Ватанро ҳифз бояд кард
Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии фарзандону наберагони мо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, тамоми қишри ҷомеа бояд ин гавҳари тинҷию амниятро нигаҳбонӣ кунанд, чунки ҳимоят аз Ватан ва ҳифзи амнияти он вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар бандаи мўъмин ва бономус мебошад. Меҳри ватандўстиро мо аз Пайѓамбари Худо (с) омўхтаем, вақте ки фармон шуд, то Пайѓамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, он ҳазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сўи мегузоштанд, то ин ки ба ҷуҳфа (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сўи ту бозхоҳам баргашт». Ин ҷо буд, ки ба Пайѓамбари Худо (с) ваҳй нозил шуд ва Худованд ба ҳабиби худ ваъдаи бозгашт ба ватанашро эълон кард. Чунончи дар сураи «қасас», ки аз охирин сураҳои маккӣ мебошад, ба ҳамин қисса ишора шудааст:
«ҳамон касе, ки қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Сураи қасас, ояти 85).
Пайѓамбар (с) аз ин хабари хуш табассум намуда, аз ин пас қадамҳои худро калон-калон гузошта ба сўи Мадина раҳсипор шуданд. Бинобар ин, мо бояд ба қадри Ватан ва ин гавҳари амну суботе, ки Худованд ба кишвари Тоҷикистон ва мардуми он додааст, бирасем ва чӣ пиру чӣ ҷавон, ҳамеша дуогў бошем, ки Худованд ин неъматро аз мо нагирад. Чунончи хуб огоҳӣ дорем, ки тақрибан аксари кишварҳо аз ин неъмати амният ва сулҳу субот маҳруманд. Пас бояд тамоми мардуми ин кишвар аз ҳамаи дороии ин ватан ва аз муқаддасоти он ҳифозат кунанд ва ин неъмати тинҷиро шукргузор бошанд.
Марде аз яке аз асҳоби Паёмбар (с) пурсид: «Чӣ чизе туро ин қадар зебо кардааст?» Он ёри Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфт: «Маро Ислом зебо кардааст!». Имрўз вақти он расидааст, ки бо ахлоқу бахшишу дўстии худ қадри Ислому мусулмононро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем, нагузорем, ки ҷаҳон аз Ислом ва мусулмонии мо нафрат кунад, чунки Ислом инсонро аз ҳама ҷиҳат зебо мекунад.
Сангалиев Маҳмуд
Мутахассиси Раёсати фатвои
Маркази исломӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар