Асосӣ Мақолаҳо ШАММАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПАЁМБАРИ ХУДО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (с)

ШАММАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПАЁМБАРИ ХУДО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (с)

ШАММАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПАЁМБАРИ ХУДО  ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (с)
2020-10-24
2069

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

      Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар шаҳри Маккаи мукаррама субҳи рўзи душанбе 12-умиРабиул-аввал мувофиқ ба 20-уми апрели соли 571 мелодӣ ба дунё омадааст. Ў аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба Банӣ Ҳошим мансуб аст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва баъди 2-моҳи ҳомиладории завҷааш аз дунё рахти сафар баст. Баъд аз шаш сол модараш Омина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб ба зимма гирифт, аммо дар синни 8-солагии Паёмбар бобояш низ аз дунё мегузарад, сипас парастории ўро амакаш Абутолиб ба зимма мегирад. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амакаш Абўтолибро дар сафарҳои тиҷоратиаш ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст ва ҳамон вақт дар шаҳри Бусро, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Буҳайро ояндаи бузурги Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба Абўтолиб пешгӯӣ намудааст. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) то бистучорсолагиаш дар хизмати амакҳояш буд ва ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушгуфторӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро "Амин" мехонданд.

        Аминӣ ва бовиҷдонии он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таваҷҷуҳи Бибӣ Хадиҷа (рз) - яке аз занҳои сарватманди Маккаро ба худ ҷазб кард, аз ин рў, Паёмбари Худоро дар корҳои тиҷоратии хеш ҷалб намуд. Ҳазрати Хадиҷа (рз) - зани бешавҳари бодавлат, аз хешовандони дури Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф буд. Паёмбари Худо  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) корвони тиҷории Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Баъд аз ин сафар ва соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Ҳазрати Хадиҷа (рз) чил сол дошт ва Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) биступанҷсола буданд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар умум ҳафт фарзанд дошт, ки аз онҳо 3-тояш писар буд. Писарон дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадиҷа ба дунё омад, баъд аз ин ӯ боз 14 соли дигар зиндагӣ кард ва дар синни 65-солагиаш ин дунёро падруд гуфт.

Ҳаёти шахсии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муътадил буд. Ӯ завҷа ва фарзандонашро  дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ дар фотиҳа буд.

         Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Ҳазрати Алӣ (разиаллоҳу анҳу) писари амакаш Абўтолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (разиаллоҳу анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом буд. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсуҳбатон Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои некию накӯкориашон дӯст медоштанд.

          Аз рӯи ривоятҳо Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шаш моҳ қабл аз паёмбариаш моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ ба ибодат сипарӣ мекард. Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтова ѓолиб бар ҳама аст.

        Ҳангоме ки синни мубораки Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба чил солагӣ расид, дар моҳи Рамазони соли 610, дар ғори Ҳиро фариштаи ваҳй аввалин пайѓоми илоҳӣ, яъне панҷ ояти сураи «Алақ»-ро ба ў нозил кард:

«(Эй Расули Худо, бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худой офаринандаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон! Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он Худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омўхт ва ба одам он чиро, ки намедонист, ба илҳоми худ таълим дод» (Сураи «Алақ», ояти 1-5).

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Ҳазрати Хадиҷа бо диққат ва бо бовари том нақли ӯро шунид. Варқа, хеши Хадиҷа, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: «Эҳтимол суханат рост аст. Эй Хадиҷа, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷибраил) омадааст, оне, ки ба Мӯсо (алайҳисалом) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Паёмбари ин уммат хоҳад шуд».

        Баъд аз ин ваҳйи дуюм ба Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд:

«Ало, ай Расуле, ки худро бо либоспечидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худоро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва барои Худо сабру шикебоӣ пеш гир». (Сураи «»Мудассир», ояти 1-7)

        Баъд аз ваҳйи дуюм Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баҳри иҷрои дастуроти аз осмон нозилшуда пардохт.         Дини мубини Ислом рӯз ба рӯз рушд меёфт. Дар соли 617 қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд. Соли 619 Ҳазрати Хадиҷа ва баъд аз чанд ҳафтаи дигар Абўтолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагӣ дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо умматонаш ба Ясриб (Мадинаи мунаварра) ҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд. Охири соли 629, аввали соли 630 Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Макка баргашт. Наздик шудани сафари охиратро Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) эҳсос намуд. Моҳи марти соли 632 бо 124 ҳазор мусалмон маросими Ҳаҷро ба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард. 8-уми июни соли 632 ба масҷид омад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъд аз чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Ҳазрати Оиша (рз), духтари халифаи Расулаллоҳ Ҳазрати Абубакри сиддиқ (рз), аз олам чашм пӯшид.

        Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва салам) рўзи душанбе, 12-уми рабиул-аввали соли 11 ҳиҷрӣ, баробар ба 8-уми июни соли 632 дар Мадинаи мунаварра маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гардид.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо ба моҳи милоди Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва салам) табрик менамоям!!!

Мавлуд муборак!!!

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар