Асосӣ Мақолаҳо БОЗДОШТИ ХОИН

БОЗДОШТИ ХОИН

БОЗДОШТИ ХОИН
2020-03-21
1709

Имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ шинохта ва хатарнок будани онро барои ҷомеаи ҷаҳон дарк намудаанд.

Чуноне ки рӯзи гузашта Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дастгир гардида, 05-уми марти соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шуд.

Ҳарчанд ки аъзоёни ин ҳизби мамнӯъшуда дар зери номи муқаддаси Ислом пинҳон шуда худро бегуноҳ нишон диҳанд ҳам, мардум онҳоро монанди Ихвонулмуслимину Салафия ва дигар ҳизбу ҳаракатҳое ки ба Исломи азиз ғайр аз доғ овардан хидмати дигаре накардаанд, хеле хуб мешиносанд.

Дер ё зуд ҳаммаи ин душманони халқ ба сазои аъмолашон мерасанд. Чуноне бузургон фармудаанд:

Ҳар ки бо душмании халқ равонаст чу баҳр,

Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Дӯстмурод Меликов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Домулло-Шарифи шаҳри Ҳисор.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар