ПАЁМ – РОҲНАМОИ ҶОМЕА
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Шукри даврони соҳибистиқлолии ватанро намуда ҳамасола аз ироаи Паёми саршор аз ҳикмату иттиллои зарурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар мегардем. Ҳарчанд қисмати зиёди мавзуъҳои баррасигардидаи сарвари маҳбубамон бароямон бегона нест аммо ин навбат низ Пешвои миллат бо таъкидҳои ҷиддӣ бори дигар моро ҳушдор сохтанд, то ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 – уми декабри соли 2021 тавасути Паёми ҳикматбору судманди хеш таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили гуногун ҷалб намуданд, ки аз ҷониби мо ходимони дин самимона пазируфта шуд.
Пешвои миллат бо дарназрдошти баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ марбут ба масъалаи истифодаи телефонҳои мобилӣ тибқи нишондодҳои оморӣ ин тавр ёдрас шуданд:
“– агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст” .
Барои инсонҳои комил дарки арзиши вақт, фарҳангии сарфакорӣ, устувор нигоҳ доштани саломатӣ ва шуғл варзиданд ба корҳои судманду хайр нақши бузург дорад. Дар ҳоле, ки мо Паёми батозагӣ ироашудаи Президенти мамлакатмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии худ дониста дар ин замина нақшаву барномаҳои ҳаётиамонро тарҳрезӣ намоем, бе шубҳа метавон гуфт, ки аз ҷумлаи нафарони комёбу муваффақ ҳисоб мешавем.
Мутаассифона имрузҳо ҷомеъаи моро бори гарони телефонҳои мобилӣ бо истифода аз шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ фарогир шудаву аз ин вартаи пурпечутоб баромадан низ то як андоза муҳол гардидааст. Мисоли равшан ҳамин аст, ки дар иҳотаи аҳли хонавода ҳастему ба ҷои шунидани насиҳати падару модар фарзандон гушае қарор гирифта, соатҳои дароз бо телефонҳои мобилӣ шуғли беҳуда меварзанд. Калонсолон низ дар ин радиф шомил буда бештари ҳолат мушоҳида мекунем, ки ҳатто дар истгоҳу роҳравҳо ва дар умум ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳама побанди телефонҳои мобилианд. Саволе ба миён меояд, ки тавассути кадом масоил имрўз ҷомеъа ба шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд пайвастанд ва чи бояд кард, ки аз ин мушкилот раҳоӣ ёбем.
Бо назардошти бартарф шудани чунин масъалаҳои иҷтимоӣ хосса дар мавриди тарбияи дурусти фарзанд аз ҷониби Абдулло ибни Умар (рз) ривоят шуда, ки Расули Худо бо ин мазмун таъкид намудаанд:
“Ва ҳамаи шумо масъули раъияти хешед ва ҳар яки шумо масъулият доред назди фарзандон ва мисли чупон (посбон) ҳастед, ки оянда пурсида мешавед”.
Пас мо волидайнро лозим аст аз чунин пурсиш ҳамеша огоҳӣ дошта бошем, чунки тарбияи фарзанд дар ҳоли руй овардан ба шуғли беҳуда аз даст меравад. Шояд зарурат надорад, ки ҳар як фарзанд соҳиби телефони мобилӣ бошад. Ҳама хуб медонем, ки бештари фарзандон бо кадом мақсад аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранду мақсадшон чист. Бозиҳои беҳуда, иттллои нолозим ва суҳбатҳои бемантиқу дигар тамошоҳои беасос. Даҳшатбораш ҳамин аст, ки тавассути телефонҳои мобилӣ бархе аз фарзандони моро ҳар гуна ҳизбу гурўҳҳои ифротии бароямон маълум мағзшўи намуда, мафкураашонро хароб месозанд. Пас телефон дастрас намудан барои фарзанд нишони меҳрубониву ғамхори набуда, балки ояндаи зишт низ доштааст.
Насли наврас меросбари фарҳангу тамаддуни мо мебошанд, онҳоро ончунон бояд тарбия кард, ки оянда нерўи созаандаашон баҳри манфиати миллату давлат самаранок истифода шавад. Аммо чи хеле, ки мушоҳида мешавад истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мушкилиҳои мубрами ҷомеъа дар ҳаёти наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Саркадаҳои ташкилоти экстремистӣ аз чунин имконият мехоҳанд самаранок истифода баранд, ки мо низ бояд ин масъаларо саривақтӣ ҷилавгирӣ намоем.
Агар мехоҳем аз раванди таҳсил ва ё худ қароргоҳи фарзандон ҳар лаҳза огоҳӣ дошта бошему аз ин хотир барояшон телефон тақдим мекунем пас зарурат надорад, ки бо арзиши баланд аз телфонҳои қиммат харидорӣ кунем. Имрўз аксар насли наврасу ҷавон соҳиби телефонҳое мебошанд, ки имкони истифодаи шабакаҳои иҷтимои аст. Онҳо дар мавриди истифодаи шабакаҳои интернетӣ хеле фаъол буда аз сомонаҳои Одноклассники, Фейсбук, Твиттер, Вконтакте, мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм, Инстаграм, Зело ва ғайраҳо истифоа мебаранд. Аслан дар зиндагӣ соҳиби дўст будан хуб аст, аммо дўстро бояд аз наздик шинохт. Оид ба ақидаҳои диниву мазҳабӣ, ҳисси ватандориву адолпарварӣ ва дар умум соҳиби хислатҳои неки инсонӣ буданаш иттиллоъ доштан лозим аст. Агар дўст некбину босавод ва дурандеш бошад беҳтарин дўст хоҳад буду ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ, аммо хуб медонем, ки тариқи шабакаҳои интерет на ҳамеша метавон дўсти хубу лоиқи ситоиш дарёфт кард. Аз ин хотир мо падару модарон ва дар умум калонсолонро лозим аст, аз ин ҷиҳат болои фарзандон назорати доимӣ барем ба онҳо тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилиро омўзонем то дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ лағшиш надошта бошанд. Инчунин масъалаи зарари ҷисмониву руҳӣ доштанаш низ аз мавзуъҳои ҳалталаби ҷомеъа маҳсуб меёбад, ки дар ин хусус табибон борҳо таъкид медоранд, ки эҳтиёткор бошем. Ҳамин гуна таъсирҳои манфии истифодаи телефонҳои мобилиро ба инобат гирифта Пешвои миллатамон дар Паёмашон моро муваззаф сохтанд то дар ҳалли мушкилоти зайл дар канор намонем.
Усмоналӣ Нурзода-Муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатиби вилояти Хатлон.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар