Асосӣ Мақолаҳо КЎШИШҲО ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН

КЎШИШҲО ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН

КЎШИШҲО ДАР ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН
2022-04-21
2114

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бениёзро, дуруди саломи бепоён бар Расули гиромӣ (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.

Агарчи ҳаёти мусалмон ҳамааш фурсат аст, вале моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо фарқ мекунад. Ин моҳ монанди дурри арзишманде аст. Худованди мутаол ба ин моҳ чандин фазилатҳо дода ва дар он баъзе амалҳоро фарз гардонидааст, ки дар дигар моҳҳо дида намешавад. Худованд рўза гирифтанро дар рўзҳои ин моҳ фарз гардонида, онро яке аз рукнҳои Ислом қарор додааст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд рўзаро аз байни ҳама ибодатҳо ихтиёр намуда фармудааст «Рўза аз Ман аст ва Ман худ мукофоти онро медиҳам» (Ривояти Насоӣ). Худованд рўзаро ду имтиёз додааст. Якум ин ки онро ба худаш нисбат додааст ва гуфтааст: «Рўза аз ман аст». Ин нисбат далели шарафи он аст. Дуюм ин ки Худованд худаш мукофоти рўзадоронро омода мекунад. Ин маънои онро дорад, ки мукофоти рўзадорон хеле бузург аст ва онро танҳо Худованд медонад. Дар шабҳои моҳи Рамазон қиёми шаб машруъ шудааст, ки онро таровеҳ мегўянд ва дар масҷид бо ҷамоат мегузоранд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар ки бо имом дар масҷид то бозгаштани имом намоз гузорад, ба ў савоби қиёми лайл навишта мешавад» (Ривояти Тирмизӣ). Ҷои дигар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар ки моҳи Рамазонро бо имону ихлос рўза гирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд» (Ривояти муттафақ).

Хислати дигаре, ки дар ин моҳ таъкид шудааст, саъйу кўшиши бештар кардан дар даҳаи охири он аст, зеро ин рўзҳо рўзҳои озодӣ аз оташи дўзах аст барои касоне, ки мустаҳиққи дўзах шудаанд, вале тавба ва истиғфорро дар ин шабҳо бештар кунанд ва бо нияту ихлос ин шабҳоро ба ибодат гузаронанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шабҳои охири ин моҳро бо саъйу талоши бештар мегузарониданд ва онро бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ зинда медоштанд. Он Ҳазрат (с) дар масҷид эътикоф менишаст, то аз ҳама чиз бурида шуда, танҳо машғули ибодат шавад. Пас дар ин шабҳо кўшиши зиёд кардан иқтидо ба Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Худованд мефармояд: «Албатта, барои шумо дар Паёмбар намунаи хуб аст, барои касоне, ки умеди Худо ва рўзи охиратро дошта бошад ва Худоро бештар ёд кунанд» (сураи «Аҳзоб», ояти 21).

Даҳаи охир шабҳое дорад, ки умед аст шаби Қадр дар он бошад. Худованд мефармояд: «Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст» (сураи «Қадр», ояти 2). Яъне, амал кардан дар ин шаб беҳтар аст аз амал кардан дар ҳазор моҳе, ки дар он шаби Қадр набошад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар ки дар шаби Қадр бо имону ихлос қиём кунад, гуноҳҳони гузаштааш мағфират карда мешавад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Қиёми он бо зинда доштани он аст бо тиловату намозу дуо. Қиёми он вақте ҳосил мешавад, ки банда дар тамоми моҳ кўшиш намуда буд, хусусан дар даҳаи ахир ва даҳаи охир шабҳоест, ки аксари уламо мегўянд, шаби Қадр дар он аст. Худованд шаби Қадрро барои мо ошкор накард ва айнан дар кадом шаб будани онро пўшида доштааст, то бештар машғули ибодат шуда, тамоми шабҳои моҳи Рамазонро зинда дорем ва ўро бештар ибодат намоем. Мо ҳарчи бештар ибодат намоем ва дар пайи ҷустуҷўи шаби Қадр шабҳои бештареро зинда дорем, ҳамон қадар ҳасаноти мо зиёд ва гуноҳҳои мо камтар мегарданд ва аз танбалӣ раҳо меёбем.

Мусалмоне, ки бо тавфиқу мадади Худованд тавонад ин моҳро пурра ибодат намуда, ҳар як даҳаи раҳмату мағфирату озодӣ аз оташи дўзахро бо намозу дуо паси сар кунад ва шаби Қадрро бо имону ихлос пос дорад, арзиши онро дорад, ки аз тамоми файзу баракати ин моҳ бархўрдор шуда, ба ивази амалҳои анҷомдодааш олитарин дараҷаҳоро ноил гардад.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар даҳаи охири Рамазон амалҳоеро анҷом медоданд, аз ҷумла: Зинда доштани шабҳои он бо таҳаҷҷуд ва таровеҳ, ки дар баробари худ хонадони худро низ бедор менамуданд. Ин корест, ки бисёре аз мардум дар ин замона пайи он намегарданд ва фарзандони худро беназорат мегузоранд, то дар хона нишаста, ба тамошои филмҳо шабҳои худро рўз кунанд. Баъзе фарзандон бо рафиқони бад дар кўчаҳо мегарданд, ё ба бозиҳои беҳудаи компютерӣ машғул мешаванд ва аз файзу эҳсони шабҳои Рамазон он маҳрум мешаванд. Ин натиҷаи беаҳамиятии волидайн аст, дар ҳоле, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар яки шумо масъулед ва ҳар яке аз зердасташ пурсида хоҳад шуд» (Ривояти муттафақ).

Амали дигареро, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар даҳаи охир анҷом медоданд, эътикоф аст. Эътикоф гўшанишинӣ дар масҷид ва машғули ибодат шудан аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар даҳаи охири Рамазон тамоми корҳои худро қатъ намуда, барои ибодату муноҷоти Парвардигор машғул мешуданд. Пас, дар даҳаи охири Рамазон, ки ниҳояти моҳ ва мавсими шаби Қадр аст, бояд бештар кўшиш намуд. Агар касе имконияти эътикоф нишастан надошта бошед, пас метавонад вақтҳои фориғ аз кору амали худро дар масҷид ба ибодату тиловати Қуръон гузаронад, то ки аз файзи ин лаҳзаҳои тиллоӣ рўҳу равони худро шодоб гардонад. Худованд мефармояд: «Шумо барои мағфирати Худованд ва ҷаннате шитобед, ки паҳноияш чун осмонҳо ва замин аст, ки барои муттақиён омода шудааст. Ононе, ки дар ҳолатҳои хурсандӣ ва андўҳ нафақа мекунанд, хашми худро фурў мебаранд ва аз мардум гузашт мекунанд ва Худованд накўкоронро дўст медорад. Ва касоне, ки вақте кори ношоямеро аном доданд ва ё бар худ ситам намуданд, Худоро ба ёд меоранд ва аз Ў омўрзиш металабанд. Ва кист ғайри Худованд то омурзиш намояд? Ва онҳо бар он бадие, ки мекунанд, дониста исрор намеварзанд. Мукофоти онҳо омурзишест аз Парвардигорашон ва биҳиште, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст ва дар он ҷовидон мемонанд. Ва чи хушест аҷри амалкунандагон» (сураи «Оли Имрон», оятҳои 133-136).

Бо зиёд намудани тоату тиловати Қуръон ва машғул шудан ба зикру зиёд кардани хайру эҳсону садақа рўзҳои боқимондаи ин моҳро ғанимат бояд шуморид ва барои тамоми хатоҳои гузашта ба даргоҳи Ҳақ тавба бояд кард. Оқил касест, ки аз фурсати умр истифода барад ва мавсимҳои хайрро барои омурзиши гуноҳҳояш ғанимат шуморад. Некиҳо бадиҳоро аз байн мебаранд ва ин пандест барои пандгирандагон. Некбахт касест, ки аз дигарон панд мегирад ва ҳамеша кори Худоро ба ёд оварда, аз ў бештар метарсад ва вазифаҳои худро иҷро менамояд. Бадбахт касест, ки дар гузашта бадиҳо кардааст ва аз имрўзаш фоидае ба даст намеорад ва боқимондаи ҳаёти худро сарфи тавбаву надомат ба даргоҳи Худованд намекунад ва намекўшад, то соҳиби неъматро бо иҷро кардани амрҳояш розӣ кунонад, пеш аз он ки рўзи қиёмат дар пешгоҳаш истода бошад.

Пас саъйу талош бояд кард, ки ба пайравӣ аз суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шабҳои ин моҳро зинда дошта, ҳарчи бештар амалҳои нек анҷом диҳем. Ҳар касе қадру манзилати ибодатҳои Худоро бидонад, ин далели тақвои дилҳост. Худованди мутаол ба шарофати ин моҳи муборак ва баракати Қуръон ба ҳамагон хайру баракат ва тавфиқу комёбӣ бахшад ва аз файзи ин моҳ ҳамаро баҳраманд гардонад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар