Асосӣ Мақолаҳо ИСЛОМ МОРО БА ҲИФЗИ ВАТАН МЕХОНАД

ИСЛОМ МОРО БА ҲИФЗИ ВАТАН МЕХОНАД

ИСЛОМ МОРО БА ҲИФЗИ ВАТАН МЕХОНАД
2022-02-02
1319

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом ба Расули акрам (с) ва хонадону ёрони ў бод.

       Ҳифзу ҳимояи ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Зеро дар ояти охирони сураи “Оли Имрон” Парвардигор мефармояд:

        «Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!»

        Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”-омода бошед, дар,  ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омада бошед. Дар ибтидо “работ” хоначаеро мегуфтнд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабурӯз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи “работ” ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард. Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа.

       Дар ин замина шоире мефармояд:

Инсон набувад ҳар ки ватанхоҳ набошад

Ғамхори чунин халқи дилогоҳ набошад

Сагро зи вафодори вафодор бигӯянд,

Айб аст, ки одамӣ вафодор набошад

Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амну субот ин итоат ва фармонбардории роҳбарон аст. Ба итоату фармонбардорӣ ҳаёти инсон дар ҷамъият аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад. Воқеан, он салоҳият ва ободие, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамватанон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки танҳо шахси муғриз, кӯрнамак ва ношукр онҳоро дида наметавонад.

          Дар китоби «Ҷомеу-л-улум» омадааст, ки : «Ба роҳбарон гӯш кардан ва аз эшон итоат кардан, дар ин саодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо масолеҳи бандагон дар зиндагиашон муназзам мешавад ва ба туфайли онҳо дин ва тоати Парвардигорашонро изҳор мекунанд».

Худованд дар ин маврид фармудааст:

   «Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти 59).

Вазифаи аввалини ҳар яки мо ҳимояи Ватан аз тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидан аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандўстӣ аст. Ҳифзи амонии Ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз бадии ҳар гуна равия, мазҳаб ва ҳизбу ҳаракатҳои ботил нигоҳ дорад. 

        Ҳимояи ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

         Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст:  Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 1) Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд). 2) Овоз чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).  3) Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).

         Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

          Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Посбонии як шабонарӯз дар роҳи худо беҳтар аст аз дунё ва он чизе, ки дар дунё аст.

Амири беватан зору ҳақир аст

Гадое дар Ватан мирад, амир аст.

          Аз назари таълимоти шариат низ хизмати Ватан-модар, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як мусалмон ба ҳисоб меравад.  Худованди тавоно дар Қуръони Карим ба Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар мавриди Ватан чунин фармудааст: “Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сӯи ҷои бозгашт бозгардонанда аст» (Сураи “Қасас”ояти 85).

         Ин оят дар сарзамини “Ҷуҳфа” аснои сафари Паёмбар (с) ба Мадинаи мунаввара нозил гардидааст.  Вақте ки Паёмбари акрам (с) аз Макка ба Мадина мерафтанду дилашон ҳамеша ба зодгоҳи худ-Макка кашол буд.

Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид. Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст. Барқарории амну субот аз заруриётест, ки тамоми аҳли башар бар он иттифоқ доранд, зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амну субот амалӣ хоҳад шуд.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Муттахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар