ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ФАРЗАНДОН ПАДАРУ МОДАРОНРО МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД!
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солимии миллат аз солимии ҷисмонӣ ва маънавии насли ҷавон вобастагии зич дорад. Бидуни шак солимии маънавии насли ҷавон, махсусан дар шароити имрӯза - дар шароити тезутунд гардидани равандҳои глобализатсионӣ ва бархӯрди аришҳои тамаддунҳои мухталиф боз ҳам муҳимтару мубрамтар ва заруртару ҳатмӣ гардида истодааст.
Ба назар чунин мерасад, ки солимии маънавии насли ҷавони ҷомеаи моро ғайр аз заҳролудшавӣ бо андешаҳои ифротии динӣ боз осебпазир шудан аз таъсири арзишҳои аз рӯи моҳият ва таъинот гуногунҳадаф ва хатарноки ғарбӣ низ таҳдид мекунад. Чанд рӯз пеш, дар нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ байни ман ва ҷавоне муколамае сурат гирифт, ки то ба имрӯз маро ором намегузорад. Ҷавони дар шафатам нишаста тез-тез телефони дастияшро истифода мебурд. Нохост нигоҳи чашмам ба шишаи (экран) телефонаш афтид, ки дар он акси парчами давлати абарқудрате бо номи кишвари мазкур бо ҳуруфи англисӣ сабт шуда буд. Худро дошта натавониста аз ҷавон пурсидам, ки ин чист? Ӯ бидуни андеша ҷавоб дод: Ин «молодёжный» аст. Аз ӯ боз пурсидам, ки куҷои ин акс ба «молодёжный» дахл дорад? Ӯ боз ҷавоб дод: - Ҳоло соли 43-юм нест. Ман гуфтам, ки соли 43-юм ба ин расм чӣ дахл дорад? Ӯ гуфт: - Соли 43-юм гузашт рафт, шӯравӣ тамом, ояндаро бояд фикр кард, ояндаро. Ман гӯш карданро ба як сӯ гузошта, ба ӯ фаҳмонданӣ шудам: - Ту дар бораи оянда гап мезанӣ, лекин медонӣ, ки ту бо ин расмат оянда ва тақдири худро ба дигарон супорида истодаӣ. Ин маънои онро дорад, ки ту аз таъриху фарҳанги миллати худат бехабар ҳастӣ. Пас, муаллимонат ба ту дарс надодаанд. Ҷавон бо виқор гуфт: - Ба ман ҳамин маъқул аст, гирифта мегардам. Ин ҳангом ронанда ба муколама ҳамроҳ шуда, бо суханони зерин ба гуфтугӯи мо хотима бахшид: - Ба насли ҷавони имрӯза гап задан бефоида аст, ба онҳо сухан таъсир намерасонад.
Баъд аз гуфтугӯи мазкур ба андеша афтодам ва пайваста фикр мекардам, ки чӣ тавр ҷавоне, ки на дар деҳот, балки дар шаҳр таваллуд ёфта, ба воя расидаасту мактабро низ дар шаҳр хатм кардааст ва дар яке аз макотиби олӣ таҳсил мекунад, намедонад, ки парчам чист, парчами дигар кишварро барои худ идеал қарор додан чӣ маъно дорад, оянда гуфта ӯ чиро дар назар дорад? Аз донишу тасаввуроти чунин ҷавонон метавон ба чунин хулоса расид, ки новобаста аз корҳои зиёди тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ҳам тавассути мактабу маориф ва ҳам тавассути ВАО иддае аз ҷавонони мо доир ба таърих ва фарҳанги миллии худ тасаввуроте надоранд, арзишҳои миллиро аз арзишҳои бегона фарқ наменамоянд, дар бораи оянда сухан ронда, намедонанд, ки оянда аз имрӯз вобаста аст.
Ҷои шубҳае нест, ки мактабу маориф ва низоми тарғиботии давлат дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд ва расонида истодаанд, бо вуҷуди ин, маълум мегардад, ки таъсири сомонаҳои интернетӣ боз ҳам қавитар будааст. Вобаста ба ин масъала падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур мегардад, ки дар нисбати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанду дар тарбияи ҳаматарафаи онҳо масъулияти бештар нишон диҳанд. Акси парчами дигар кишварро ҳамчун идеал дар нахустсафҳаи телефони худ қарор додан маънои ба арзишҳои тақдирсози бегона самтгирӣ намуданро дорад. Ашхоси дар чунин рӯҳия тарбия ёфта имкон доранд, ки дар оянда ба давлату миллати хеш хиёнат намоянд. Ҳолати мазкур дар тақдири ояндаи чунин ҷавонон бешак таъсири манфӣ мегузорад. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои номатлуб падару модаронро зарур аст:
- пайваста бо фарзандон дар бораи ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии мақбули онҳо суҳбат намоянд, то аз олами маънавии онҳо воқиф бошанд;
- дар ҳузури онҳо аз муҳтавои телефонҳои онҳо огоҳ бошанд, то ба кадом арзишҳо самтгирии фарзандонашон аз онҳо пӯшида намонад;
- бояд огоҳ шуд, ки фарзандон бо киҳо рафиқӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ менамоянд ва он рафиқону дӯстону ҳамкорон ба кадом гурӯҳи иҷтимоӣ мутааллиқ мебошанд;
- бо донишкадаю донишгоҳҳое, ки дар он фарзандон таҳсил менамоянд, робитаи ҳасанаро ба роҳ монда, назоратро аз болои раванди таҳсили онҳо бояд пурқувват кунанд.
Падару модарон набояд фаромӯш созанд, ки агарчанде чунин сахтгирӣ ба ҳеҷ фарзанд маъқул намеафтад, лекин бояд донанд, ки бо чунин сахтгирӣ ва назорати қатъӣ дар ташаккули шахсияти солими фарзандон саҳми босазо гузошта, ҳамзамон барои таъмини ояндаи дурахшони фарзандон қарзи волидайнии худро сарбаландона адо менамоянд. Мушоҳидаҳои зиёд гувоҳӣ медиҳанд, ки фарзандони беназорат ба воя расида, баъд аз бархӯрд бо нобасомониҳои зиндагӣ ва душворӣ дар муайян намудани арзишҳои тақдирсози оянда маҳз падару модарони хешро гунаҳгор ҳисобидаанд. Бинобар ин, бо назардошти мушкилии вазъи маънавии ҷаҳони имрӯза падару модаронро фарз мегардад, ки барои ояндаи фарзандони бо душворию заҳмат ба воя расонидаашон бештар масъулият ҳис намоянд.
Абдухалилзода К.
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар