Асосӣ Мақолаҳо ЭСКТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – МУАММОИ ЗАМОНИ МУОСИР!

ЭСКТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – МУАММОИ ЗАМОНИ МУОСИР!

ЭСКТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – МУАММОИ ЗАМОНИ МУОСИР!
2021-03-10
1834

        Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои рушду амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии динӣ ва ифротгароӣ таҳдиди калон дошта, барои густариши давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ташкил намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ба ташвиш оварда он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Чунон ки маълум аст ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Сурия, Ироқ, Ливия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст.

       Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии ҳизбҳои ғайриқонунии тундгаро бахусус ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат мақсадашон овардани ақидаи бегона дар шакли муаммо ва инчунин ҳокимияти бегонаи ғайри ҳанафимазҳаб мебошад. Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашадии оромӣ ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқи озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати ороми қонуниро инкор мекунанд.

        Ин равияҳо имрӯзҳо мехоҳанд домони фаъолияти худро васеъ намуда аз ҳисоби гурӯҳи муайяни ҷавонони ноогоҳ тарафдорон пайдо намуда, ба амнияти ҷомеа хатар ворид намоянд.

         Ҳар як нафари бовиҷдони миллат бояд бидонанд, ки амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

          Бинобар ин имрўз роҳи ягонаи пешгирӣ ва коҳиш додани падидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо ҷавононе, ки дониши хуби муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини Ислом, хусусан аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба хубӣ огоҳ ҳастанд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар