ҲИКМАТИ НУЗУЛИ КИТОБҲОИ ОСМОНӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки аз љумлаи онҳо саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Нўҳ (а), Тавроту Инљилу Забур ва аз ҳама комилтар Қуръони маљид аст. Агар ин китобҳо нозил намешуданд, инсоният дар роҳи худшиносӣ ва ибодати Парвардигор гирифтори хато мешуд ва аз усули тақво, ахлоқу тарбият ва қонунҳои иљтимоии лозим бебаҳра мемонд. Ин китобҳои осмонӣ ба сони борони раҳмат бар сафҳаи дилҳо фурў рехт ва донаҳои тақво, ахлоқ, маърифати Худо ва илму ҳикматро дар ниҳоди инсонҳо парвариш дод ва шукуфо сохт. Худованди мутаъол мефармояд:
«Пайғамбар ба он чи аз Парвардигораш ба сўи ў фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мўъминон низ; ҳама ба Худо ва фариштагони Ў ва Китобҳои Ў ва пайғамбарони Ў имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни ҳељ касе аз пайғамбарони Ў фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Ту аст». (Сураи «Бақара», ояти 285)
Ҳарчанд мутаассифона бар асари гузашти замон ва дахолати љоҳилон ва ноаҳлон бисёре аз китобҳои осмонӣ мавриди таҳриф (изофа ё кам кардани матн) қарор гирифта, бо афкори нодуруст омехта шуданд, вале Қуръони карим дастнохўрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоби љаҳонтоб дар ҳамаи асру замонҳо медурахшад ва дилҳоро бо нури худ равшан месозад. Худованди мутаъол дар ин маврид фармудааст:
«Эй аҳли Китоб, ба дурустӣ ки пайғамбари Мо назди шумо омад, барои шумо бисёреро аз Китоб (яъне аз Китоби илоҳӣ), ки пинҳон медоштед, баён мекунад ва аз (тақсироти) бисёре даргузар мекунад. Ба дурустӣ ки аз љониби Худо нуре ва Китобе (яъне Қуръон) равшан ба шумо омад. Худо ба сабаби он ҳар касро, ки талаби ризои Ў кунад, ба сўи роҳҳои наљот далолат менамояд ва онҳоро ба иродаи Худ аз торикӣ ба сўи равшанӣ берун меорад ва онҳоро ба сўи роҳи рост далолат мекунад». (Сураи «Моида», ояти 15-16)
Худованд дар љои дигар аз китоби осмонии худ мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред ба Худованд ва паёмбараш ва китобе, ки ба паёмбараш фиристод (яъне Қуръон) ва китобе, ки пеш аз ин фиристодааст (Таврот, Инљил ва ғайра) ва ҳар касе, ки ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва паёмбаронаш ва рўзи қиёмат кофир шуд (ва имон наёвард), сахт дар гирдоби гумроҳӣ воқеъ шудааст». (Сураи «Нисо», ояти 136).
Яке аз усули ақидаи исломӣ имон ба китобҳои осмонӣ мебошад. Мо имон дорем ба ин ки Аллоҳ таоло ба паёмбарони худ китоб фиристодааст, тавре ки Аллоҳ таоло мефармояд:
«Ҳар оина фиристодем паёмбарони худро ба нишонаҳои возеҳ ва фуруд овардем ҳамроҳи эшон китоб ва тарозуро то амал кунанд мардумон ба инсоф». (Сураи «Ҳадид», ояти 25).
Имон ба китобҳои осмонӣ иборат аст аз эътиқод ба ҳаққонияти китобҳое, ки аз љониби Аллоҳ - субҳонаҳу ва таъоло – барои ҳидояти махлуқот ба паёмбарон (а) нозил шудаанд. Машҳуртарин китобҳои муқаддаси осмонӣ асосан чаҳортоанд:
- Таврот
- Инљил
- Забур
- Фурқон
Дар китоби Шарҳи «Фиқҳи акбар», таълифи Аҳмади Мағнисовӣ машҳур ба Абулмунтаҳо рољеъ ба суҳуфи нозилшуда ба бархе паёмбарон чунин омадааст:
1) Саҳифаҳои Одам (а).
2) Саҳифаҳои Шис (а).
3) Саҳифаҳои Идрис (а).
4) Саҳифаҳои Иброҳим (а).
1) Аз љумлаи китобҳои осмонӣ яке китоби Таврот мебошад. Калимаи «Таврот» аз луғати ибрӣ (юнонӣ) гирифта шуда, ба маънои шариъат ва ташреъ мебошад. Аллоҳ таоло онро ба ҳазрати Мусо (а) фиристодааст ва он бузургтарин китоби Банӣ Исроил шуморида мешавад.
Чунонки Ҳақ таоло мефармояд:
«Дар он ҳидоят ва равшанӣ аст, ҳукм мекунанд ба он паёмбароне, ки сар хам кардаанд ба фармони илоҳи, барои яҳуд ва ҳукм мекунанд худопарастон, ва олимон, эшон ҳама ҳукм мекарданд ба он чи ҳофизи он гардонида шудаанд аз китоби Худо ва бар он шоҳид буданд». (Сураи «Моида», ояти 44).
Таврот китобе аз китобҳои Худованд аст, ки бар калимаш Мусо (а) нозил кардааст, барои баёни аҳкоми шаръӣ ва ақоиди дуруст ва писандида ва дар он мужда ба зуҳури паёмбаре аз фарзандони Исмоил дода шуда, ки ў Паёмбари мо Муҳаммад (с) аст ва дар он ишора шуда ба ин ки ин Паёмбар дини љадидеро меоварад, ки ба сўи биҳишт ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад.
2) Инљил, ки Худои таоло онро ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) нозил карда аст ва он тасдиққунандаи Таврот аст. Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
«Ва додем ўро Инљил, дар он ҳидоят ва равшанӣ аст ва тасдиққунандаи Таврот аст ва ҳидоят ва панддиҳандаи парҳезкорон аст». (сураи «Моида» , 46).
Калимаи «Инљил» аз забони сурёнӣ гирифта шуда, ба маънои «башорат» ва «хушхабар» мебошад. Инљил китобе аз китобҳои Худованд аст, ки ба хотири баёни ҳақоиқ ва даъвати мардум ба сўи тавҳид ва яктопарастӣ ва насхи бархе аҳкоми Таврот бар тибқи муқтазаёт ва мужда додан ба зуҳури хотами анбиё бар ҳазрати Исо (а) нозил шудааст. Уламо муътақид ҳастанд, ки Инљили кунунӣ дорои чаҳор нусха аст ва аз тарафи чаҳор шахс навишта шуда, ки бархе аз онҳо ҳаргиз Масеҳ (а) - ро надидаанд ва онон иборатанд аз: Мато, Марқус, Луқо ва Юҳанно. Инљили ҳар кадоме аз инҳо дар бисёре аз матолиб бо Инљили дигаре таноқуз дорад. Ва насоро ғайр аз Инљилҳои чаҳоргона Инљилҳои дигаре низ доштаанд, ки ба хотири раҳоӣ аз таноқузи бисёр ва тазодду таоруз дусад сол баъд аз фаро хонда шудани ҳазрати Масеҳ (а) ба осмон ба љуз ин чаҳорто бақияро бекор карданд.
3) Забур, ки онро Аллоҳ таоло ба ҳазрати Довуд (а) нозил кардааст. Забур китобе аз китобҳои Худованд аст, ки барои ҳазрати Довуд (а) нозил шудааст. Ва он иборат аст аз адъия ва азкор, ҳикмат панд ва андарз ва дар он аҳкоми шаръӣ вуљуд надорад, зеро ки Довуд (а) маъмур буданд, ки аз шариати Мусо (а) пайравӣ намояд.
Лозим ба зикр аст, ки таъйини адади китобҳои осмонӣ аз тарафи мо мумкин нест, зеро адади онро љуз Худованд касе намедонад. Ҳарчанд дар баъзе сарчашмаҳои илми ақида адади китобҳои осмонӣ маљмуъан 104 китоб ва саҳифа зикр шудааст, вале қавли аҳват ин аст, ки дар китобҳои осмонӣ ба мисли пайғамбарон набояд андозаеро таъйин кард. Вазифаи мо ин аст, ки бигўем: Ба ҳамаи китобҳои Ў таъоло имон ва бовар дорем. Имон ба китобҳои илоҳӣ яке аз аркони ҳафтгонаи имон маҳсуб мешавад, ки бидуни гаравидан ба он имони шахс саҳеҳ намегардад.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар