Коронавирус ва намунаи инсоният
Феълан, чунин вазъе баамал омад, ки на ягон пешгӯӣ ва на ягон фарзияи таҳлилгарон ҳолатро пешгӯйӣ карда натавонист ва кор ба ин шуд, ки коронавирус ё КОВИД-19 саросари оламро фаро гирифт. Абарқудратҳо, ки даъвои тибби пешқадам мекарданд, дар пеши ин вабо оҷиз монданд. Ин ҳолат ҷаҳониёнро ба таҳлука андохт ва паёмад ин буд, ки аз вирус дида, тарсу ваҳм зиёдтар ба ҷони мардум таъсир намуд, ки ин албатта оқибати манфии равонӣ дорад.
Ба тарзе ки интизор доштем, маризии ҳамагир остони дари моро ҳам кӯфт ва аз аввалиншуда Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сардори давлат ба кумаки халқ шитофтанд ва баҳри камбудҳо талош варзиданду дар паҳлӯйи миллат истоданд. Албатта, дар ҳамин ҳолат ҳар яки моро низ зарур аст, ки дар паҳлӯйи ҷомеа бошем ва ҳамин лаҳза бо миллат ҳамдардии амиқи худро нисор намоем на иғвобарангезиву дасисабозӣ ва кинаҷӯиву торикниятӣ намоем. Аммо тавре ки интизор мерафт ин бор ҳам душманони миллат, наҳзатиёну 24-ҳо, ки ҳамеша дар фикри табоҳ намудани зиндагии мардум ҳастанд, ба ҷойи ғамшарикӣ аз вазъияти сӯистифода намудани шуданд, ки ин як зарбаи сангин бар сари миллат мебошад. Ҳамон гуна ки медонем, кӯмак карда наметавонӣ, ҳадди ақал забонатро нигоҳ дор! Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки “Заҳри одами бад ба заҳри даҳ мор баробар аст”.
Наҳзатиён, ки худро ҳатто муъмину мусалмон мегирифтанд, ҳамин ҷо маълум намуданд, ки дар ҳақиқат на мусалмонанду на муъмин! Ҳамин рафтори наҳзатиён исбот намуд, ки наҳзатиён исломро ҳамчун дастгоҳи гумроҳсозӣ барои мақсадҳои нопокашон истифода менамоянд.
Бе ягон муболиға метавонем гуфт, ки ҳатман ин давраи мубориза бо КОВИД-19 хоҳад гузашт ва миллат сиҳату саломат ҷони худро амон хоҳад нигоҳ дошт, лек кӯрдилӣ ва шармандагии наҳзатиён дар сафҳаҳои таърих хоҳад монд.
“Ҳарисӣ ба мол ақли инсонро тира месозаду ба ҳар роҳ бурд. Ва аз ин ҷост, ки молпарастонро душмани одамият ҳам мегӯянд”.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар