НАМОЗИ ТАРОВЕҲ АЗ ДИДГОҲИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
«Эй касоне, ки имон овардаед! Рўзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад, ки парҳезгор шавед» (Сураи «Бақара», ояти 183).
Яке аз ибодатҳои мавсимӣ, ки ҳар сол дар моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад, намози таровеҳ аст. Намози таровеҳ дар тамоми шабҳои моҳи Рамазон суннати муаккада буда, хондани он барои марду зан савоб дорад ва таркаш бидуни узр гуноҳ аст. Имом Бухорӣ аз Абўҳурайра (р) ривоят карда, ки ў фармуд: «Пайғамбар (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон тарғиб мекард, бидуни он ки дар ин маврид онҳоро таъкид намояд ва мефармуданд: «Касе, ки ба хотири имон ва умеди аҷру савоб дар шабҳои Рамазон ба намоз бархост, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад»». Аз суннати набавӣ ва иҷмоъи уммат собит аст, ки намози таровеҳ 20 (бист) ракъат бо даҳ салом ва панҷ тарвиҳа гузорида мешавад.
عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَ: كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُصَلِّي فِي رَمَضَانَ عِشْرِينَ رَكْعَةً وَالْوِتْرَ.
Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар Рамазони муборак бист ракъат намоз ва витр мехонданд. (Байҳақӣ; ҷ. 2, с. 496. «Муъҷами кабир»-и Табаронӣ; ҷ. 11, с. 393. «Муснад»-и Абд ибни ҳумайд; с. 218. «Мусаннаф»-и Ибни Абўшайба; ҷ. 2, 294).
Имом Таҳовӣ (р) баъд аз баҳси дуру дароз мефармояд: «Бинобар ин ҳадис, бист ракъат намози таровеҳ аз феъли Расули Худо (с) собит аст». Аллома Ибни ҳумом (р) мефармояд: «Бо санади саҳеҳ собит шудааст, ки дар даврони хилофати ҳазрати Умар (р) ва тобеъин 20 (бист) ракъат намози таровеҳ мехонданд, чунонки дар «Муваттаъ»-и Имом Молик (р) аз Язид ибни Румон ривоят аст. Аллома Байҳақӣ аз ҳазрати Соиб ибни Язид бо санади саҳеҳ ривоят мекунад, ки дар даврони ҳазрати Умар (р) бист ракъат намози таровеҳ мехонданд». («Фатҳул-қадир»; ҷ. 1, с. 407, боби қиёми моҳи Рамазон).
Аллома Айнӣ мефармояд, ки теъдоди ракаъоти намози таровеҳ бист ракъат аст. Имом Шофеъӣ (р) ва Имом Аҳмад (р) низ ба бист ракъат қоиланд ва дар мазҳаби онҳо ҳам мисли мазҳаби Имоми Аъзам (р) мехонанд. Далели ҳамаи онҳо ҳадиси Соиб ибни Язид (р) аст, ки онро Аллома Байҳақӣ бо санади саҳеҳ ривоят кардааст. Сипас Аллома Айнӣ мефармояд: «Барои пайравӣ кардан афзал ва муносибтар роҳи асҳоби Расули Худо (с) аст». («Умдатул-қорӣ»; ҷ. 7, с. 178, боби қиёми Набӣ дар шаби Рамазон ва ғайри он).
ҳамчунин аз ҳазрати ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки фармуданд:
عن جابر بن عبد الله قال خرج النبي صلى الله عليه و سلم ذات ليلة في رمضان فصلى الناس أربعة وعشرين ركعة وأوتر بثلاثة
«Як шаби Рамазони муборак Расули Худо (с) ба берун ташриф оварда, бо ҳамроҳи саҳобагон бисту чаҳор ракъат ва се ракъат намози витр хонданд, яъне бист ракъат намози таровеҳ, чаҳор ракъат намози хуфтан ва се ракъат намози витр».
Пас ин ҳадис ҳам далолат бар ин мекунад, ки намози таровеҳ бист ракъат аст ва дар ин боб аҳодиси дигар бисёр аст. Масалан аз ҳазрати ҳасан (р) ривоят аст, ки фармуд:
عَنِ الْحَسَنِ أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ جَمَعَ النَّاسَ عَلَى أُبَىِّ بْنِ كَعْبٍ فَكَانَ يُصَلِّى لَهُمْ عِشْرِينَ رَكْعَةً
«ҳазрати Умар (р) мардумро бо имомати ҳазрати Убай ибни Каъб (р) ҷамъ мекард ва онҳо бист ракъат намоз мехонданд». (Абўдовуд; ҷ. 1, с. 202. «Сияру аъломин-нубало»; ҷ. 1, с. 400. «ҷомиъул-масонид вас-сунан»-и Ибни Касир; ҷ. 1, с. 55).
عَنْ يَحْيَى بْنِ سَعِيدٍ ، أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ أَمَرَ رَجُلاً يُصَلِّي بِهِمْ عِشْرِينَ رَكْعَةً.
Далели дигар низ аз Яҳё ибни Саъид (р) аст, ки ҳазрати Умар (р) шахсеро амр мекард, ки бо мардум бист ракъат намоз бихонад. («Мусаннаф»-и Ибни Абўшайба; ҷ. 2, с. 393).
عَنْ عَبْدِ الْعَزِيزِ بْنِ رُفَيْعٍ ، قَالَ : كَانَ أُبَيّ بْنُ كَعْبٍ يُصَلِّي بِالنَّاسِ فِي رَمَضَانَ بِالْمَدِينَةِ عِشْرِينَ رَكْعَةً وَيُوتِرُ بِثَلاَثٍ.
Абдулазиз ибни Руфайъ (р) мефармояд, ки ҳазрати Убай ибни Каъб (р) бо мардум дар моҳи Рамазон дар Мадинаи мунаввара бист ракъат намоз ва се ракъат намози витр мехонд. («Мусаннаф»-и Ибни Абўшайба; ҷ. 2, с. 393).
عَنْ أَبِى عَبْدِ الرَّحْمَنِ السُّلَمِىِّ عَنْ عَلِىٍّ رَضِىَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : دَعَا الْقُرَّاءَ فِى رَمَضَانَ ، فَأَمَرَ مِنْهُمْ رَجُلاً يُصَلِّى بِالنَّاسِ عِشْرِينَ رَكْعَةً. قَالَ : وَكَانَ عَلِىٌّ رَضِىَ اللَّهُ عَنْهُ يُوتِرُ بِهِمْ.
ҳамчунин аз Абўабдурраҳмони Суламӣ (р) ривоят аст, ки ҳазрати Алӣ (р) дар Рамазони муборак қориёни қуръонро ҷамъ мекард ва яке аз онҳоро амр мекард, то бо мардум бист ракъат намоз бигузорад. ҳазрати Абўабдурраҳмон мефармояд, ки худи ҳазрати Алӣ (р) намози витри онҳоро мехонд. («Сунани кубро»-и Байҳақӣ; ҷ. 2, с. 496).
وَرَوَى مَالِكٌ ، عَنْ يَزِيدَ بْنِ رُومَانَ ، قَالَ : كَانَ النَّاسُ يَقُومُونَ فِي زَمَنِ عُمَرَ فِي رَمَضَانَ بِثَلَاثٍ وَعِشْرِينَ رَكْعَةً .وَعَنْ عَلِيٍّ ، أَنَّهُ أَمَرَ رَجُلًا يُصَلِّي بِهِمْ فِي رَمَضَانَ عِشْرِينَ رَكْعَةً . وَهَذَا كَالْإِجْمَاعِ.
ҳазрати Муҳаммад ибни қудомаи ҳанбалӣ мефармояд, ки Имом Молик (р) аз Ибни Румон ривоят мекунад, ки дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) мардум дар Рамазони муборак бисту се ракъат намоз мехонданд. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки ў шахсеро амр кард, то ки дар Рамазони муборак барои мардум бист ракъат намоз бихонад. Ин амр мисли иҷмоъ (иттифоқ) аст. («Ал-муғнӣ»-и Ибни қудома; ҷ. 2, с. 167).
Аллома қасталонии шофеӣ мефармояд:
وَ قَدْ عدُّوا مَا وقع فِي زَمَنِ عُمَرَ كَالْإِجْمَاعِ.
Яъне: «Он чи дар замони ҳазрати Умар (р) воқеъ шуд, онро уламо ҳамчун иттифоқ шумурданд». («Иршодус-сорӣ»; ҷ. 3, с. 515).
ҳамчунин Аллома Алӣ қории ҳанафӣ мефармояд:
أجمع الصحابة على أن التراويح عشرون ركعة.
«Саҳобагон бар ин иттифоқ кардаанд, ки намози таровеҳ бист ракъат аст». («Мирқотул-мафотиҳ»; ҷ. 3, с. 194).
Аллома Сайид Муҳаммад Муртазои Забидӣ мефармояд:
وبالْإِجْمَاع الذي وقع فِي زَمَنِ عُمَرَ أخذ أبو حنيفة والنووي والشافعي وأحمد والجمهور واختاره ابن عبد البر.
«Иҷмоъе, ки дар замони ҳазрати Умар (р) воқеъ шуда буд, Абўҳанифа (р), Нававӣ (р), Шофеъӣ (р), Аҳмад (р) ва ҷумҳури уламо онро пазируфтанд ва ба он амал карданд ва Ибни Абдулбар низ ҳамонро ихтиёр кардааст». («Итҳофу содатил-муттақин»; ҷ. 3, с. 700).
Имом ғазолӣ дар китоби «Эҳё» чунин мегўяд:
التراويح وهي عشرون ركعة وكيفيتها مشهورة وهي سنة مؤكدة
«Яъне намози таровеҳ бист ракъат буда, тариқаи хонданаш машҳур ва маъруф аст ва он суннати муаккада мебошад». («Эҳёул-улум»; ҷ. 1, с. 201).
Дар китоби «Мароқил-фалоҳ» омадааст:
روى أسد بن عمرو عن أبي يوسف قال سألت أبا حنيفة عن التراويح وما فعله عمر رضي الله عنه فقال : التراويح سنة مؤكدة ولم يتخرصه عمر من تلقاء نفسه ولم يكن فيه مبتدعا ولم يأمر به إلا عن أصل لديه وعهد من رسول الله صلى الله عليه و سلم
ҳазрати Асад ибни Амр аз имом Абўюсуф ривоят мекунад, ки фармуд: «Ман аз Имоми Аъзам дар бораи таровеҳ ва амали ҳазрати Умар (р) пурсон шудам, ў гуфт: Таровеҳ суннати муаккада аст ва ҳазрати Умар (р) бист ракъат намози таровеҳро аз тарафи худаш муқаррар накарда ва ҳеҷ бидъатеро эҷод нанамудааст, балки бо такя ба далеле, ки дошта ва аҳде, ки аз Расули Худо (с) дидааст, ба ҷамоати он амр фармуд».
Бо такя ба далелҳои дар боло зикршуда бо итминон метавон гуфт, ки теъдоди ракаъоти намози таровеҳ бист ракъат буда, аз даврони аввали зуҳури Ислом то кунун идома дорад. Шоҳиди ин гуфтаҳо амали аҳли ҳарамайн аст, ки дар ҳар моҳи Рамазон имомони он ҷо бо ҷамъияти сершумори намозгузорон ин маросими ибодатиро анҷом медиҳанд ва касе ҷои инкору хилоф надорад. Пас набояд масъалаеро, ки уммат бар он иттифоқи назар дорад, ноогоҳона маънидод намуд ва боиси ихтилоф дар ваҳдати ҷомеа шуд. Чунки мусулмонони имрўз бештар аз ҳар замоне ниёзманди ваҳдату ҳамбастагӣ ҳастанд ва матраҳ намудани чунин масоил омили ба вуҷуд омадани чандин мушкилот ва нобасомониҳо мегардад. Инсони хирадманд ҳамон касе аст, ки ба ин гуфтаи Худованд гўш фаро медиҳад:
«Шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед». («Оли Имрон»; 103).
Аз ин рў, дар ин моҳи Рамазон, ки моҳи улфату муҳаббат ва раҳмату бахшоиш аст, бояд ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг бизанем ва ба сони мусулмонони садри Ислом худро ба ибодат ва ахлоқи нек музайян ва ороста бигардонем, бошад, ки мавриди лутфу бахшоиши Худованд қарор бигирем. Худованди азза ва ҷалла ин моҳи муборакро барои ҳамаамон боз ҳам бобаракат бигардонад.
Сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ
Сангалиев Маҳмуд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар