ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз як ҷониб дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда бошад, аз ҷониби дигар заминасоз ва ҳидоятгари тараққиёту такомули ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 25 сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъйиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба иҷро расонда истодааст.
Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯи воқеияти ҳол ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъият, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили Истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамон торафт афзуда истодааст.
Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муътабари байналмилалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва татбиқи ҳадафҳои созандаашро пойбанди меъёру арзишҳои бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш медонад.
Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия аз фазилати баланди инсонӣ дарак дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.
Бо муҳим шумурдани ин нукта Пешвои миллат ба кулли мо - ҳамватанон чунин таъкид менамоянд:
«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Муқаддасоти миллӣ, мақому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлати озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пай масъулият низ дорад.
Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноксозии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, ба шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва тавсеаи доманадор ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.
Суҳроб РУШАНЗОДА
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар