Асосӣ Мақолаҳо Мазаммати кирдори бад

Мазаммати кирдори бад

Мазаммати кирдори бад
2020-09-04
2101

Ҳамду сано Худовандро, дуруду салом ва баракоти бепоён ба Паёмбари гиромӣ ва хонадону ёронаш.

Худованди карим дар Қуръони маҷид мефармояд:

«Эй мўъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти59).

Қуръони карим аз одамон тақозо дорад, ки тамоми рафтору кирдори инсон тибқи дастуроти Худованд ва Расули Ў, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, анҷом дода шаванд. Ибодат ва муомилот, рафтору кирдор, хулқу атвор низ ҳатман бояд дар ҳамин доира ба роҳ монда шаванд. Мутаассифона, имрўз баъзе одамон дастуроти Қуръони каримро нодида гирифта, аз фармудаҳои Худованд сарпечӣ мекунанд, ки чунин кирдор барои пайравони дини мубини Ислом шоиста намебошад.

Яке аз чунин амалҳои манфур, мардуд ва малъун «лавотат», яъне ҳалоли Худоро як сў монда, даст ба ҳаром задан аст.

Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст:

«Ва касоне, ки ғайри инро (ҳамсарон) талаб мекунанд, касоне азҳадгузаштагон ҳастанд» (Сураи «Маориҷ», ояти 31).

Дар Қуръони карим Худованд қиссаи қавми Лутро баён намудааст, ки барои мусулмонон панду ибрат ва огоҳӣ аст. Парвардигор оқибати лавотат ва ҳаромкориро баён намуда, мефармояд:

         «Ва ба Лут ҳикмату илм додем ва ўро аз деҳе, ки (аҳли он) корҳои нопок мекарданд, бираҳонидем. Ба дурустӣ ки онҳо қавми бад ва гунаҳгор буданд» (Сураи «Анбиё», ояти 74).

Дар ҷои дигар Парвардигор мефармояд:

«Оё (ба қасди қазои шаҳват) аз (миёни) аҳли олам ба сўи мардон меравед?

Вале он чиро мегузоред, ки Парвардигори шумо аз занонатон барои шумо офаридааст? Балки шумо гурўҳи азҳадгузашта ҳастед» (Сураи «Шуаро», оятҳои 165-166).

Оқибати қавми Лут ин буд, ки Худованд онҳоро мавриди лаънат қарор дод ва ҳар касе, ки амали қавми Лутро мекунад малъун аст.               

Абўҳурайра аз Паёмбар (с) ҳадисеро ривоят мекунад, ки чаҳор гурўҳ субҳу шом дар ғазаби Худованд қарор доранд ва яке аз онҳо шахсест, ки муртакиби лавотат шудааст (Ривояти Табаронӣ).

         Инчунин ривояти дигар аст, ки :«Вақте касе лавотат кунад, Арши азим аз ғазаб ба ларза медарояд ва наздик аст, ки осмон ба замин афтад, аммо фариштагон онро нигаҳ медоранд».

         Расули акрам мегўянд: «Ҳафт тоифа аст, ки Худованд онҳоро лаънат мекунад ва рўзи қиёмат ба онҳо назар намекунад ва ба онҳо гуфта мешавад, ки ба дўзах дохил шавед!» аз ҷумлаи онҳо яке «лавотаткунанда» ё «бачабоз» аст.

         Дар ин маврид метавон оятҳо ва ҳадисҳои зиёдеро овард, ки дар онҳо чунин амали зишт ва манфур мазаммат карда шудааст.

         Лавотат қобили табиати инсонӣ нест ва ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ ин корро намекунанд. Шахси лутӣ Худоро фаромўш кардааст. Ҳар кас Худоро фаромўш кунад, Худованд ўро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират хору залил мегардонад.

«Ва ҳар ки аз ёд кардани (аз зикри) Ман рўгардон шавад, пас, барои ў зиндагонии танг бувад ва рўзи қиёмат ўро нобино барангезем» (Сураи Тоҳо, ояти 124).

         Воқеан, оятҳои Қуръони карим бисёр таъсирбахшанд. Ин оят агар хонда шавад, вуҷуди инсон ба ларза медарояд. Ин оят маънои онро дорад, ки агар шахсе зоти поки Худоро инкор кунад, аз пайи ҳавою ҳавас рафта, зикри ўро фаромўш созад, ҳалолро монда ба ҳаром даст занад, барои ў дар дори охират азоби дарднок омода карда мешавад. Муфассирон мегўянд, ки ўро ду азоб аст. Аввал, дар дунё ризқу рўзиаш танг мешавад, дуввум, дар рўзи қиёмат вақте ҳама зинда мешаванд, ў кўру нобино аз ҷой мехезад.

         Огоҳ бошед, дар ҷомеае, ки мардум даст ба ҳаром мезананд, Худованд он қавмро мавриди уқубат қарор медиҳад. Чун қавми Лут ба лавотат даст заданд, Парвардигор фариштагонро амр намуд, то шаҳрҳои онҳоро ба осмон бурда, ба замин сарнагун созанд. Он шаҳрҳо Садум ва Ҳомиро (Садом ва Гоморра) ном доштанд. Дар ҷое, ки он шаҳрҳо ба замин фурў рафтанд, имрўз баҳри Мавт (ё баҳри Марг) мавҷуд аст. Аз зиштии лавотат дар ин баҳр ягон мавҷудот, ҳатто молекулаҳо зиндагонӣ намекунанд, зеро он ҷо макони лаънати Парвардигор аст.

         Аз ин рў, агар мо бетарафиро ихтиёр намоем, чун азоби Худо биёяд, неку бад, хурду калон ҳама ба он гирифтор мешаванд.

Имрўз мо дар асри 21 қарор дорем. Асри илму фарҳанг, техникаву технология. Имрўз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Ал-Беруниву Сино, Ал-Хоразмиву Хайём, Форобиву Абўмаҳмуди Хўҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд, дорои хулқи ҳамида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст. Китоби «Ал-Қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рўи китобҳои Беруниву Абўмаҳмуди Хўҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Пайғамбар (с)-ро мураттаб сохтанд. Оё дар баробари чунин дастовардҳо, ифтихор бо аҷдодони номдор, месазад, ки имрўз тоҷикон ба фаҳшу носазо ва амалҳои ношоиста даст зананд? Ҳаргиз не!

Моро лозим аст, ки фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намоем, онҳоро хулқи ҳамида омўзонем, то ин ки дар оянда номбардори аҷдодони хеш бошанд ва ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун макони тамаддуни олӣ, тоҷиконро дорои ахлоқи накў муаррифӣ кунанд.

«Бузургон ҳаргиз намемиранд». Ин ҳикмат аз ганҷинаи бобаракати ақлу заковати мардумӣ бархоста ва халқ нисбат ба фарзандони фарзонаву созандаи худ ба ин гуна ҳукм баровардан ҳақ  дорад. Зеро бузург будан ба он маъност, ки ҳам худро омўзӣ ва ҳам дигаронро, ҳам худро бишносӣ ва ҳам дигаронро, ҳам барои худ зиндагонию фаъолият кунӣ ва ҳам барои дигарон, имрўзро мунаввар намоӣ барои фардои ҳамнавъон. Бузург будан ба ин маъност, ки диле бузург бояд дошт, то дар он, дунё бо ҳама ғаму шодияш биғунҷад, зеҳни бузург бояд дошт, то муаммои зиндагиро дарк намояду тавонад, ки дарду дармони мардумро бо забоне барои ҳамагон фаҳмо кушояду рўшан баён кунад, фарзанди барўманду маҳбуби дилҳои одамон, новобаста аз ному насаб, қавму халқияту миллат, дину оину мазҳаб бошад.

         Худованд ҳамаи гузаштагони ин уммат ва ин миллатро бибахшаду мағфират намояд. Омин ё Раббал оламин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар