Асосӣ Мақолаҳо МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ

МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ

МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ
2022-02-15
2563

Худованди таборак ва таъоло инсонро офарид ва барояш тариқаи касби ризқро омӯхт. Паёмбаронро (салавотуллоҳи алайҳим) барои инсоният намунаи ибрат гардонид, ки дар баробари ҳидояти башар ҳамагӣ соҳиби касбе буданд. Ҳазрати Одам (а) ва Лут (а) зироаткор буданд ва ҳазрати Иброҳим (а) гӯсфанддор, ҳазрати Мӯсо (а) муздури Шуайб (а) шуда чӯпонӣ кардаанду ҳазрати Исо (а) шуғли саббоғӣ (ранггарӣ) доштанд ва Паёмбари мо (с) тиҷорат мекарданд.

Дар китобҳои динӣ нақл аст, ки Худованди мутаъол ба Довуд (а) ваҳй намуд: Ту некӯ бандае ҳастӣ, агар аз байтулмол намехӯрдӣ ва кор мекардӣ. Довуд (а) аз ин хитоб гиря карданд. Пас Худованд оҳанро дар дасти он ҳазрат нарм намуд, баъд аз он ҳар рӯз зиреҳе месохт ва онро мефурӯхт ва ҳамин гуна аз байтулмол бениёз шуд. Шайх Фаридуддини Аттор дар ин бора фармудааст:

Чун иноят Қодири Қайюм кард,

Бар кафи Довуд оҳан мум кард.

Ҳазрати Сулаймон (а) аз занбилбофӣ (сабадбофӣ) касби маош менамуданд. Дар ҳадисе Расули акрам (с) фармудаанд: “Ҳаргиз касе ғизое беҳтар аз ҳосили дастранҷи худ нахӯрдааст ва Паёмбари Худо Довуд (а) аз дастранҷи худаш мехӯрд”. (Ривояти Бухорӣ)

Бузургони дин фармудаанд: Худованди мутаъол одами пурхоб ва бекорро душман медорад. Инсон дар дунё ба хӯроку пӯшоку маскан ниёз дорад, бинобар ин бояд барои худ шуғле пеша кунад, то дар давоми зиндагӣ ба фақру бечорагӣ наафтад. Бузургони дин фармудаанд: Сарвате, ки туро аз зулм боздорад, беҳтар аст аз фақре, ки туро ба гуноҳ кашонад. Инчунин уламо фармудаанд: Хайре нест дар он касе, ки дӯст надорад моле аз ҳалол ҷамъ кунад, то ки ба он обрӯи худро нигаҳ дорад, қарзашро бидиҳад ва ба хешон эҳсону некӣ кунад. Шахсе аз олиме пурсид: Мо дунёро мехоҳем ва дӯст медорем, ки дунё ба мо рӯ оварад. Олим пурсид: Дунёро барои чӣ мехоҳӣ? Ҷавоб дод: Мехоҳам харҷи худ ва оилаам намуда силаи раҳмро ба ҷо орам ва ҳаҷҷу умра анҷом диҳам. Олим гуфт: Мол ба даст овардан барои инҳо талаби дунё нест, балки талаби охират аст.

 Дар дини Ислом кор кардан ва муҳтоҷи дигарон нашудан беҳтарин ибодат ба ҳисоб меравад. Нақл аст, ки рӯзе Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи ёрон аз канори киштзоре мегузаштанд. Ҷавонеро диданд чорпаҳлӯ ва бо тамоми нерӯ ба кор машғул буд. Яке аз асҳоб гуфт: Эй кош ин мард талоше, ки барои дунёи худ мекунад, барои охирати худ мекард. Он Ҳазрат (с) фармуданд: Саҳви бузурге кардӣ! Агар ин ҷавон ба мақсади таъмини ризқи худ кор кунад ва хоҳад, ки сарбории дигарон нашавад ва дасти ниёз ба сӯи дигарон дароз накунад, кори ӯ бузургтарин ибодати Худо маҳсуб мешавад. Агар нияти ӯ илова бар таъмини зиндагияш силаи арҳом ва дастгирии бевазанону пирони аз кор монда ва ятимон бошад, аъмолаш дар радифи пайғамбарони бузург маҳсуб мешавад. Ва агар қасд дорад, ки пулҳояшро ҷамъ кунад, то ба атрофиёни худ фахр кунад, умреро ба ибодати шайтон гузаронидааст.

Коргар дӯсти Худованд аст

Паёмбари Худо (с) фармуданд: Касе, ки барои иёли худ аз ҳалол  заҳмат кашад, монанди касе аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кардааст. Ва бузургони дин фармудаанд: Худованди таборака ва таъоло  сафар кардан дар талаби ризқро дӯст дорад. Инчунин аҳли илм фармудаанд: Бархез, то рӯзӣ бароят бархезад ( яъне зиёд шавад).

Уламои дин фармудаанд: Аз танбалӣ ва коргурезӣ ҳазар кунед, ки онҳо калиди ҳар бадӣ мебошанд. Ҳар кас сустӣ варзад ҳаққи касеро ба ҷо намеоварад ва ҳар касе, ки коргурез бошад, бар амрҳои Ҳақ сабр надорад.

Коркунанда аз обид беҳтар аст

Ҳазрати Исо (а) мардеро диданд ва аз ӯ пурсиданд: Пешаи ту чист? Он мард ҷавоб дод: Шабонрӯз ба зикру ибодати Худо машғулам. Ҳазрат фармуд: Кӣ ба ту нон медиҳад? Фармуд: Бародаре дорам, ки ӯ харҷи маро медиҳад. Ҳазрати Исо (а) фармуданд: Яқин бидон, ки ибодати Худо он амале аст, ки бародари ту мекунад, на ин коре, ки ту дилатро ба ӯ хуш кардаӣ.

Олиме шахсеро суроғ кард. Барояш гуфтанд: Парешон шудааст ва дар хона нишаста ибодат мекунад. Олим боз пурсид: Аз куҷо мехӯрад? Гуфтанд баъзеҳо зиндагияшро таъмин мекунанд. Гуфт: Касе, ки харҷи ӯро медиҳад, ибодаташ аз ибодати ӯ беҳтар аст.

Асҳоби Исо (а) ҳар вақт гурусна мемонданд, мегуфтанд: Ё Рӯҳуллоҳ,  гуруснаем. Исо (а) ҳар ҷо ки буд, даст бар замин мезад ва барои ҳар яке ду гирда нон берун меовард, мехӯрданд. Чун об мехостанд, об берун мекард. Рӯзе гуфтанд: Ё Исо (а), аз мо беҳтар кист, ки ҳар гоҳ мехоҳем, таъом медиҳӣ ва ҳар гоҳ мехоҳем, об медиҳӣ ва мо ба ту имон овардаем. Ҳазрати Исо  (а) фармуданд: Аз шумо беҳтар касе аст, ки ба дасти худ кор мекунад ва аз меҳнати худ мехӯрад. Пас ҳавориён касби гозурӣ ихтиёр карданд ва маоши худро мегузарониданд.

Чун ояти “Ва ман яттақиллоҳ...” нозил шуд, гурӯҳе аз асҳоби Расули Худо (с) дари дӯконҳои худро баста ба ибодат рӯ оварданд ва гуфтанд: Худо моро кифоят мекунад. Чун ин хабар ба Расули Худо (с) расид, ба сӯи онҳо кас фиристод ва фармуд: Шуморо чӣ чиз водор кард бар он чи кардаед? Арз карданд: Ё Расуллаллоҳ, Худованд ризқи моро кафолат додааст ва мо рӯ ба ибодат овардаем. Он Ҳазрат (с) фармуданд: Ҳар кас чунин кунад, дуояш мустаҷоб намешавад, ризқро ҷустуҷӯ кунед. Баъдан фармуданд: Ман душман медорам касеро, ки даҳонашро ба сӯи Парвардигораш бикушояд ва бигӯяд: Маро рӯзӣ деҳ, маро рӯзӣ деҳ, вале ӯ тарки талаби ризқ кунад.

Худованд дар каломи худ мефармояд: “Ӯ Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рӯи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихӯред. Ва барангехтан ба сӯи Ӯст”. (Сураи Мулк, 15)

Касоне, ки дар талаби ризқ саъй мекунанд, Худованд дар саъйи онҳо баракат ато мекунад. Яке аз дарҳои баракат субҳи барвақт аз пайи ризқу рӯзӣ рафтан аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Аллоҳумма борик лиумматӣ фӣ букуриҳо”. Яъне: Парвардигоро, барои умматам дар зудравони он аз пайи кор баракат деҳ. Инчунин фармудаанд: Чун яке аз шумо ҳоҷат дошт, аввали субҳ ба сӯи он биравад, ки ман аз Парвардигорам хостам, ба касе баракат диҳад, ки субҳ ба сӯи он биравад. Бузургони дин фармудаанд, ки ҳар касе ба сӯи коре меравад, бо вузӯ биравад.

Аз Худованди маннон дуову умеди онро мекунем, ки ба ҳар фарде, ки имкони касбу коре дорад, ба касбу корашон баракат ато фармуда, аз танбалию коргурезӣ моро дур гардонад. Худоё ба касбу кори мо ва дигар косибони мо баракат ато фармоӣ. Худоё ин неъмати амну осоишро барои мо бардавом гардонӣ ва моро шукргузори неъматҳоят бигардонӣ. Омин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар