ИСРОФ МАРДУМРО БА ХОНАХАРОБӢ МЕОВАРД
Масъалаи муҳиме, ки солҳои тулонӣ ҷомеаи моро ба ташвиш оварда буд, ин масъалаи ҳурофоту таассуб ва рушд ёфтани онҳо дар байни мардуми кишварамон буд. Ҳатто қисмати ин зуҳурот дар ақлу амали табақаҳои мухталифи ҷомеа ҷой гирифта, хатари ҷиддиро барои давлатдорӣ ва дини муқаддаси ислом ба бор меовард.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо сабаби авҷ гирифтани зоҳирпарастӣ дар баъзе ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, онҳо на дар доираи оила ва пайвандон гузаронида мешуданд, балки ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил дода шуда, ба манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ меоварданд.
Мардум бо тақлиду худнамоӣ дороии оилаи худро сарф мекарданд ва қарздор шуда, бори гарони қарз ба дӯшашон бор мешуд.
Исрофкорӣ ва зиёдаравиҳои бемаънӣ дар маросимҳои оши сари тахта, оши чил, садрӯзагӣ, сари сол ва ғайраҳо, ки ба шариати ислом ягон алоқамандие надоштанд, мардумро ба хонахаробӣ оварда мерасонданд.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчигии кишвар оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву ҷашну маросимҳо (24 майи соли 2007, шаҳри Душанбе) таъкид намуда буданд ки: «Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Бештари оилаҳое, ки чунин маросимҳоро доир мекарданд, ба хароҷоти беҳуда машғул шуда, аз тарбияи фарзандони худ дур мешуданд. Баъзеҳо қарздор шуда, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоварданд.
Сарвари давлат ҳамаи инро мавриди таҳлил қарор дода, барои пешгирии роҳи ин нобасомониву беморие, ки асосан аз риоя накардани меъёрҳои расму оин ва анъанаҳои мардумӣ ва динӣ маншаъ мегирифт, бо дарназардошти фикр ва андешаи солими аҳли зиё, рӯҳониён ва мардум барои ҳалли ҳуқуқии ин мушкилот иқдом намуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда, 8 июни соли 2007 қабул гардид.
Дар зарфи беш аз 10 соли амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд.
Дар деҳаҳое, ки намозгузоронашон дар масҷиди ҷомеи мо ибодат мекарданд, дар маъракаҳои дафну азодорӣ ҳатман як, ду ё зёда аз он чорвои калон ва майдаи худро забҳ намуда, маблағҳои ҳангуфт сарф мекарданд. Дар сурате, ки бояд ин маблағҳо барои дарёфт кардани воситаҳои таълиму тарбияи фарзандонашон харҷ мешуд...
Қонуни миллӣ дар ташаккули тафакури халқи тоҷик дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъсири мусбат гузошта, нақши он дар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ бузург ба таври барҷаста эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, имрӯзҳо ҳамаи мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маданӣ дошта, ба манфиати мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст.
Қурбоналӣ Қаноатов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар