Асосӣ Мақолаҳо ЗУКОМУ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМ ОМЕХТА НАКУНЕД!

ЗУКОМУ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМ ОМЕХТА НАКУНЕД!

ЗУКОМУ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМ ОМЕХТА НАКУНЕД!
2020-12-30
1586

      Аз вақте ки пандемияи коронавирус тамоми дунёро фаро гирифтааст, мардуми бадаҳшатафтода, аз сулфаи одие, ки дигар вақтҳо ба он эътибор ҳам намедод, рӯҳафтода мешаванд ва ё баръакс COVID-19-ро ба зуком шабоҳат дода, ба он беаҳамиятӣ мекунанд.

         Бино ба маълумоти муовини сартабиби беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ, номзади илмҳои тиб Турахон Шарифзода дар тамоми кишварҳои дунё пандемияи COVID- 19 ба мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ мубаддал гаштааст. Дар баробари ин, бемории сироятии зуком низ ҳамасола дар мавсими худ хуруҷ мекунад. Аз ин рӯ, аломатҳои зукому коронавирусро аз ҳам фарқ кардан барои саломатӣ хеле муҳим мебошад. Сироятёфтаи коронавирус бо аломатҳои нафастангӣ, табларза, ҳарорати баланд, беҳолӣ, дарди мушакҳо, сулфа аз худ дарак медиҳад. Аммо аломатҳои зуком дар маҳкамшавӣ ва обравии бинӣ, атсазанӣ ва сурхшавии пардаҳои чашм дида мешавад, ки дар он  сирояти коронавирус қариб, ки мушоҳида намешавад. Аломати дигари сироятёфтагони COVID-19 хасташавист. Дар бисёр ҳолатҳо гирифторони коронавирус ҳисси таъми хӯрок ва бӯйро гум мекунанд, ки ин аломат дар беморони зуком тамоман мавҷуд нест. Яке аз аломатҳои ташвишовари сирояти нави навъи COVID-19 эҳсоси нафастангӣ ё нишонаҳои норасоии нафаскашӣ мебошад. Аз лаҳзаҳои аввали беморӣ, бештар шахсони аз 60-сола боло ва ё бемориҳои музмини роҳҳои нафас, бемории диабети қанд, нафароне, ки вазни зиёдатӣ доранд, бемориҳои дилу рагҳо дард ва фишори доимиро дар қафаси сина эҳсос менамоянд, ки он ба тарсу ҳаяҷон ва бехобӣ оварда мерасонад. Бемории зуком бо роҳи ҳаво дигаронро сироят мекунад, вале эҳтимоли бо роҳи ҳаво гузаштани коронавирус камтар аст. Коронавирус бештар бо роҳи қатрагӣ сироят мекунад. Дар ин маврид барои аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доштани шахс ниқоб нақши муҳим мебозад,- меафзояд сироятшинос.
       Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бисёре аз мардум ба таъкиди махсуси духтурон беэътиноӣ мекунанд. Ҳангоми вуруд ба нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору ҷойҳои серодам бениқоб ба чашм расидани одамон аз назар пинҳон нест. Пас биёед дар таъмини риояи қатъии дастурҳои табибон, ки омили бехавфии ману мост, бетараф набошем!

Р. ҚУРБОНОВА

(бознашр аз “Ҷумҳурият”)

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар