Асосӣ Мақолаҳо РАМАЗОН­ ФАЗИЛАТ ВА МАНФИАТИ ОН

РАМАЗОН­ ФАЗИЛАТ ВА МАНФИАТИ ОН

РАМАЗОН­ ФАЗИЛАТ ВА МАНФИАТИ ОН
2021-04-13
3500

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

           

Ганҷинаи нуронии Қуръон, Рамазон аст,

Оромиши дилҳои парешон, Рамазон аст.

Маҷмӯаи дилҳост, шабу рӯзи азизаш,

Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст

     Худоро сипоси беадад, ки мо бандагонро ба моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи гунаҳсӯз эътироф шудааст, расонид. Моҳе, ки бедордилон онро интизорӣ мекашанд, моҳе, ки дар он борони раҳмати илоҳӣ бар бандагони мухлис сарозер мегардад.

        Худованди Маннон дар Қуръони азимуш­шаъни худ мефармояд;

“ Эй мӯъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни шумо фарз шуда буд, бошад, ки шумо парҳезгор шавед.” (Сураи “Бақара”. ояти 183)

       Яъне ин оят далел бар фарз будани рӯзаи моҳи Рамазон аст. Инчунин дар охири оят ҳикмат ва фавоиди рӯза баён мегардад, ки шумо ба сабаби рӯза доштан бо тақво ва аз ҷумлаи парҳезгорон мешавед.

        Шахси рӯзадор бояд шурӯъ ба худсозӣ намояд ва хоҳишу талаботи нафсонии худро мутобиқ бо фармудаҳои шаръи шариф гардонад, ки инро шохае аз тақво меноманд. Вақте инсон ба фармудаҳои Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳ меравад ва ризои худро дар ризои шаръ мебинад, пас ин шахс муттақӣ аст. Ва худи тақво иборат аз ризои Худо ва некӯкориҳост. Худованд дар Қуръони азимуш­шаън фармудааст: “Худо ҳатман, ҳамроҳи касоне бошад, ки тақво намудаанд ва касоне, ки онҳо накӯкоранд” (Сураи “Наҳл”. ояти 128).

       Аттор - он порсигӯи хушдил фармудааст:

Дар ин манзил зи тақво шодмон шав,

Ба покӣ аз ҳақиқат ҷони ҷон шав!

Дар ин манзил ба тақво дил фурӯ шӯй,

Даруни ҷону дил асрори кул ҷўй !

       Маънои савм худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва қаробати ҷинсист, лекин  одоб ва мустаҳабботе зарурӣ аз ҷониби шаръ барои рӯзадор пешбинӣ шудааст, ки инҳо  худдорӣ аз беҳудагӯӣ, бадрафторӣ  ва суханҳои бад аст.

        Рӯза сабаби дурии мусалмон аз оташи ҷаҳаннам аст, пас бояд шахси рӯзадор кӯшиш ба харҷ диҳад, то суханони ношоиста нагӯяд ва бо касе ҷангу ҷанҷол нанамояд, агар касе ӯро дашном дод, бояд дар ҷавоб бигӯяд ”Ман рӯзадорам”. Албатта ин ба гуфтан ва шунидан осон аст, ки  касе туро ранҷонад ва ту ҷавобе ба носазову фаҳшои ӯ нагӯї. Вале касоне, ки имони комил доранд ва аз ин ҳадисҳои гуҳарбори сарвари коинот бохабаранд, ин душвориро осон паси сар менамоянд. Аз Абўҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: Худованд фармудааст: “Тамоми амали фарзанди Одам барои ӯст, магар рӯза, зеро рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро ба ӯ медиҳам.  Рӯза ба монанди сипар аст, пас агар нафаре аз шумо рӯзадор бошад, сухане ношоиста нагӯяд ва ҷанҷол накунад. Агар касе ӯро дашном диҳад, ё ба ӯ зӯроварӣ  кунад, пас бигӯяд: Ман рӯзадорам. Қасам ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад ба яди Ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худованд хушбӯйтар аз бӯйи мушк аст. Барои рӯзадор ду хурсандист, ки бо онҳо хушнуд мегардад: Вақте ифтор менамояд, барои ифтор хурсанд мешавад, дигар вақте ки рӯзи қиёмат Парвардигорашро мулоќот мекунад, хушнуд мегардад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар