ИФРОТ АЗ ИСЛОМ НЕСТ!
Ташкилотҳои террористӣ, махсусан гуруҳи ба ном ДОИШ ва амсоли он, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи пешвоёни он гӯё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Аъзоёни гурӯҳи мазкур зери парчами ислом ҳамеша мардумро даъват намудаву даъват менамоянд, ки ба хилофати “Давлати исломӣ” бипайванданд.
Пешвоёни “Давлати исломӣ” бо истифодаи ниқоб (маска)-и ислом ҷавононро бо ваъдаи биҳишт ва шаҳид шудан гумроҳ намуда, онҳоро ба сафи худ шомил мекарданд. Шахси ба сафи ин ташкилот воридшуда, бехабар аз он, ки дар ҳолати ногувор шаҳид не, балки ҳаром мемирад, аз имону аз дидори Худованд, аз биҳишти ҷовидон маҳрум шуда, сазовори лаънати Худову фариштагон ва тамоми мардум мегардад.
“Қаҳрамонӣ”-ҳои аъзоёни ин ташкилот бисёранд, вале қатл намудани модарону наврасон ва тарконидани масоҷиду ибодатгоҳҳо аз ҷониби ин гурӯҳ дар назди таърих нобахшиданист.
Бо вайрон шудани лонаи террористон хатари “Давлати исломӣ” ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, бештар гашт. Гурӯҳҳои ҷангии ташкилоти террористии мазкур ба ақсои олам пароканда шуда, дар нуқтаҳои гуногун террор мекунанд. Ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар Миср, Тунис, Туркия, Малӣ, Покистон, тарконидани ҳавопаймои мусофирбари Русия, амалҳои террористӣ дар Париж, ин ҳама даҳшатҳо кам буданд, ки боз разилони ин гурӯҳ аз нав ба тарконидани масҷидҳо ва қатли мардуми осоишта даст заданд.
Террористон бо ҳар роҳу восита мекӯшанд ҷавонони зудбоварро гумроҳ намуда, ба сафи худ ҷалб намоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет маводҳои зиёди таблиғотӣ паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо мафҳумҳои ҳифзи имону ислом, тозагии дин, мубориза алайҳи куффор ва ҷиҳоди исломӣ тарғиб карда мешаванд. Ҳамин равиши таблиғот аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонони соддаву кундзеҳнро ба сафи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ҷалб мекунад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо мардуми шарифи тоҷик дар мубориза алайҳи терроризм муттаҳид гардем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба даъвату гуфтори ҳар исломгаро бовар накунем. Аввалан бояд ақидаи салафиро аз зеҳни фарзандон дур кунем ва бо пайравони салафия муборизаи беамон барем, зеро салафия тарғибгари ақидаи терроризм ва “Давлати исломӣ” мебошад.
Дар мавриди сулҳу субот ва таъмину таҳкими амнияти давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
«Мо вазифадорем, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем».
Ҳар як шаҳрванди баномус бояд дар ҳифзи сулҳу суботи ватан масъулият дошта бошад. Ҳифзи амнияти кишвар танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти имонии ҳар мусулмон аст.
Дини ислом дини таҳаммулпазир буда, ҳамзистӣ бо пайравони дигар динҳоро тарғиб мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мусулмонеро кофир ҳукм намекунад, балки бо ахлоқи ҳамида ва амалҳои солеҳ дигаронро мусулмон мекунад.
Муллоалӣ Алиев,
сармутахассиси Кумита
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар