Асосӣ Мақолаҳо Амну суботи марз ба нафъи ҳар ду кишвар аст

Амну суботи марз ба нафъи ҳар ду кишвар аст

Амну суботи марз ба нафъи ҳар ду кишвар аст
2020-07-11
1619

Таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ  яке аз суннатҳои Пайғамбари Худо (с) мебошад. Расули Худо (с) баъд аз фатҳи Макка, барои паҳн намудани дини мубини Ислом ва мустаҳкам намудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба Эрон, Яман, Рум ва дигар давлатҳо намояндагонро фиристода ва дар Ислом суннати давлатдорӣ ва ҳамзистӣ бо дигар кишварҳоро ба роҳ монданд. 

Сулҳу салоҳ ва амну субот барои тамоми аҳли башар неъмати бениҳоят бузург ҳисоб меёбад. Инсон ҳаёти хешро бе ин тинҷиву оромӣ наметавонад бо тариқи саодатмандиву пурсамар гузаронида бошад.

Касе, ки дар кишвараш амну осоиштагӣ  ва дар бадан тандурустӣ дошта бошад, чунин шахс тамоми дунёро дорост. Паёмбар (с) фармудаанд:

«Касе аз шумо саҳар бархезад, дар худ оромиро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ӯ қути ҳамонрӯзааш бошад, чунин аст, ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст» (ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).

Мутаассифона, афроди алоҳидае аз ҷониби кишвари ҳамсояи Қирғизистон бо ҳар баҳона фитнае эҷод мекунанд ва вазъи осудаи сарҳади ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсояро ноамн мегардонанд. Онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ноором кардани вазъ ба нафъи ягон тараф нахоҳад буд. Ҳамаи ин гуна масъалаҳоро бо роҳи адлу инсоф ва тариқи дипломатӣ ҳал кардан беҳтарин усули сохти давлатдорӣ мебошад.

Солҳои зиёд аст, ки халқи тоҷик ва қирғиз бо ҳам дӯсту бародаранд, ҳатто дар баъзе минтақаҳо хешу таборӣ доранд. Мо бояд ҳамаи ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу ғайратро ба он равона кунем, ки ин меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқати байни миллатҳо қатъ нагардад. Ҳар яки мо аз рӯи имону имондорӣ ва инсофу инсондӯстӣ вазифадор ҳастем, ки нигаҳбони сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бошем ва Ватани худро ҳимоя намоем. Мо боварӣ дорем, ки халқи ҳамсояи мо ин корҳои ношоистаро намехоҳанд, танҳо баъзе гурӯҳҳои нохалаф ин амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳанд.

Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ заҳмат кашида, ин сулҳу осоишро бо кумаки Худованди мутаъол барпо намудаанд ва барои пойдории он тамоми халқи азизи кишварамон иншоаллоҳ устувор ба по меистанд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

ходими дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар