Миллат, коронавирус, инсоният ва ғуруp
Ҳаводиси таърих такрор мешавад, лек одамият ва рафтори нек мемонад!
Ҳаводис, омилҳо ва оқибати равандҳои тезутунди ҷаҳонӣ барои инсоният сабақи таърихро меомӯзад ва таърих бар ҳама масоили иҷтимоӣ баҳои созгори худро медиҳад. Дар лобалои таърих, моҷароҳои қавмӣ, гурӯҳҳои этникӣ, размҳои хурди маҳаллӣ тасвири худро меёбад ва ё ба ибораи дигар арзёбӣ мегардад. Муқаддимаи таърихи башарият ҳамин гуна размҳо ва бозиҳои сиёсиро дорад, ки барои ин ё он манфиатҳо тарҳрезӣ шудааст. Ҳамзамон таърихсӯзиву нобудшавии давлатҳо, миллатҳо ва халқиятҳоро низ метавон дар мустанадҳо дарёфт, ки ҳамааш аз гузашта ба мерос мондааст ва барои имрӯзиён сабақи бузурге низ ҳаст. Гурӯҳҳои шағолсифати шайтонпеша низ дар таърих ҷойгоҳи худро доранд, ки онро муқобили ин ё он миллат ва ин ё он давлату халқият истифода сохтаанд ва дар доираи нақшаҳои муғриз сарфи назар намудаанд, ки имрӯз ҳам ин раванд аз ҷониби абарқудратҳо ва ҷаҳонхоҳон сӯистифода мешавад. Уқубат ва ранҷишу сӯзиши миллатҳо ҳам аз дасти афроди шағолсурату шайтонсират дар дебочаи таърихи инсонӣ мунъакис шудааст ва онро ҳамчун сабақомӯз барои идомаи роҳи фардо мешавад ба риштаи таҳлил кашид, то кулфату уқубатро барои ҳазорсолаҳо аз сари миллат дур сохт.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар