Асосӣ Мақолаҳо Мактаб- саодати миллат

Мактаб- саодати миллат

Мактаб- саодати миллат
2020-08-28
1634

Пешрафти ҳаёти инсоният ба илму таълим вобаста аст. Дар кадом диёре, ки ба мактабу маориф эьтибор дода мешавад, ояндаи он кишвар ободу сокинонаш саодатманд мешаванд. 

Имрӯз мо шукр мекунем, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму дониш, мактабу  маориф, умуман ба соҳаи илму фан эьтибори ҷиддӣ дода шуда, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мактабу даргоҳҳои илм сохта ба истифода дода мешавад, ки аз он мардум сипосгузорӣ намуда, мӯйсафедонро мебинем, ки дар хаққи Ҷаноби Олӣ дуои хайр мекунанд.


Ҳар вақте Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар сафари корӣ   мекунанд, бо аҳли ҷомеа, хусусан бо аҳли зиё мулоқот намуда, аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд, албатта дар ифтитоҳи мактабе иштирок намуда, ҷавононро ба омӯзиши илму дониш ҳидоят намуда, падарвор насиҳат мекунанд.

Банда ҳам дар ибтидои соли хониш аҳли мактабу маорифро муборакбод намуда, як ғазали худро оид ба фазоили мактаб пешниҳод мекунам.


 

РОҲИ САОДАТ МАКТАБ АСТ
        Дар низоми зиндагӣ роҳи саодат мактаб аст, 
        Дар раҳи нуру сафо роҳи ҳидоят мактаб аст.
        Пок гардонад туро аз айбу нуксонҳо мудом,
        Аз ҳама безориҳо роҳи бароат мактаб аст.
        Баҳри фарзандони худ аз баҳри ирфон баҳра гир,
        Дар раҳи сидқу вафо роҳи садоқат мактаб аст.
        Ҳамчу Рустам дар далерӣ  паҳлавону шергир,  
        Хоҳи фарзандат шавад, роҳи ҷасорат мактаб аст.
        Буҳанифа, Ибни Сино пешвои аҳли илм,
        Фикр то солим шавад,роҳи саломат мактаб аст.
        Интиҳо дар ҳар амал матлуби ту бошад Ҳусайн, 
        Сарнавишти пурзиё, роҳи шарофат мактаб аст.   
 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар