. Ушаков В. Д. китобе бо номи “Фразеология Корана” таълиф кардааст. Мирзоҳусайн Бадалпур аз донишмандони ватанӣ, ки дар даврони истиқлолият оиди Қуръон пажӯҳишҳои густурдае намуда, аз ҷумлаи онҳо “Муқаддимаи Қуръоншиносӣ” мебошад. Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, китобе бо номи “Қуръонпажуҳӣ” таълиф кардааст.

Боиси зикр аст, ки баъд аз паҳн шудани дини мубини Ислом дар минтақаҳои тоҷикнишин Қуръони карим дар забоншиносии тоҷик таъсири бузурге гузошт. Аз ин рӯ, кӯшиш намудем он ибораҳо ва ҷумлаҳои қуръоние, ки чун воҳиди фразеологӣ дар забони тоҷикӣ корбаст мегарданд, ёдовар шавем.

Дар ин росто метавонем онҳоро ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ кард:

а) Фразеологияҳои қуръонӣ дар забони тоҷикӣ айнан истифодашаванда.

б) Калкаҳои фразеологӣ.

а) Фразеологияҳои қуръонии дар забони тоҷикӣ айнан истифодашаванда. Дар баробари калимаҳои зиёде, ки баъдан ба таркиби воҳидҳои фразеологӣ дохил шудаанд, ба забони тоҷикӣ гурӯҳи муайяни таркиб, ибора ва ҷумлаҳои сирф қуръонӣ низ ворид гардидаанд, ки имрӯз онҳо ғолибан ҳамчун калимаҳои рехтаи таркиби луғавии забонамон ба кор мераванд. Ин гуна ибора ва ҷумлаҳо дар забони тоҷикӣ бо номи мураккабот маъруфанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои рехтаиأستغفر الله,ماشاء  اللهبسم الله,الحمد لله, ва амсоли инҳо дохил мешаванд [3, 42]. 

Вожаи الحمد لله (Алҳамдулиллоҳ) - дар аввалин сураи Қуръони карим “Фотиҳа” ва дар якумин оят зикр шуда, маънои “ситоиш намудани Худованд”-ро бо шукргузорӣ барои неъматҳои додааш дорад. Инчунин баландмартабагӣ ва муназзаҳии Худовандро аз ҳама чиз муайян месозад. Дар забони тоҷикӣ низ ҳамчун вожаи шукргузорӣ истифода мешавад. Дар забони гуфтугӯи тамоми халқиятҳои мусулмон онро ҳамчун ҷавоб барои нафаре, ки ҳолпурсӣ менамояд, бисёр истифода мебаранд. Мисол, нафаре гӯяд аҳволатон чӣ тавр? Бисёриҳо “алҳамдулиллоҳ” гӯён ҷавоб медиҳанд. Барои мисол ҷумлаеро аз китоби бадеии “Варта”-и Фазлиддин Муҳамаддиев дар ин ҷо ёдовар мешавем. “Оллоҳназар дар ҳар панҷ-шаш дақиқа бо овозибаланд баногоҳ алҳамдулилло гуфта пинаки ҳаммаро мепаронд”[12, 68]. 

استغفر الله (Астаѓфируллоҳ) - воҳиди қуръонӣ буда, маънои “аз Худо омурзиш металабам, бахшоиш меҷӯям”-ро дорад. Ибораи “астағфируллоҳ” имрӯзҳо дар забони тоҷикӣ бо тобишҳои гуногуни маъноӣ истифода мешавад. Муслимов Маъбуд дар китоби худ, ки “Воҳидҳои  фразеологии  забони  адабии  муосири  тоҷик  бо  унсурҳои  луғавии  арабӣ” ном дорад, вожаи “астағфируллоҳ”-ро ҳамчун тобишҳои маъноии тааҷҷуб, ҳайрат ва худдорӣ намудан ба қалам додааст. “Наход ба як кӯдак сар ба сар шавед, астағфируллоҳ гӯед, худро ба даст гиред” [10, 282].

أعوذ بالله (Аъузубиллоҳ) - дар забони  тоҷикӣ дар шакли ҷамъ نعوذ بالله каме тағйир ёфта (навзанбиллоҳ) истифода мешавад, ки маънои “аз Худо паноҳ металабам (ем)”-ро дорад. Ин ифода тобиши иродавии “ҳайрату тааҷҷуб”–ро дошта дар мавридҳои эҳтимоли ҳодисаи баде гуфта мешавад. “Ё навзанбиллоҳ тавба кардам Худоё, ба нимовоз худ ба худ гуфт Абдурауф амак” [13, 169].

“Ё навзанбиллоҳ наход кас дар остонаи ҳаҷ истода дурӯғ гӯяд-а?” [11, 45].

إن شاء الله (Иншоаллоҳ) - яъне “Агар Худо хоҳад”. Ин ибора одатан вақте истифода бурда мешавад, ки гӯянда иҷрои кореро дар назар дорад ва бояд он кор дар замони оянда воқеъ гардад. 

Боиси зикр аст, ки ин воҳиди фразеологӣ дар якчанд сураҳои Қуръони карим зикр шудааст, аз ҷумла, дар сураи Юсуф-99, Қасас-27, Соффот-102, Фатҳ-27. Дар адабиёти бадеӣ ва гуфтугуии тоҷикӣ низ ин ибора бисёр истифода мешавад. “Иншоаллоҳ, ҳамин ки хабари муҳайё гардидани тайёра даррасид, зуд ғусл карда эҳром мебандем”[9, 88].

تبارك  الله (Таборакаллоҳ) - дар ояти аввали сураи “Мулк” зикр шуда, дар забони тоҷикӣ ҳамчун “боракаллоҳ” истифода шудааст. Ин воҳид ҳамчун нидои таҳсину офарин хеле зиёд истифода мешавад ва маънои Худованд туро муборак гардонадро дорад. “Боракаллоҳ, ҳолоҳам дурустӣ,-гуфт Искандар” [11, 22].

بسم  الله   (Бисмиллоҳ) - шакли комилаш (بسم الله  الرحمن  الرحيم) аст. Гуфтани ин калимаро муқаддас ва шиори  мусалмон медонанд. Онро ба таври кӯтоҳ “басмала” мегӯянд. Номи дигаре низ ҳамчун “тасмия” ба худ касб кардааст. Ҳеҷ дуо ё каломи муқаддас дигар ба ин андоза дар зиндагонии рӯзмарраи мусалмонони саросари ҷаҳон ривоҷ надорад. Ин ояти карима дар даҳҳо осори бузургони мо ҳамчун манзума омадааст. Дар аввали “Махзану-л-асрор” чунин омадааст:

Бисмиллоҳи–р–раҳмони–р-раҳим,

Ҳаст калид дар ганҷи ҳаким [1, 787].

Калимаи ихтисоршудаи بسم الله ҳамчун рамз дар вақти забҳи ҳайвон истифода мешавад, то ин забҳ забҳи шаръӣ бошад. Дар забони тоҷикӣ низ вожаи “бисмил кардан” ба маънои забҳ кардан, куштан, сар буридан меояд.

Бардоштаам зи хештан дил,

Бисмиллаҳ агар кунанд, бисмил.

                                                                      Хусрави Деҳлавӣ

Тамоми мусалмонони ҷаҳон дар оғози ҳар коре بسم الله الرحمن الرحيم мегӯянд, аз ҷумла, ҳангоми хӯрок хӯрдан ё оғози ягон суханронӣ, вақти навиштани нома ё ягон китоб. Инчунин онро дар мақоми даъват, муродифи вожаи “бифармо” низ ба кор мебаранд. Ин корбурд дар шеъри Низомии Ганҷавӣ собиқа дорад:

Моем ба навои бенавоӣ, 

Бисмиллоҳ агар ҳарифи мойӣ [1, 789].

Истилоҳи “بسم الله الرحمن الرحيم” дар илми балоғаи араб чун  калимаи ихтисоршуда “البسملة” истифода мешавад, ки Муҳйиддин Дарвеш дар ((اعراب القرآن  онро дар илми балоға ба навъҳои зерин гурӯҳбандӣ намудааст:

1. Зарур аст то дар иҷрои тамоми кор сараввал гуфта шавад.

2. Дар он эъҷози амр ба хос дида мешавад, ки онро эъҷози қаср меноманд.

3. Агар ҳарфи (با)-ро истиъона гардонем, пас дар калом истиораи макнӣ ба вуҷуд меояд, ки онро байни мустаин (ёрирасон) ва мустаон (ёриталаб) тобеъ мегардонад. Ва агар онро ба ҷизе пайваст созем, пас дар ин ҷо маҷози маҳаллӣ  ба вуҷуд меояд [14, ҷ.1, 24-25].

Ибораву ҷумлаҳои қуръонӣ, ки дар шакли калимаҳои рехта ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, сохтори гуногун доранд. Пеш аз ҳама ба ин гурӯҳ ибораҳои изофие шомиланд, ки бо корбасти артикли муайянии “ал” сурат гирифтаанд.

Калимаи “билоаллазин” шакли вайроншудаи “بالله العظيم” (биллоҳил-азим) мебошад, ки дар гуфтугӯҳои мардуми мусалмон барои қасам хӯрдан истифода мешавад. Ин ибора дар забони тоҷикӣ ба тағйиротҳо дучор шудааст, ки шакли “билоаллазин”-ро гирифтааст. “Билоаллазин, дасташро қапида натавонистааст” [10, 326].

ألله  أعلم (Аллоҳу аълам) - яъне “Худо донотар аст”, ғолибан дар муҳовара гӯянда барои он ки адаби шаръиро риоят кунад ё ба навъе иттилооти пинҳонро нишон надиҳад, мегӯяд: الله أعلم  ё والله  أعلم, ки аз ояти 124- уми сураи Анъом иқтибос шудааст: “الله أعلم حيث يجعل رسالته”– “Худованд донотар аст, ки рисолаташро дар кадом маҳаллу мавзеъ биниҳад”. Дар аксар мавридҳо ингуна низ мегӯянд: " الله  أعلم  بحقائق  الأمور " – “Худованд ба ҳама чиз (ҳақоиқил умур) донотар аст”.  

فاتحة  (Фотиҳа) - номи нахустин сураи Қуръони маҷид буда, аз фатҳ яъне “кушоянда ва оғозгар” гирифта шудааст. Ҳамаи мусулмонони ҷаҳон дар намозҳои панҷгона шабонарӯз ин сураро қироат мекунанд. Дар забони тоҷикӣ калимаи фотиҳа ҳамчун истилоҳ қабул шудааст, ки дар бисёр мавридҳо ба кор меравад, мисол мо  тоҷикон анъанае дорем, ки  баъд аз фавти ягон нафар ҳатман мегӯем: Ба хонаи фалонӣ фотиҳахонӣ рафтан лозим. Дар ҷойи дигар вожаи фотиҳакардашуда нисбати дӯшизае гуфта мешавад, ки онро бо  ягон писар ба ҳамсари додаанд, аммо ҳоло  ҷашни арӯсиашон барпо нашудааст, дар натиҷа бисёриҳо мегӯянд: Духтари фалониро фотиҳа кардаанд.

ما شاء  الله (Мошоаллоҳ) - “он чи Худо хост”, ин таркиб маншаи қуръонӣ дорад. Деҳхудо дар фарҳангномаи худ овардааст, ки  калимаи “мошоа-л-лоҳ” маънои “ҳар чи Худо хост, ҳамон мешавад, ҳар чи нахост, намешавад”-ро дорад. Инчунин, агар касе ё чизе ба нафаре дар хубию зебоӣ писанд ояд “мошоа-л-лоҳ” мегӯяд ва агар аз дидани касе ё манзарае дар тааҷҷуб афтаду тарсад, ки мабодо ба он захми чашм афтад, ин калимаро ба забон меорад. Донишманди ватанӣ Саидраҳмон Сулаймонӣ дар “фарҳанги арабӣ- тоҷикӣ"-и худ ин таркибро муродифан, яъне “аҷабо” тарҷума кардааст, ки маънои дар ҳайрат афтоданро дорад. Инчунин, гоҳо ба маънои таҳсину ташвиқ низ истифода мешавад.

Дар забони тоҷикӣ ин калима бо тағйиротҳои лафзӣ дучор шудааст, ки дар нутқи  гуфтугуӣ “мошоллоҳ” ва баъзан дар адабиёти бадеӣ низ “машоаллоҳ” истифода мешавад. “Машоллоҳ! Машоллоҳ! Алҳамдулиллоҳ!- гӯён мардак манро аз дастам дошт” [12, 31].

أم  القرى (Умму-л-қуро) - ягона ибораи қуръониест, ки танҳо якбор дар адабиёти муосири тоҷик аз тарафи нависандаи бузург Фазлиддин Муҳаммадиев истифода шудааст. Нависанда дар баробари ибора тарҷумаи онро (модари шаҳрҳо) овардааст. Лек лафзи قرى(қуро) шакли ҷамъи قرية (қаря) буда, дар луғатҳои арабӣ ба маънои шаҳр ифода намешавад. Пас ба хулосае омадан лозим аст, ки замоне ки Қуръон нозил шуд, Макка як  деҳае буд ва бо гузашти замон ба шаҳри бузург табдил ёфту мутарҷимон онро шаҳр тарҷума намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Ушаков В. Д.  ин ибораро “шаҳракҳо, шаҳри  асосӣ  ва  шаҳраки  муҳим” тарҷума намудааст [4,167]. 

Дар Қуръони карим ин оят дар ду ҷо ва он ҳам дар ҳолати мансубӣ зикр шудааст, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар тафсири худ онро “аҳли Макка” тарҷума намудааст. Соҳиби “Эъробу-л-Қуръон ва баёниҳӣ” Муҳйиддин Дарвеш сабаби “Уммулқуро” ном гирифтани Маккаро чунин баён мекунад: “Макка  Уммулқуро номида шудааст, зеро ӯ аввалин маконе аст, ки мардум дар онҷо сукунат ихтиёр намудаанд, қиблаи аҳли шаҳракҳо аз замони ҷоҳилият то Ислом ва баъд аз аҳди Ислом ҳам ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати нуфуз беҳтарин ва бузургтарин деҳа ба ҳисоб меравад” [14, ҷ 2, 408].

“ХайрУмми-л-қуроъ, модари шаҳрҳо!–гуфтам дар дилам” [12, 169].

 نور على نور (Нурун ало нур), - яъне “рӯшноӣ болои рӯшноӣ. Дар забони тоҷикӣ дар нури аввал бар хилофи забони арабӣ анҷомаи “ан” омадааст. Баъзан бе танвин низ истифода мешавад. Дар истилоҳ ин ифода ба маънои “хуб, аъло ва нағз” корбаст мегардад. Одатан замоне истифода мешавад, ки дар баробари ягон кори хуб, кори хуби дигаре низ ба анҷом расад. “Агар шумо ба ин ҷо қадам ранҷа намоед,  нуран ало  нур мешавад” [11, 139].

б) Воҳидҳои фразеологии калкашуда. Калкаҳои фразеологӣ чунин воҳидҳои фразеологие мебошанд, ки дар натиҷаи айнан, яъне калима ба калима тарҷума шудани ифодаи забони дигар ба вуҷуд омадаанд [2, 76].

Аз ҷиҳати дараҷаи тарҷумашавӣ калкаҳои фразеологиро ба “калкаҳои  пурра” ва“калкаҳои нопурра” ҷудо мекунанд. 

Калкаҳои пурра. Чунин воҳидҳои фразеологиеро меноманд, ки ҳамаи унсурҳои таркибии онҳо айнан тарҷума шуда бошанд. Дар ин маврид на танҳо калимаҳои таркибии фразеологизм, балки тамоми сохти унсурҳои лексикию грамматикии он ҳам айнан ба забони дигар баргардонида мешаванд [2, 77].

Ибораҳои аз Қуръони карим ба забони тоҷикӣ калкаи пуррашуда инҳо мебошанд:

Насиб  бошад ё Худо хоҳад (إن شاء الله) -  дар ин фразеология ҳиссачаи “إن” ба тоҷикӣ тарҷума нашудааст, аммо аз тарзи талаффузи суҳбат эҳтимолияти кор дида мешавад.“Худо хоҳад ба тавофи Каъба меравем ва ҳар чизе гӯяд, мо бояд такрор кунем” [12, 81].

Нури дида (قرة عين) - киноя аз “инсони азиз, меҳрубон ва фарзанд аст.

Он нури дида як назар аз ман дареғ дошт,

Тире зи ғамза бар ҷигар аз ман дареғ дошт.

Камоли Хуҷандӣ

Расули Худо (رسول الله ) - киноя аз паёмбари Худо Муҳаммади Мустафо (с) мебошад.“Раҳмдилии расули Худо дар ҳақиқат сазовори таҳсин будааст” [12, 145].

Дар байни воҳидҳои фразеологии иқтибосӣ калкаҳои фразеологии нопурра чунин фразеологизмҳое, ки фақат қисман тарҷума шудаанд, бо обуранги  хоси  ғайри тоҷикиашон ҷудо шуда меистанд. Дар чунин калкаҳои фразеологӣ ҷузъҳои таркибие, ки тарҷума нашудаанд, калорити нусхаи аслиро то андозае нигоҳ медоранд [2, 78].

Намози аср. Боиси зикр аст, ки дар Қуръони карим калимаи намози аср зикр нашудааст, аммо баъзе муфассирон мурод аз асрро намози аср баён намудаанд. Мурод аз намози аср ҳамон намозе аст, ки мувофиқи фиқҳи ҳанафӣ ду соат пеш аз намози шом хонда мешавад. “Баъд аз намози аср радио хомӯш шуд” [11, 124].

Бояд тазаккур дод, ки дар забони тоҷикӣ беъзе фразеологизмҳои дигар чун, “Ёсин зери гӯши хар хондан”, “баҳонаҳои бани Исроил”, “умри Нӯҳ”, “зебогии Юсуф”, “бойгарии Сулаймон”,“ганҷи Қорун”, “муъҷизаи Мусо”, “Пири Сарандеб”, “Пири Канъон” сирф тоҷикӣ буда, мардуми мо дар тӯли чордаҳ қарн дар ҳамбастагӣ бо Қуръони карим ин ибораҳоро ба вуҷуд овардаанд.

Фразеологизмҳое, ки бо номи “Юсуф” сохта шудаанд хеле зиёданд, зеро Юсуф (а) дар зебоӣ хеле машҳур будааст.  Аз ҷумлаи  онҳо: Юсуфи рӯз, Юсуфи зарринниқоб ва Юсуфи зарринрасон, ки ҳар се киноя аз офтоб мебошанд. Юсуфрӯ, Юсуфталъат бошад киноя аз зебогист.

Дӯш бурун  шуд  зи  далв  Юсуфи  зарринниқоб,

Кард бар  оҳанги субҳ  ҷой  ба  ҷо  инқилоб.

Хоқонӣ  [8, 390].

Умри Нӯҳ - киноя аз  умри дароз, ки ба Нӯҳ паёмбар (а) насиб шудааст ва тибқи ривоятҳо ҳазрати Нӯҳ 999 сол умр дидааст.

Зи тӯфони сиришти худ ба гирдобе фурӯ рафтам,

Ки умри Нӯҳ агар ёбам, набинам рӯйи соҳилҳо.

Ҳилолӣ [8. 390].

Ёсин зери гӯши хар хондан: Муродифи фразеологияи “Дар гӯши хар азон хондан” мебошад. Ёсин  номи  сураи  36 – уми  Қуръон  буда,  дар  оғози  ҳамон  сура  зикр  гаштааст. Муфассирон дар маънои он ихтилоф доранд. Аз қавли Ибни Аббос нақл кардаанд, ки маънои онро “эй инсон” дар асоси луғат ва лаҳҷаи “Тай” медонистааст. Ёсин аз шевотарин ва шигифтарин сураи Қуръон аст.  Аз ин рӯ онро “дили Қуръон” меноманд. 

Дар фарҳанги луғот“Ёсин зери гӯши хар хондан” киноя аз кори беҳосил кардан ва ранҷи беҳуда дар бораи шахси нолоиқ ва ноқобил бурдан, ба одами бефаҳм насиҳат кардан аст. Сураи Ёсин дар вақти назъи ҷон аз ҷониби мулло ё қорӣ хонда мешавад. 

Мебимирам гар оби чашме нест,

Хандае кун, ки вақти Ёсин аст.

                        Хусрави Деҳлавӣ.

К-эй мактабиён агар тавонед,

Ёсин паи марги ман бихонед.

Ҳофиз.

Пири Канъон - киноя аз падари ҳазрати Юсуф, Яъқуб (а) мебошад [8,63].

Шунидам сухани хуш, ки Пири Канъон гуфт,

Фироқи ёр на он мекунад, ки битвон гуфт.

 Ҳофиз. 

Пири Сарандеб - киноя аз ҳазрати Одам (а), ки гӯё пас аз рондашуданаш аз ҷаннат ба Сарандеб (ҷазираи Тсейлон) аз осмон фаромадааст [8, 63].

Он ҷо  ки  дам  кушод  Сирофил  даъваташ,

Ҷон  боз  ёфт  Пири  Сарандеб  дар  замон.

Хоқонӣ.

Чунин намунаҳо дар забони тоҷикӣ зиёд буда, мутаассифона таҳқиқоти онҳо хеле кам ба назар мерасад. 

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ 

1. Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ.  Қуръонпажуҳӣ, Теҳрон, 1374 ҳ. 

2. Маҷидов  Ҳ.  Фразеологияи  забони  ҳозираи  тоҷик.-  Душанбе,  1982.

3.Муслимов  Маъбуд.  Воҳидҳои  фразеологии  забони  адабии  муосири  тоҷик  бо  унсурҳои  луғавии  арабӣ. – Душабе,  2009. - 160с.

4.Ушаков  В.  Д.  Фразеология  Корана:  Опыт  сопоставления  фразеоречений  и  арабского  классического  языка. –М.,  1996. -204 с.

5. Ҳусайн  Воизи  Кошифӣ.  Тафсири  Ҳусайнӣ.– Карочӣ. 1393 с.

6.Шарипова  Зумрад.  Мавқеи  баъзе  воҳидҳои  фразеологӣ  дар  Қуръони  карим // Паёми  донишгоҳи  миллӣ №4 – Душанбе:  Сино,  2011.

7.   Фарҳанги  забони  тоҷикӣ. – М.,  1969, Ҷ. 1. – 951с.

8. Фарҳанги  забони  тоҷикӣ. – М.,  1969, Ҷ. 2. – 949с.

9. Фозилов  М.  Фарҳаги  ибораҳои  рехтаи  забони  ҳозираи  тоҷик. – Душанбе, Ҷ 2,  1964. – 802 с.

10. Кароматулло Мирзоев.  Дар  орзуи  падар.  – Душанбе:  Адиб,  1990. – 400с.

11. Фазлиддин Муҳаммадиев. Асарҳои мунтахаб.–Душанбе: Ирфон, 1984.-501 с.

12. Фазлиддин  Муҳаммадиев.  Варта. – Душанбе: Адиб,  1987.- 374 с.

13. Фазлиддин  Муҳаммадиев.  Куллиёт. – Душанбе:  Адиб,  1990.- 384 с.

14. محيي الدين  الدرويش.  إعراب  القرآن و بيانه،  دمشق، 1999.

Одинаева Ш.Н - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ,

Рамазониён А.Б - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар